Кони ангишти Шӯроб
Кони ангишти Шӯроб Кони ангишти бӯри Шӯроб дар масофаи 100 км дуртар аз қисмати Ҷанубу-Ғарбии шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд ҷойгир шудааст. Кони ангишт дар шимоли доманаи қаторкӯҳҳои Туркистон воқеъ буда ба ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон тӯл кашидааст.
Дар кон панҷто майдони бисёрқабатаи ангиштдор бо захираи умумии 300 млн. тонна ва захираи тарозии 130 млн. тонна мавҷуд мебошад. Ангишти кони мазкур бӯрранг буда, ашёи энергетикӣ мебошад ва ба гурӯҳи хокистарнокиаш миёна (7-17%) дохил шуда ба ангишти миқдори зиёди кислотаи гуминӣ дошта тавсиф дода мешавад. Кони ангишти бӯри Шӯроб аз тарафи ҶСШК «Ангишт» коркарду истифода бурда мешавад. Ин яке аз кони аввалин дар Осиёи Миёна мебошад.
Истихроҷи анигшт, ки дар ин кон аз соли 1902-ӯм оғоз гардида буд мунтазам бурда мешавад. Қабати асосии корӣ ин қабати «В» ба ҳисоб меравад, ки иқтидораш то 22 метр мерасад.
Дар ин ҷой соли 1939-ӯм ба қатори шахтаҳои амалкунанда шахтаи № 8 даромад, ки иқтидори лоиҳавии истеҳсолиаш ба 600 ҳаз. тонна дар як сол баробар аст.
Кони ангишт аз майдонҳои алоҳидаи ангиштдори Шӯроб-1, Шӯраб-2, Самарқандк (Шимолӣ ва Ғарбӣ) ва Шӯроб-3 иборат мебошад, ки аз инҳо Шӯроб-3 ва Самарқандыки Ғарбӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон воқеъ мебошанд ва вобаста ба сохти геологӣ, тектоникӣ ва ангиштдорӣ майдонҳо аз якдигар фарқ мекунанд. Баландии мутлақи сатҳи майдони кон ба 1160-1306 метр мерасад. Захираҳои анигшти ҳудуди майдони шахтаи № 8 28 млн. тоннаро ташкил менамояд.
Параметрҳои асосии ангишт
Ангишти истихроҷшудаи БҚ – бӯри қаторӣ (БР - бурый рядовой) ба намудҳо ҷудо карда шуда бо чор навъ ба фурӯш бароварда мешавад – навъи «Б» ГОСТ 7049, навъи «Б-2» ва БТК – бӯри тахтасанги калони – (БПК-бурый плитно-крупный) – ҳаҷмаш зиёда аз 50 мм. Навъӣ Б-2 БОМ – (бурый, орех с мелким) бӯри чорамғзшакли майдаи ҳаҷмаш 13-15 мм. Навъӣ Б-2 БСШ – (бурый, семечко со штыбом) бӯри семичкашакли хокаи ҳаҷмаш 0-13 мм. Навъӣ Б-3 БР – (бурый рядовой) бӯри қатории ҳаҷмаш 0-200 мм.
ТАВСИФИ СИФАТИИ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ангишти бӯри кони «Шӯроб»
- Нишондодҳо Миқдор
- Намнокӣ 13,1 %
- Хокистарнокӣ 12,5 %
- Сулфури умумӣ 1,05 %
- Ҳарорати сӯзиш 6679 ккал/кг (27,96 МҶ/кг)
- Карбон 78,0 %
- Гидроген 5,2 %
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сомонаи Вазорати Энергетикаи ҶТ Бойгонӣ шудааст 4 феврали 2009 сол.