Йӯҷиҳо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Йӯҷиҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Йӯҷиҳо (чинӣ: 月氏, 月支) — мардуми эронӣ[1][2][3][4][5][6] дар Осиёи Марказӣ (аз ҳазораи аввали пеш аз мелод) буданд, ки ба гӯишҳои эронишарқии[7][8] зергурӯҳи шимолӣ[9] суҳбат мекарданд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи таърихи қадимтарини йӯҷиҳо (қарни З нимаи якуми қарни2 то м.) танҳо Чжан Тсян, ки тақрибан соли 128 то мелод ба Осиёи Миёна сафар кардааст, маълумот медиҳад. Мувофиқи маълумоти ӯ йӯҷиҳо сараввал дар наздикиҳои сарҳади Муғулистон кӯчигӣ карда, бо хуннҳо ҷангу чидол доштанд. Тақрибан солҳои 170 то мело хуннҳо йӯҷиҳоро торумор карданд, баъд йӯҷиҳо ҷойҳои худро тарк намуданд. Қисми зиёди йӯҷиҳо аз Ҳафтрӯд гузашта, саикоиҳоро аз ин ҷо танг карда бароварданд ва сипас аз водии Фарғона гузашта ба заминҳои Байнаннаҳрайн омаданд, як қисми йӯҷиҳо бошанд, дар Туркистони Шарқӣ маскан гирифтанд. Бисёр муҳаққиқон йӯҷиҳоро қабилаҳои бодиянишини эронизабон меҳисобанд, вале ин иддао алҳол баҳсталаб мебошад.

Пуштаҳои қарнҳои 2—1 то мелод, ки бостоншиносон дар водии Зарафшон, дар ҷануби Точикистон (дар водии Бешкент) ва дар ҷануби шарқии Туркманистон кашф кардаанд, ба замони йӯҷиҳо мансубанд. Тангаҳои нуқрагин ва мисини охири қарни 2 то мелод ва ибтидои қарни 1 мелодӣ Бохтар, Хоразм ва Суғд аз қабили тангаҳои пешвоёни баъзе қабилаҳо ё иттифоқи қабилавиии йӯҷиҳо буданд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Bertold Laufer. The Language of the Jue-chi or Indo-Scythians. Chicago, 1917, P. 14.
  2. Головнёв А. Б. Антропология движения (древности Северной Евразии). Екатеринбург: УрО РАН; «Волот», 2009, с. 181.(пайванди дастнорас — таърих).
  3. Pulleyblank E. G. 1966. Chinese and Proto-Europeans // Journal of the Royal Asiatic Society. Pt. 1-2. London, pp. 9-39
  4. Иванов В. В. Языковые данные о происхождении кушанской династии и тохарская проблема // Народы Азии и Африки. 1967. № 3, сс. 106—118.
  5. Грантовский Э. А. Иран и иранцы до Ахеменидов. М.: Восточная литература, 1998, с. 80
  6. Щукин М. Б. На рубеже эр. СПб.: Фарн, 1994, с. 140.
  7. Симоненко А. В., Лобай Б. И. Сарматы Северо-Западного Причерноморья в I в. н. э. Киев: Наукова Думка, 1991, с. 4.
  8. Клейн Л. С. Древние миграции и происхождение индоевропейских народов. СПб., 2007, с. 160.
  9. цитата — Б. Лауфер изучил пять юэчжийских слов, сохранившихся в записях династии Хань, и пришёл к выводу, что эти слова принадлежали языку североиранской группы. Шестое слово — юэчжи — он восстановил с учётом особенностей древнекитайской фонетики, как sgwied-di, и сопоставил его с хорошо известным названием Sogdoi, то есть Согд, причём суффикс di истолковал как суффикс множественного числа по аналогии с осетинским, скифским, согдийским и ягнобским языками, отметив отличие этой группы от тохарского языка, близкого к западноевропейским и, следовательно, далёкого от иранских. Книга «Bertold Laufer. The Language of the Jue-chi or Indo-Scythians. Chicago, 1917, P. 14»

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Йӯҷиҳо / Б. Я. Ставиский // Ирландия — Лениннома. — Д. : СИЭСТ, 1981. — С. 159. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 3).