Jump to content

Конфутсий

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Конфусиус)
Конфутсий (Конфусиус)
孔夫子
Сурат
Ном ҳангоми таваллуд Кун Цю
Таърихи таваллуд тақрибан 551 то м.[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт тақрибан 479 то м.[2][1]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша файласуф, омӯзгор, нависанда
Падар Shu-liang He[d]
Модар Yan Zhengzai[d]
Ҳамсар Qiguan Shi[d]
Фарзанд Kong Li[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор
Конфусий

Конфутсий ё Конфусиус (лотинӣ) — (551 - 479 пеш аз мелод), мутафаккир ва файласуфи чиноӣ мебошад, ки кору эҷодиёташ ба фикрронӣ ва ҳаёти чиноиён, куриёгиён, ҷопониён ва ветнамиён таъсири чуқур расонидааст. Конфутсий, яке аз мутафаккирони бузурги давраи қадим, рамзи Чин, маданияту андешаҳои фалсафии ин кишвар ва ҳам нахустустоди ҳамаи чиниҳо ба шумор меравад. Дар тӯли садсолаҳо даҳҳо миллиард ниёгони аҳолии Чин ва ҳамсояҳои он - ҷопонҳо, куриёиҳо, ветнамиҳо - хотираи ӯро ҳамчун устоди зиндагӣ пос дошта омадаанд. Барои тамаддуни Шарқи Дур Конфутсий ба мисли Исои Масеҳ барои насрониҳою Муҳаммад (с) барои мусалмонҳост. Таълимоти ӯ ба таҳкурсии асосии сохти давлатдории Чини бузург табдил ёфта буд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Конфутсий дар шоҳигарии Лу (ҳоло Сюйфуи Шандун), дар оилаи муфлисгаштаи хидматчиёни давлативуҳарбии барӯманд ба дунё омадааст. Дар ҷадвали солшумории чинӣ рӯзи таваллуди Конфутсий ба 21 рӯзу 10 моҳу 20 соли ҳукмронии буғдихони Линг-Ванга (шоҳи оқил) баробар аст, яъне ба соли 551 то милод. Номи Конфутсий шакли лотинишудаи Кун Фу-сзӣ, яъне «устод Кун» аст. Дар сесолагиаш аз падар маҳрум гашт. Модарашро беҳад эҳтиром менамуд, ба.ҳар суханаш гӯш меандохт. Новобаста аз хурдсолӣ табиатан ором, ботамкин ва бомулоҳиза буд. Бозии дӯстдоштааш иҷрои ҳар гуна маросим, аз ҷумла қурбонӣ ба шумор мерафт. Дар 17- солагӣ ӯро ёвари муаллимаш Пинг-Чунг, олими шинохта, таъйин карданд. Пинг-Чунг айни замон ҳокими шаҳре буд, ки он ҷо Конфутсий бо модараш мезист. Дар омӯзииигоҳ Чунг-нӣ бо саъю кӯшиши беандоза осори муаллифони қадимро, ки ба ақлу дилаш таъсири амиқ мегузоштанд, мутолаа намуд. Донише андӯхт, ки минбаъд шунавандагонашро ба ҳайрат меовард. Пас аз хатми омӯзишгоҳ бо хоҳиши модар хидмати давлатиро ба уҳда гирифт. Сардори нозири бозор таъйин гашт. Аз субҳи содик, маводи бозору дӯконҳоро хабар мегирифт, намегузошт, ки сабзавот, гӯшту нон, меваҳои ғайри қобили истеъмол ба фурӯш раванд. Савдогарони боинсофу бовиҷдонро дастгирӣ менамуду қаллобонро ҷазо медод. Бо ин амал дар байни халқ эътибори зиёдеро соҳиб гашт. Дар вақтҳои фориғ аз хидмати давлатӣ пайваста илм меомӯхт. Дар нуздаҳсолагӣ Конфутсий бо духтараке аз оилаи барӯманди Ки-коан-ши акди никоҳ бает. Пас аз як сол писардор шуд, баъдтар духтарчае ба дунё омад. Дар ҳаёти оилавӣ ӯ хушбахт набуд. Ривояте ҳаст, ки вай аз завҷааш ҷудо шудааст. Ақидааш нисбати зан чунин буд: «Бо зан сарукор гирифтан бисер душвор аст, наздикӣ ҷӯӣ якрав мешаванд, дур созӣ ғавғо мебардоранд». Дар ин муддат бо хоҳиши сокинон ҳокими Лу Конфутсийро нозири заминҳои кишт, ҷангалу чорво таъйин намуд. Ӯро вазифаҳои боз ҳам баландтари давлатӣ интизор буданд. Вале вафоти модар дар соли 528 то милод ӯро маҷбур сохт, ки тарки вазифа намояд. Конфутсий ба анъанаҳои қадимаи чини содиқ буд: «Писар танҳо баъди сесола шудан аз дасти волидайн ба замин мефурояд, аз ин рӯ азодории сесола барои ҳама ҳатмист». Аз хидмат, ки фориг буд, Конфутсий ба омӯхтани таърихи қадими