Карафс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Карафс
Knolselderij (Apium graviolens var. rapaceum).jpg
Таснифоти илмӣ
Номи байналмиллалии илмӣ

Apium graveolens L., 1753

Мақоми ҳифз
Wikispecies-logo.svg
Систематика
дар Викинамуд
Commons-logo.svg
Акс
дар Викианбор
ITIS   29592
NCBI   4045
EOL   579558

Карафс ё карафш (лотинӣ: Ápium graveólens) — гиёҳест дусола.

Тавсифоти ботаникӣ[вироиш]

Тасвири ботаникӣ аз китоби О. В. Томе «Flora von Deutschland, Österreich und der Schweiz», 1885

Аз 20 то 150 см қад мекашад. Пояаш рост, сершох; баргаш пармонанд, гултӯдааш чатрнамо, гулаш майдаи сафед ё сабзтоб. Моҳи июл гул карда, донаш август – сентябр мепазад. Одатан дар заминҳои партов, канори ҷӯй, рӯди кӯҳӣ, обанбор ё шибару ботлоқҷойҳо мерӯяд. Дар кӯҳи Мевағул, қаторкӯҳҳои Туркистон ва ноҳияҳои Тоҷикистони Ҷанубӣ (дар баландии 400 – 1500 м) вомехӯрад.

Хосияти шифоӣ[вироиш]

Карафс гиёҳи доруии қадимист. Реша ва тухми онро аз қадим чун воситаи пешоброн истифода мебаранд. Бино ба маълумоти Абӯалии Сино карафс варамҳоро мегардонад, қабзиятро мекушояд, арақ меоварад ва дардро таскин мебахшад, барои сулфа, зиқи нафас, ҷигар ва сипурз муфид аст, пешоб ва ҳайзро меронад. Ҳама қисмҳои карафс гурда, масона ва бачадонро тоза мекунад. Тухми карафс барои обхӯра давои хуб аст, қабзияти ҷигар ва сипурзро рафъ месозад, давои бодрон, киҷҷарон ва пешоброн мебошад. Дарди санги гурда, масона ва миёнро таскин мебахшад. Бино ба маълумоти муаллифи «Махзану-л-адвия» қисми аз ҳама пуртаъсири карафс реша, сипас тухм ва барги он мебошад. Тухми карафс то 2 сол ва решааш то 3 сол қобилияти шифобахширо гум намекунад.

Дар тибби халқӣ нақеъи решаи карафсро ҳангоми заъфи узвҳои ҳозима, камиштиҳоӣ ва чун омили исҳоловар рӯзе 3 – 4 маротиба 1 чумча менӯшанд. Шираи решаи тару тозаи онро ҳангоми бемориҳои гурда, нақрис, асабдард, тарбод, саглес ва илтиҳоби пӯст (рӯзе 3 маротиба 1 – 2 қошуқча 30 дақиқа пеш аз хӯрок) тавсия медиҳанд. Чойи меваи карафсро ҳангоми нафастангӣ, ҳиккак ва чун воситаи қайбанд менӯшанд. Аз барги тару тозаи карафс доруи пешоброни «Сукапичравеол» тайёр мекунанд.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Комаров Б. М., Определитель растений Северного Таджикистана, Д., 1967;
  • Марков В. М., Овощеводство, М., 1974;
  • Василенко Н. Г., Знаете ли вы эти овощӣ?, М., 1975;
  • Чиков П. С., Лаптев Ю. П., Витаминные и лекарственные растения, М., 1976;
  • Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989.