Карам Бурсин
тур. Kerem Bürsin | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Kerem Bürsin |
Таърихи таваллуд: | 4 июн 1987 (37 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 2006-то ҳол |
Самт: |
театр телевизион синамо |
IMDb: | ID 2792064 |
kerem-bursin.com |
Карам Бурсин (тур. Kerem Bürsin); тав. 4 июни 1987, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи театр, синамо ва телевизиони Туркия.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Карам 4 июни соли 1987 дар Истанбул таваллуд шудааст. Модараш Чигдем хонашин ва падараш Иброҳим Помир соҳибкорест, ки як ширкати байналмилалиро роҳбарӣ мекунад. Ба ғайр аз ӯ, дар оила як духтар Мелис, бузургтар аз Карим низ мебошад.
Даврони кӯдакии ӯ дар сайёҳат гузаштааст. Аввалин сафараш ҳангоми яксола будани ӯ ба вуқӯъ пайвастааст. Бинобар мансаби волидайн онҳо аз Истанбул ба Шотландия рафтанд, вале дар он ҷо зиёд намонданд. Сафари навбатии онҳо ба Индонезия буд, ки дар он ҷо то 5-солагии Карам зиндагӣ карданд. Онҳо инчунин дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Малайзия ва Туркия низ зиндагӣ намудаанд[1][2]. Аммо ин ба тарбияи фарзандон дар оила зарар нарасонд. Ҳунарпеша иқрор шуд, ки сафар ба ӯ дар ташаккули хислаташ кумак кардааст. Вақте Карам 10-сола шуд, падару модараш кишваргардиро анҷом дода, дар иёлоти Техаси Амрико қарор гирифтанд[3]. Аз ҳамон лаҳза, кашфи эҷодии ҷавон оғоз ёфт. Дар синни наврасӣ, ӯ дар бораи синамо фикр мекард.
Пас аз хатми мактаби миёна, ӯ ба коллеҷи Эмерсони Бостон ба шуъбаи актёрӣ дохил шуд. Аммо, падар мехост, ки писараш худро дар тиҷорат санҷад.
Барои наранҷондани волидайн, Карам ба донишгоҳи Лос Анҷелес дохил шуд. Аммо омӯзиш душвор буд ва фикрҳои ҳунару санъат ӯро ором намегузоштанд.
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Карам қаблан дар филмҳои амрикоӣ, аз ҷумла Sharktopus соли 2010 бо ҳунарпешаҳои машҳур Эрик Робертс ва Сара Малакул Лейн ҳунарнамоӣ намудааст[4]. 9 сентябри соли 2013, ӯ дар таблиғи Line баромад намуд[4]. Бурсин бо нақши "Карам Сайер" дар силсилафилми Kanal D Güneşi Beklerken, шинохта шуд ва дар қисмати охирини силсилафилм нақши дугоники қаҳрамонашро бо номи "Гунеш Сайер" тасвир кардааст. Дар ин силсилафилм ҳунарпешаҳо Эмре Кинай, Ханда Доғандамир, Ягмур Танрисевсин ва дигарон низ ҳунарнамоӣ намудаанд[5]. Дар филми Чаған Ирмак Unutursam Fısılda, соли 2014 нақши мусиқинавоз бо номи Эрҳанро бозидааст[6]. Соли 2016 ӯ дар якҷоягӣ бо дӯстдухтари собиқаш Серенай Сарикая дар бренди Mavi Jeans рӯи навор баромадааст[7][8]. Карам синамоҳои Ҳолливуд ва Туркияро пайгирӣ мекунад ва дар амал ҳам забони англисӣ ва ҳам туркиро истифода мекунад[3][9]. Ӯ инчунин барандаи ҷоизаи беҳтарин ҳунарпеша дар Сеул гардидааст[10].
Карам дар силсилафилми "Дари хонаамро бикӯб" (Sen Çal Kapımı) бо ҳамроҳии Ханда Эрчел нақшҳои асосӣ "Серкан Болат" ва "Эда Йилдиз"-ро иҷро намудаанд. Силсилафилмро MF Yapim таҳия кардааст, ки коргардон Юсуф Пирҳасан, Эндер Михлар, Алтан Донмез ва филмномааш аз тарафи Оиша Уннер Кутлу навишта шудааст. Он дар FOX 6 июли соли 2020 бо назардошти баррасиҳои мусбӣ ва рейтингҳои баландтар пешниҳод карда шуд[11].