кишвараш пардохт. Ӯ бо ҳуҷҷатҳои қадимаи таърихй,анъанаҳои маросимӣ, суруду мусиқӣ ва ривоятҳои қадим шинос шуд ва ҳамчун донандаи анъанаҳо шуҳрат ёфт. Соли 522 то милод орзуи деринааш ҷомаи амал пӯшид. Ҳамроҳи шогирдонаш зиёрати пойтахти қадимаи Чжоу муяссар гашт. Ибодатгоҳҳои куҳансол ӯро ба ваҷд оварданд. Ӯ худро дар саргаҳи ҳикмат мепиндошт, ба суратҳои рӯидеворӣ бо диққат менигарист, матнҳои бо мурури замон хирашударо бо шавку завқ мехонд. Базудӣ дар шаҳр овозаи олими ҷавони ҳамадон паҳн гардид. Шумораи шогирдони ӯ ҳар рӯз меафзуд. Фазл ва донистани адабиёти қадима ҳамаро мафтунаш сохт. Ҳамзамон ӯ ба таҳрири китоби «Ши сзин» («Китоби сурудҳо»), ёдгории адабиёти асрҳои XI-VI то милоди Чин, даст зад. Вай беҳтарин сурудҳоро, ки азёд медонист ва то охири умр замзама мекард, дар китоб боқӣ гузошт. Конфутсий ба мусиқӣ баҳои баланд медод. Мегуфт, ки мусиқӣ бояд ғизои маънавии халқ бошад. Аз рӯи ривоятҳо Конфутсий маҳз дар шаҳри Чжоу бо мутафаккири куҳансол Лао-сзӣ вохӯрдааст. Файласуфи солхӯрда барои орзую умедҳои «пучаш» Конфутсийро хеле мазаммат намуд. Вале аз ин Конфутсий ҳеч хиҷолате накашид. Ӯ мегуфт, ки мақсадаш дониши андӯхтаашро ба хидмати мардум гузоштан аст. Вай ҳокимеро меҷуст, ки аз рӯи тавсияҳои Конфутсий кишвару халқро идора созад. Боварии халқро сазовор гаштани сарвари давлат барои мутафаккири ҷавон чизи асосӣ буд. Бе ин давлатро нигоҳ доштан амри муҳол аст, мегуфт. Барои чунин ҳоким пайдо кардан Конфутсий ҳудуди кишварҳои Си, Вей, Чэн, Сзай ва ғайраҳоро тай намуд. Вале ҳайҳот, шоҳи донишманду дилхоҳашро наёфт. Билохир дар чилу чорсолагиаш бахт ба рӯяш хандид. Дар шоҳигарии Лу ошӯбҳо хомӯш шуданд ва ҳоким Конфутсийро шаҳрдори Чжун-ду таъйин намуд. Акнун ӯ дар амал метавонист ғояҳояшро татбиқ созад. Конфутсий қоидаҳои судиро дар амал хуб риоя менамуд. Дар рӯзҳои аввали раиси шаҳр буданаш, вай маҷбур шуд, ки аз ақидааш гашта мухолифи сиёсиашро ба дор кашад. Ӯ зидди ҳукми қатл буд, аммо давлатдорӣ варо аз ақидаи шахсиаш баргардонд. Конфутсий ба шогирдонаш ин амалашро чунин шарҳ дод: «Шал Чжен-мао гурӯҳҳои ҳамақида ташкил намуда, зидди мо сухан мегуфт, ҳақиқатро дидан намехост, худраъй буд, пас чи тавр ӯро ба дор намекашидем? Вале ҳукми қатл ёрӣ нарасонд. Дарбориён фитнаҳо бардоштанд. Ахиран Конфутсий аз сарзамини Лу рафт. Бо шогирдон аз шаҳр ба шаҳре, аз як мамлакат ба дигаре сафар мекарду ақидаҳояшро тарғиб менамуд. Одамон ӯро бо хушнудӣ пешвоз мегирифтанд, ба суханҳояш гӯш меандохтанд, ба ваҷд меомаданд. Вале дигар чизе рӯй намедод. Ҳоким Вей низ ӯро дӯст медошт, ҳарфаш мешунид, барояш қасру маош (ҳазор чен биринҷ) муҳайё сохт, аммо мувофиқи таълимоти Конфутсий мамлакаташро идора кардан нахост. Ва Конфутсий ин ҷоро низ тарк намуд. Қумандони шоҳигарии Сунг аз ҷамъомадҳои шогирдони Конфутсий ба ҳарос афтода, маҷбур месозад, ки мутафаккир боз овораи манзилҳо шавад. Баъди сарсониҳои зиёд ба ватан бармегардад, аз вафоти занаш хабар меёбад. Дар Лу тамоми вақташро ба омӯзиш ва тарбияи шогирдон мебахшад. Дар як баландӣ бештар ваъз мегуфт ва он «теппаи зардолу» ном гирифт. Дар ин ҷо тамоми осорашро ба тартиб овард, бисёр китобҳои қадимаро мураттаб намуд. Вай таҳрири асарҳои фалсафии «Шутсзин», «Шитсзин», «Итсзин» ва нахустин асари таърихии Чин «Чунсю»-ро ба охир расонд. Таълимоти Конфутсий дар замони ҳукмронии Хон (202 то милод) дар саросари Чин паҳн гашт ва ҳамчун дини давлатӣ пазируфта шуд. Баъди сарнагун шудани охирин императори Чин дар соли 1912 дини давлатӣ низ мавқеашро аз даст дод.[3]

