Jump to content

Кони ангиштсанги Миёнаду

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Кони ангиштсанги Миёнаду дар ноҳияи Тавилдара наздик ба сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ мебошад. Кони мазкур дар шароити мусоиди физикию-географӣ ҷойгир аст. Аз шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ то пос. Миёнаду дар масофаи 41 км роҳи беҳтаркардашудаи автомобилгарди бефарш мегузарад. Аз пос. Миёнаду то кони ангишти ҳамном роҳи муввақатии автомобилгарди бефарш дар масофаи 8 км сохта шудааст. Кони мазкур дар дарозии 20 км тӯл кашидааст. Дар обтақсимкунаки дарёҳои Миёнаду - Йохнак-дара 7-то қабати кории ангиштсаг зохир гардидааст, ки ба тарафи шарқ хобидаанд. Кон имконият медиҳад, ки ангишт бо тарзи кушода истихроҷ карда шавад. Мумкин аст, ки самаранокии истихроҷи ангишт дар як сол то ба 100 ҳаз. тонна расонида шавад. Кони ангишти Миёнаду дар ҷумҳурӣ дорои аҳамияти стратегӣ мебошад. Аз 7-то қабати кории ангишти минтақа як қабат омӯхта шудааст, ки дар он захираҳо ба гурӯҳи С1 ба миқдори 2252 ҳаз. тонна ба ҳисоб гирифта шудааст. Захираҳои дурнамои кони ангишт 675 млн. тоннаро ташкил менамоянд. Дар кони мазкур қабати II-ӯм дорои аҳамияти саноатӣ мебошад, ки ба масофаи 2100 метр тӯл кашида 530 метр паст фаромадааст. Иқтидори қабати ангишт аз 2,28 м то 3,9 м, қиммати миёна – 2,85 м. Таркиби қабати ангишт мураккаб буда аз 4-то табақа, ки бо қабатҳои моддаҳои ғафсиашон 0,05-0,1 м ҷудо шудааст, иборат мебошад. Кони ангишт ба ду комплекси ангиштдор ҷудо шудааст: давраи триас ва давраи юра. Кони ангишти Миёнаду дар Осиёи Миёна ягона кони ангишт мебошад, ки дар ин ҷо қабатҳои саноатии давраи триас инкишоф ёфтаанд, ки то ҳол тадқиқот рафта истодааст.

ТАВСИФИ СИФАТИИ

ангишти кони «Миёнаду»
Нишондодҳо Миқдор
Хокистарнокӣ 11,1-30,0 % (миёна – 24,2%)
миқдори миёнаи сулфур 1,25 %
миқдори миёнаи моддаҳои хориҷшаванда 34,8 %
Ҳарорати баландтари сӯзиш 35057 кҶ/кг