Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Нишони ҶШС Тоҷикистон
Парчами ҶШС Тоҷикистон
ҶШС Тоҷикистон дар харитаи СССР

Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон - Республикаи Советии Социалистии Тоҷикистон (русӣ: Таджикская Советская Социалистическая Республика) 1929-1991

Таърих[вироиш]

14 октябри соли 1924 дар натиҷаи таъиноти ҳудуди миллию давлатии ҷумҳуриҳои шӯравии Осиёи Миёна дар ҳайати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Ӯзбакистон Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт, ки он аз вилоятҳои Қаротегин (Ғарм ва Дарвозу Ванҷ), Кулоб, Қурғонтеппа, Ҳисор, ноҳияи Панҷакент (ва Фалғар - ноҳияи Айнӣ), Ӯротеппа - ноҳияи Истаравшан (ва Ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ) ва қисман Сариосиё (аз ҳисоби Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро) ва 12 ноҳия иборат буд. Вилояти махсуси Помир, ки пештар ба ҳайати Ҷумҳуриии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Туркистон дохил буд, ба Вилояти Мухтори Бадахшони Кӯҳӣ табдил дода шуд ва 2 январи соли 1925 ба ҳайати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ҳамроҳ гардид. Масоҳати Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон 135 620 км², аҳолӣ 739 503 нафарро ташкил мекард. 4 сентябри соли 1929 уезди Хуҷанд низ ба Тоҷикистон ҳамроҳ гардид.

15 октябри соли 1929 дар шаҳри Душанбе Анҷумани фавқулодаи 3-юми Шӯроҳои Тоҷикистон, ки барои муҳокимаи масъалаи азнавташкилдиҳии ҶМШС Тоҷикистон даъват карда шуда буд, ба кори худ оғоз кард. Анҷуман дар бинои «Хонаи колхозчӣ» (ҳоло театри ба номи Маяковский) баргузор гардид. Дар рӯзи дуюми кори анҷуман, 16 октябри соли 1929 Декларатсия дар бораи ташкилёбии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон қабул карда шуд. Тоҷикистон ҳамчун давлати мустақил ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дохил шуд.[1] 16 октябри соли 1929 Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати вилоятҳои Бадахшон, Ғарм, Кулоб, Курғонтеппа, Ӯротеппа, Панҷакент, Хуҷанд ва Ҳисор, ки дорои 1 миллиону 220 ҳазор нафар ахолӣ буданд, ташкил ёфт.

Ҷумхуриҳои навташкилёфтаи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла ҶШС Тоҷикистон (аз соли 1929) аз рӯи намунаҳои умумииттифоқӣ идора мешуданд, Дар маънавиёти мардуми кишвар тағйироти нав ба амал омад. Айни замон бисёр анъанаҳои халқҳои мухталифи Осиёи Марказӣ, ичунин тоҷикон ба инобат гирифта намешуданд. Дар Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар Ватани бобоияшонро тарк намуданд. Дар солҳои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатӣ гузошта шуданд. Дар деҳот коллективони хоҷагиҳои яккадасти деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани хоҷагиҳои деҳқонони соҳибмулк гардид. Дар натиҷаи гузаронидани маъракаи маҳви бесаводӣ (солҳои 1926-1936) саводнокии мардум соли 1937 ба 72 % расид. Маъракаи «Ҳуҷум» («озодшавии занон») оғоз гардид. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ шуда, пурра тобеи Марказ (ИҶШС) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Ӯлҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Тоҷикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шӯравӣ бо ашёи хом ( барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг.) нигаронида шуда буд.

24 августи соли 1990 иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистонро дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравии таҷдидёфта қабул намуд.

Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП)и коммунистони тундрав, 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шӯрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон" қарор қабул намуд.

Солномаи таърихи ҶШC Тоҷикистон[вироиш]

Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон[вироиш]

Сарварони Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон
Ному насаб Муддат
Мирзодовуд Ҳусейнов солҳои 1929-1933
Григорий Бройдо солҳои 1933-1934
Сурен Шадунс солҳои 1934-1936
Ӯрунбой Ашӯров солҳои 1936-1937
Дмитрий Протопопов солҳои 1937-1946
Бобоҷон Ғафуров солҳои 1946-1956
Турсун Ӯлҷабоев солҳои 1956-1961
Ҷаббор Расулов солҳои 1961-1982
Раҳмон Набиев солҳои 1982-1985
Қаҳҳор Махкамов солҳои 1985-1991[3]

Нигаред[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Сомонаи Вазорати адлияии ҶТ/Таърих
  2. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик.Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  3. Ҳақикати таърих. Доғҳои сиёҳи таърихи Тоҷикистон. - Душанбе, 1990, – с. 175.


Emblem of Tajikistan.svg

Тоҷикистон