Таълимоти Конфутсий

[вироиш | вироиши манбаъ]

Таълимоти Конфутсий ба шарофати китоби «Лун юй» («Сӯҳбатҳо ва муҳокимаҳо»), ки аз ҷониби шогирдонаш мураттаб шуд, машҳур гашт.

Таълимоти Конфутсий дар тули зиёда аз ду ҳазор сол дар ин сарзамин арзи ҳастӣ намуд. Дар зери таъсири он чиниҳо ба муваффакиятҳои зиёди таълимӣ ва тарбиявӣ муваффақ гардидаанд. Ӯ таълимоти макотиби дигарро дар хусуси он, ки инсонро табиатан ҷоҳил ё оқил мешумориданд, инкор кардааст.Тибқи ин таълимот табиати инсон оби пуртуғёнро мемонад, ки фарқияти Ғарбу Шарқро намедонад ва ба кадом самте, ки роҳкушоӣ, ҷорӣ шудан мегирад. Ба ақидаи онҳо, одам дар тӯли тамоми ҳаёташ мӯҳтоҷи тарбияи дурусти экологӣ - тоза нигоҳ доштани обу замин, ҳаво хӯрокворӣ ва ғайра аст.

Табиати одам бо баду нек чудо намешавад. Дар ҷавоби ин Ман Сзы менависад, ки об кадом самте ҷорӣ нашавад, ҳатман сӯй пастиро интихоб мекунад ва табиати инсонӣ ҳам чунин аст. Яъне танҳо ба некӣ ва тарбияи дурусти ахлоқию экологӣ вобастагӣ дорад. Аз ҳамин рӯ, Конфутсий ва пайравони ӯ таъкид мекарданд, ки инсон аз рӯзи ба дунё омаданаш то ба охири умраш бояд омӯзад. Азбаски умри одамӣ кӯтоҳ аст, ашёҳои омӯхташаванда зиёданд ва ҳамаи онҳоро фаҳмида наметавонад, ба ӯ усули омӯзишро амиқ намудан лозим аст.

