Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Киштӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Як киштии мусофирбари муосир

Киштӣ шиновари бузургест, ки барои интиқоли мусофир ва бор (интиқоли баҳрӣ) бар рӯи дарёҳои озод ё рӯд ва кӯлҳои паҳновар истифода мешавад. Аз дигар шиноварҳо метавон аз Қаиқ, баржа, Ланҷ ва Зердарёӣ ном бурд. Бо ин ҳама, шиноварҳои дигаре низ ҳастанд, ки метавон ба ин феҳрист афзуд, аз ҷумла Каяк, Карҷӣ, Кано ва ғайра. Ба киштиҳои низомӣ бештар «нов» гуфта мешавад ва киштиҳои хориҷшуда аз хидмат ба «Киштӣ-музей» табдил меёбанд.

Киштӣ аз Мисри бостон, тақрибан 1411–1422 то м.

Бештари тамаддунҳои башарӣ дар канори роҳҳои обӣ падид омадаанд ва бешак Қаиқ ва сипас киштӣ василаи муҳим барои рафтуомад ва ҳамлу нақли онҳо будааст. Аммо машҳуртарин тамаддуне, ки аз Дарёнавардӣ баҳра бурд ва онро густариш дод, тамаддуни Финиқия буд. Онҳо бо пешрафти дарёнавардӣ тавонистанд дар Баҳри Миёназамин империяи баҳрии худро аз соҳилҳои Лубнони имрӯзӣ то Тунис ва Марокаш (Картаҷи он замон) бунёд кунанд. Дар сангнигораҳои тамаддуни Ошур финиқиён савори киштиҳои пароӣ ҳангоми интиқоли чӯбҳои Сидри лубнонӣ дида мешаванд. Ҳамчунин Ошуриён худ аз киштӣ ҳамчун василаи ҳамлу нақл ва ҷанг истифода мекарданд.

Бар пояи Таврот ва Қуръон, Нӯҳ паёмбар дастури сохтани киштии бузургеро аз ҷониби Яҳво (Аллоҳ дар Қуръон) дарёфт кард, ки сохтани он солҳо тӯл кашид. Киштӣ бояд ба андозае бузург мебуд, ки илова бар Одамиён (хешону пайравони Нӯҳ), аз ҳар навъи Ҷондор ҷуфте низ дар он ҷой гирад, то пас аз поёни Тӯфони бузург идомаи зиндагӣ бар рӯи Замин мумкин гардад. Киштӣ баъдтар бар қуллаи Кӯҳи Арарат нишаст. Ҳанӯз бархе аз бостоншиносон дар ҷустуҷӯи боқимондаҳои он киштӣ ҳастанд. Дар миёни тамаддунҳои Байнаннаҳрайн низ достоне монанд вуҷуд доштааст.

Савор шудан ба сӯи Кифера — нусхаи Осорхонаи Лувр

Чирагии юнониёни бостон бар киштӣ ва дарёнавардӣ тавонист онҳоро дар набардҳои баҳрӣ бо Хашоёршоҳ — шоҳаншоҳи ҳахоманишӣ, бо вуҷуди шикаст дар набардҳои заминӣ, пирӯз гардонад. Дар миёни ақвоми Миёназамин, киштӣ нақши муҳим дар таҳаввулоти бозаргонӣ ва низомӣ доштааст. Румиён низ киштиро барои тасаллут бар Миёназамин ба кор мегирифтанд. Баъдтар аврупоиён бо истифода аз Қутбнамо пас аз давраи Эҳё (Ренессанс) ба ҷустуҷӯи Кураи Замин пардохтанд ва бо пешрафт дар киштисозӣ ва Дарёнавардӣ ва ёфтани манобеи наву бунёди мустамликаҳо ба қудратҳои бузурги Ҷаҳон табдил ёфтанд.

Усулҳои физикии шиноварӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Архимед — донишманди тамаддуни Юнони Бостон тавонист қонунҳои физикии ҳоким бар ашёи Шиноварро тавзеҳ диҳад. Бар асоси қонуни Архимед, бар ҳар ҷисми шиновар ё фурӯрафта дар об неруе ба андозаи вазни обе, ки ҳаҷми ҷисмро ишғол мекунад, ворид мешавад. Барои намуна, агар ҳаҷми ҷисме 1 метри мукааб бошад, аз ҷониби об неруе баробар ба 1000 килограмм-қувва ба самти боло ба он ворид мегардад. Ин қонун барои тақрибан ҳамаи моеъҳо дуруст аст. Одатан ин қонун ба сурати F=(rho)×(g)×V баён мешавад:

  • rho — зичии моеъ (тақрибан 1000 кг/м³ барои об)
  • g — шитоби ҷозиба (дар рӯи замин тақрибан 9.81 м/с²)
  • V — ҳаҷми ҷисм (м³)

Агар вазни ҷисм бештар аз ин неру бошад (масалан, мукаабе аз оҳан бо вазни тақрибан 7800 кг), он дар об ғарқ мешавад. Аммо агар вазни ҷисм камтар бошад, бар рӯи об шино мекунад. Аз ҳамин сабаб ҳамаи киштиҳо шакле монанди тошт (тӯшт) доранд, то нисбати ҳаҷм ба ҷирм зиёд шуда ва дар натиҷа неруи F бештар гардад.

Гунаҳои киштӣ бар пояи нерӯи муҳаррика

[вироиш | вироиши манбаъ]

Гунаҳои киштӣ бар пояи корбурд

[вироиш | вироиши манбаъ]

Киштӣ дар адабиёт, филм ва ҳунар

[вироиш | вироиши манбаъ]

Истилоҳот:

  • Киштии арвоҳ
  • Киштии ба гил нишаста
  • Киштии наҷот
  • Киштии паҳлӯшикаста

Огарбон, Огарпат ё Қарвот навъе киштии бодбонӣ аз давраи Ашкониён ба баъд буда, ки дар Баҳри Мозандарон барои ҳамли коло истифода мешудааст.

Асли вожаи форсӣ «Огарпат» ё «Огарбон» ба маънои оташбон ё оташ бар фарози он буда ва сабаби ин номгузорӣ вуҷуди машъал дар ду сӯи киштӣ ва бар рӯи дӯкалаш будааст, то дар шаб ё дар миёни меҳ дида шавад.

Низомии Ганҷавӣ аз ин навъи киштии бодбонӣ дар бахши набардҳои Эрон ва Рус дар Искандарнома ном бурдааст.

Ба Дарбанд он ноҳият раҳ наёфт Ба қарвотҳо сӯи дарё шитофт

Ки дорад паю тоби Афросиёб? Маро рафт бояд чу киштӣ бар об. Фирдавсӣ.

Киштии аҳмақҳо — асари Ҳиеронимус Бош


Ҷусторҳои вобаста

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайванд ба берун

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • Киштии юнонии ҷазираи Киш Бойгонӣ шудааст 24 феврали 2007  сол.
  • Набардҳои баҳри Мозандарон (нерӯи баҳрии Эрон дар давраи Ашкониён)
  • Ҷамолзода, Муҳаммадалӣ. Таърихи равобити Рус ва Эрон.
  • Расоӣ, Фараҷуллоҳ. «2500 сол бар фарози дарёҳо».
  • Райин, Исмоил. «Дарёнавардии эрониён».

Шаблон:Викианбор-радда

  • Wikipedia contributors, "Ship" Wikipedia, The Free Encyclopedia.
  • Wikipedia contributors, "Phoenicia" Wikipedia, The Free Encyclopedia.
  • Wikipedia contributors, "Assyria" Wikipedia, The Free Encyclopedia.

Шаблон:Autthority control