Jump to content

Китобхонаи илмии ДДМ ба номи М.В. Ломоносов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Китобхонаи илмии ДДМ
русӣ: Научная библиотека МГУ
Китобхонаи илмии ДДМ
Кишвар  Русия
Нишонӣ Москва,
Ломоносовский проспект, 27
Таъсис 1755
Веб-сайт nbmgu.ru
 Парвандаҳо дар Викианбор


Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов — муассисаи тобеи донишгоҳ буда ба хонандагон (устодон, олимон, донишҷӯён ва диг.) хидмат мерасонад. Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Москва ҷойгир аст.

Китобхонаи илмии ДДМ дар 17 бино ҷойгир ёфта зиёда ба 57 ҳазор хонандагон хидмат мерасонад. Китобхона 63 толори хониш ва 20 абонементи илмиву таълимиро дарбар мегирад.

Фонди (хазина)-и китобхона тахмин 10 миллион нусха, аз ҷумла 3 млн ба забони хориҷӣ, нашрияҳоро ташкил медиҳад. Бойгонии хазинаи китобхона дар асоси нусхаҳои ройгони федералии нашрияҳои Русия, ивази китоб бо 164 ҳамкорони хориҷӣ — донишгоҳҳо, китобхонаҳо ва марказҳои илмӣ зиёд мегардад. Хизматрасонӣ ба хонандагони виртуалӣ тавассути сомонаи Китобхона http://www.nbmgu.ru/ амалӣ мегардад.[1]

Донистаниҳо

[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои дастрас намудани хазинаи китобҳои Китобхонаи илмии ДДМ ба сомонаи Филиал Московского государственного университета имени М. В. Ломоносова в городе Душанбе, ё ин ки ба воситаи сомонаи Китобхонаи миллии Тоҷикистон МАХЗАНИ ЭЛЕКТРОНӢ / ПАЙВАНДҲОИ ПУРМӮҲТАВО ворид шудан мумкин аст.