Кислотаи дезоксирибонуклеат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Сохтори КДН

Кислотаи дезоксирибонуклеат (КДН) — навъи кислотаҳои нуклеат, ки дар табиати зинда паҳн шудааст. КДН аз асосҳои пуринӣ (аденин, гуанин) ва пирамидинӣ (тимин, ситозин, 5-метилситозин), қанди дезоксирибоза ва боқимондаи кислотаи фосфат таркиб ёфтааст. Асосан дар ядрои ҳуҷайра дар шакли дезоксирибонуклеопротеидҳо (ДНП) мавҷуд аст. КДН вазифаи нигаҳдорӣ ва гузаронидани ахбори генетикии доир ба сохт ва аломатҳои организмҳои зиндаро иҷро мекунад. Доруҳои КДН-ро аз бофтаи ҳайвонот ва растанӣ, инчунин аз бактерияҳо ва вирусҳои КДН-дор ҳосил кардан мумкин аст. АДН биополимерест, ки аз мономерҳои зиёдӣ дезоксирибонуклеотидҳо таркиб ёфтааст; вазни молекулавиаш 106 – 109.

Сохтори молекулаҳо[вироиш]

Мувофиқи модели сохтории соли 1953 пешниҳод намудаи Ҷ. Уотсон ва Ф. Крик КДН аз ду занҷири полинуклеотидии дар спирали дуқабатаи тобхӯрда ва бо бандҳои гидрогении байни асосҳои нитрогенӣ ба ҳам пайвастшуда (аденин – А бо тимин – Т, гуанин – Г бо ситозин – С ё 5-метилситозин) иборат аст.

Чунин сохтори хос на танҳо хусусиятҳои биологии КДН, балки хусусиятҳои физикию химиявии он (хосияти кислотагӣ, бошиддат фурӯбарии нурҳои ултрабунафш, гудозиши маҳлулҳои КДН дар 80 – 90°С ва ғайра)-ро низ дарбар мегирад. Ҳар як организми зинда бо КДН-и ба худ хос, ки таносуби муайяни нуклеотид доранд ва бо тартиби муайян ҷойгир шудаанд, тавсиф мешаванд. Ахбори генетикӣ доир ба ҳамаи аломатҳои ҳар як организм дар намуди пай дар пайи муайяни нуклеотидҳо дар КДН рамз карда ва нигоҳ дошта мешавад. КДН ягона моддаест, ки қобилияти худдучандшавӣ (репликатсия) дорад. Ҳангоми репликатсия спирали дуқабатаи КДН кушода шуда, дар ҳар як занҷири полинуклеотидӣ, чун дар матритса, бо иштироки ферменти полимераза занҷири нави нуклеотидӣ синтез мешавад. Ҳар як спирали ба тозагӣ ҳосилшудаи КДН нусхаи саҳеҳи КДН-и «модарӣ» мебошад. Ин раванд асоси аз насл ба насл гузарондани ахбори генетикиро ташкил медиҳад. КДН инчунин барои синтези кислотаҳои рибонуклеат (КРН) чун матритса хизмат мекунад.

Тадқиқи аҳамияти биологии КДН дар Тоҷикистон[вироиш]

Дар тадқиқи аҳамияти биологии КДН олимони Тоҷикистон низ саҳми худро гузоштаанд. Дар Институти ботаника, физиология ва биофизикаи растаниҳои АИ ҶТ миқдори 5-метилситозин дар КДН-и растаниҳои гуногун ва аҳамияти он дар тағйирёбии сохти молекулаи КДН муайян карда шудааст. Дар баробари ин, усули махсуси ҷудо кардани КДН аз хромосомаҳо ва омӯзиши сохти онҳо дарёфт шудааст. Олимони ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино таъсири гормонҳоро ба қобилияти синтези КДН дар бофтаҳоро муқаррар кардаанд (барои муолиҷаи баъзе бемориҳо истифода мешавад).

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Сарчашма[вироиш]