Кобул (дарё)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Кобул (дарё)
  Координатаҳо [[Гурӯҳ:Қуттии дарё: Викимаълумот: истифодабарии таркиб: координатаҳо|]]
Мавқеъ
Кобул (дарё) дар Викианбор

Кобул[1][2] (форсӣ: کابل‎) — дарё дар қисми шарқии Афғонистон ва шимоли ғарбии Покистон. Шохаи рост ва бузургтарини дарёи Синд буда, дар шаҳри Атток ба он мерезад.

Тавсифи умумӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҷараён[вироиш | вироиши манбаъ]

Мағораҳои буддоӣ дар сангҳои дарёи Кобул.
Қисмати киштигардии Кобул

Дар болообаш номҳои Майдонрӯд ва Лоландарро дорад. Рӯдҳои Кунар, Панҷшер ва Лугар аз шохаҳои бузурги он мебошанд. Дар соҳилҳои дарё шаҳрҳои Кобул, Ҷалолобод (Афғонистон) ва Пешовар (Покистон) ҷой гирифтаанд. Аз нишебиҳои ҷанубии Ҳиндукуш (кӯҳи Бобо), дар макони якҷояшавии дарёҳои Унай ва Хирсхон сарчашма гирифта, аввал аз байни кӯҳҳо, поинтар аз пастхамии байникӯҳии Ҷалолобод ҷорӣ мешавад. Дарозии умуми дарё 500 км буда, 360 км он аз ҳудуди Афғонистон мегузарад. Манбааш — барфу борон. Поёнобаш 120 км киштигард мебошад (дар ҳудуди Покистон). Кобул барои обёрӣ ва салронӣ истифода мешавад. Ҳавзаи дарё дорои иқтидори баланди захираи қувваи барқ мебошад, ки хеле кам истифода мешавад. Дар Афғонистон як қатор неругоҳҳои барқи обӣ дар ҳавзаи Кобул сохта шудаанд: НБО-и «Наглу», «Дарунта» ва «Саробӣ». Дар Покистон НБО-и «Варсақ» бо иқтидори 243 МВт дар дарё сохта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Шульц В. Л. Реки Афганистана / Иванов Ю. Н.. — М.: Госкомиздат, 1968. — 175 с. — 500 экз.
  2. Гарбовский Э. А. Инженерная гидрология рек Афганистана / Чепелкина Л. А.. — Л.: Гидрометеоиздат, 1989. — 280 с. — 900 экз.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шульц В. Л. Реки Афганистана / Ю. Н. Иванов. — М.: Госкомиздат, 1968. — 175 с. — 500 экз.
  • Гарбовский Э. А. Инженерная гидрология рек Афганистана / Л. А. Чепёлкина. — Л.: Гидрометеоиздат, 1989. — 280 с. — 900 экз.
  • Кабаков О. Н. Пластинчатоусые жуки подсемейства Scarabaeinae фауны России и сопредельных стран. — М.: Товарищество научных изданий КМК, 2006. — 374 с.