Константин Гаврилкин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Константин Николаевич Гаврилкин (тав. 1905, ш. Пензаи РСФСР — маълум нест) — муаррихи шӯравӣ, номзади илмҳои таърих (1937), дотсент (1938), Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон. Иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1930 — шуъбаи иқтисоди умумии Донишгоҳи 2-юми ш. Москваро хатм кардааст. Солҳои 1930–1931 муаллими таърихи мактаби миёнаи ш. Пенза, 1931–1932 — муаллими техникуми механикии ш. Пенза, 1932–1933 — муаллими фанни коммунизми илмии мактаби шабонаи ш. Пенза, 1934–1937 — аспиранти Институти таърих, фалсафа ва адабиёти ш. Москва, 1937–1940 — мудири кафедраи таърихи ИҶШС, 1940–1941 — декани факултети таърих, 1941– 1960 — дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС-и Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко буд. Аз соли 1960 то даргузашташ ҳамчун дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин фаъолият дошт.

Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Барои хидматҳояш бо унвони «Муаллими хизматнишондодаи мактаби ҶШС Тоҷикистон» ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]