Кароматхон Зокирова
Таърихи таваллуд: | 23 январ 1915 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 5 июн 1965 (50 сол) |
Маҳалли даргузашт: | |
Касб: | ҳунарпешаи театр |
Ҷоизаҳо: |
Кароматхон Зокирова (23 январи 1915, Самарқанд — 5 июни 1965, Хуҷанд) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1942), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1943).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз чордаҳсолагӣ дар Театри ҳаваскории шаҳри Самарқанд ба сифати овозхону раққоса ба фаъолият шурӯъ карда, соли 1936 ба Театри мусиқӣ-мазҳакаи ш. Хуҷанд даъват гардид ва қариб се даҳсола дар саҳнаи он ҳунар озмуд. Дар кӯтоҳмуддат ба қатори беҳтарин актрисаҳои театри мазкур ворид шуд. «Рустам ва Суҳроб», «Бой ва хидматгор», «Тоҳир ва Зӯҳро», «Нурхон», «Духтари бебисот», «Санавбар», «Ҷасорат», «Зани 96-ум», «Равшан ва Зулфиқор», «Майсара», «Тӯҳмат», «Шараф» барин зиёда аз шаст спектакл аз баракати маҳорат ва заҳматош ҷилои тоза пайдо кардаанд. Овози форам дошт ва сурудҳои халқию классикӣ, ҳамчунин таронаҳои дигар халқҳоро (узбекӣ, туркманӣ, русӣ, озарӣ, арманӣ, арабӣ ва ғайра) накӯ адо менамуд. Дар консертҳо ба 12-15 забони халқҳои дунё суруд мехонд ва бинандагонро қоил месохт. Ҳамчун раққосаи хушхиром низ миёни ҳаводорони сершумор шуҳрат дошт.
Ҷоизаву медалҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои меҳнати шоён» ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 23 январ
- Зодагони соли 1915
- Зодагони шаҳри Самарқанд
- Даргузаштагони 5 июн
- Даргузаштагони соли 1965
- Даргузаштагони шаҳри Хуҷанд
- Ҳунарпешагони халқии ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Феҳристи ҳунарпешагон