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Ҳунарпеша Ягмур Танрисевсин ва Карам Бурсин тақрибан як сол мулоқот карданд.
Соли 2015, ӯ як сол чеҳраи таблиғи бренди Mavi гардид ва ҳунарпеша Серенай Сарикая шарики таблиғотии ӯ шуд. Дарҳол пас аз сабти навори аввал, Серенай ва Карам робитаро оғоз карданд. Охири соли 2019 онҳо расман аз ҳам ҷудо шуданд.
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Синамо
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2006 | Thursday | Граусс | |
2007 | Strawberry Melancholy | Травис | Филми озод |
2010 | Wendigo | Эндӣ | |
Sharktopus | Эндӣ Флайн | Филми ТВ | |
2013 | Palace of the Damned | Одам | |
2014 | Unutursam Fısılda | Эрҳан | Нақши асосӣ |
2018 | İyi Oyun | Фарҳод | |
2018 | Can Feda | Онур Кескин | Нақши асосӣ |
2020 | Eflatun | Афлотун | Нақши асосӣ |
Телевизион
[вироиш | вироиши манбаъ]Силсилафилмҳо | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2013−2014 | Güneşi Beklerken | Карим Сойер/Гунеш Сойер | Нақши асосӣ |
2014 | Ulan İstanbul | Йигит Килич | Меҳмон |
2014−2015 | Şeref Meselesi | Нақши асосӣ | |
2017 | Bu Şehir Arkandan Gelecek | Алӣ Смит | Нақши асосӣ |
2018 | Yaşayamayanlar | Дмитрий | Нақши асосӣ |
2018−2019 | Muhteșem İkili | Мустафо Карим Ҷон | Нақши асосӣ |
2020 | Aynen Aynen | Дениз | Нақши асосӣ |
2020− | Дари хонаамро бикӯб | Серкан Болат | Нақши асосӣ |
Филмҳои хурд
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳои хурд | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
2006 | Rozar Man | Макалестер | |
2007 | The Architect | Крейг Белмонт | |
2008 | Killian | Ленокс |
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]Театр | |||
---|---|---|---|
Сол | Номгӯй | Нақш | Шарҳҳо |
Harold's Fall | |||
Mariner | |||
The Music Man | |||
Fiddler on The Roof | |||
All out |
Таблиғ
[вироиш | вироиши манбаъ]Таблиғот | ||
---|---|---|
Сол | Номгӯй | Кишвар |
- | El Polo Loco | ИМА |
2013 | Line | Туркия |
2014 | Lipton | Туркия |
Turkcell Superonline | Туркия | |
2015−2016 | Mavi | Туркия |
2016−2017 | Nike | Туркия |
2018-2019 | Nescafe |
- Коргардон
- Kiss of Death
- Музиквидео
- "Summer set-chelsea" (2009)
- Барномаҳо
- Büyük Risk (2014)
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Archived copy. 23 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2016.
- ↑ Archived copy. 30 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 октябри 2017.
- ↑ 3.0 3.1 'Artık gençler dünyayı değiştiriyor'.
- ↑ 4.0 4.1 Archived copy. 30 июли 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 октябри 2017.
- ↑ Archived copy.
- ↑ Yepyeni Kerem Bürsin.
- ↑ Garron, Barry. Sharktopus -- TV Review, The Hollywood Reporter (13 October 2010). Проверено 4 май 2016.
- ↑ Kerem Bursin kimdir?.
- ↑ Kerem Bürsin'in başarısız Hollywood filmi. Ensonhaber.
- ↑ ozanbosun Kerem Bursin Güney Kore’de ‘En iyi aktör’ ödülünü aldı! – Sözcü Gazetesi (8 September 2017).
- ↑ FOX | Dizi İzle - Sen Çal Kapımı(тур.). www.fox.com.tr.
Иқтибосҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Interview With Kerem Bürsin. Twitch Film. 4 май 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 5 май 2016.