Консерватория

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Консерватория (ит. concervatorio – ятимхона, паноҳгоҳ; дар асрҳои миёна муассисаи олии таълими мусиқӣ (бисёр мактабҳои аврупоӣ, ки дар онҳо ба тарбияи мусиқӣ бештар аҳамият медоданд, чунин номида мешуданд). Якумин Консерваторияҳо дар аввали а. XIX дар шаҳрҳои калони Аврупо пайдо шуданд (то ин вақт Консерватория фақат дар Порис вуҷуд дошт). Консерватория дар ҳама марказҳои мусиқии дунё вуҷуд доранд. Консерваторияҳои қадимтарини русӣ дар Санкт-Петербург (1862) ва дар Маскав (1866). Дар ИҶШС қариб 20 Консерватория (бо таҳсили 5-сола) вуҷуд доштанд. Консерваторияи миллии Тоҷикистон с. 2003 таъсис дода шуд. Дар мамлакатҳои хориҷӣ муассисаҳои олии таълими мусиқӣ на фақат Консерватория ном бурда мешаванд, балки онҳоро академияи мусиқӣ, мактаби олии мусиқӣ, институт ва ғ. ном мебаранд.[1]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С.186. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2(тоҷ.)