Конфутсий маънӣ ва шодмонии ҳаётро дар маърифат ва поку тоза нигоҳ доштан, яъне дар таълим ва тарбия гирифтан медид. "Дар чаҳди беандоза баҳри такомули хеш "Ислоҳи худ" медид ва андешаи ӯ ба сифати намунаи беинтиҳои даврони омӯзишу тарбия, бозгӯи куллӣ иқтидори инсонии мардони шарафманди айёми пешин хидмат кардаанд. Конфутсий чунин арзи ақида намудааст, ки модда абадӣ аст, яъне худованди коинот, бузургтарин фармонравои олам аст, заминро аз модда халқ карда ва осмон ягона асари қобили раъияти ӯст ва ситорагон дар мадоре, ки барои онҳо таъйин гардида, сайр мекунанд.

Инсон ба муносибат доштани қувваи қазоват бар соири мавҷудот афзалият дорад ва гули cap сабади онҳост ва хилқатан абадӣ ва ҷовидонӣ аст ва қувваи қазоваташ доимо ӯро ба тарафи камол роҳбарӣ мекунад. Ба ақидаи файласуфи эронӣ Муҳаммад Рашшод, "Инсон олитарин фазилати олами ҳаётӣ мебошад.

Конфутсий дар таълимоти худ нишон додааст, ки замину осмон, ки офаридаи худи Илоҳӣ ҳастанд, дар фармони ӯ мебошанд ва инсон, ки дар рӯи замин умр ба cap мебарад, ба воситаи ақл заковаташ ва аз бар намудани илми ҷаҳонӣ ҳама гуна ҳодисоту воқеиётро, ки ба вукӯъ меоянд, фаҳмида мегирад ва дар тӯли ҳаёти худ ба ҳамаи онҳо рӯ ба рӯ мегардад ва худро рохдои аз онҳо ҳимоят карданро бояд донад. Осмону замин аз ҳам чудоянд, вале ҳар ду ҳам як амалро ба субут мерасонанд. Конфисиус дар таълимоти худ чунин мегуяд, ки бикушед, ки ақаллан каме ҳам бошад, хушмуомилатар бошед ва пасон возеҳи дарк хоҳем намуд, ки аз уҳдаи иҷрои амали носавобе намебароед.

«Ҳамчунон саргарми омӯзиш бошед, гӯё ҳамешагӣ аз номукаммалии донишатон бохабаред ва бад ин минвол аз гум кардани сатҳи маърифатиатон доиман дар ташвиш хоҳед буд»

. Оне, ки аҳди хонаводаашро ба накӯй талқин карда наметавонад, бе гумон, худи ӯ низ омӯхта наметавонад. Инсони шарафманд бо хушнудӣ амри осмониро мунтазир мешавад, инсони паст баҳри коме гаштан беҳуда чашминтизорӣ мекашад.

Барои ҳамин, ҳар як шахс бояд ба он кӯшад, ки худро барои омӯзиши дурусти муҳити зист ва муҳофизати он аз нопокиҳо дур сохта, барои оянда заминаи мусоид пайдо кунад. Чунки покии табиат ба инсон алоқаи зич дорад. Инсон, табиат ва худро тафҳим намуда фикр ва мафкураи худро инкишоф медиҳад, барои ӯ ҳама мавҷудот об, оташ, хок, наботот, ҳайвонот, офтобу моҳтоб, ситораҳо манбаи маълумотҳои аниқу илмӣ дар бораи олами атроф мебошад.

Ҳанӯз то давраи солшумории мо дар Чин императорҳо чандин мамнӯъгоҳҳо сохта буданд, ки набототу ҳайвонот нигаҳбони ва зиёд карда мешуданд. "Муҳофизати табиат, тоза нигоҳ доштани обу замин ва ғамхорӣ дар хоки олами набототу ҳайвонот вазифаи инсонии ҳар як фарди ҷомеа мебошад." Аз ин рӯ ҳангоми шиносоӣ бо табиат калонсолҳо иҷрои вазифаҳои тарбияи эстетикиро ба иҷрои вазифаҳои тарбияи экологӣ, муҳофизати табиат барои наслҳои оянда алоқаманд менамуданд. Дар ҳар сурат имрӯз ҳам баъди гузаштани ҳазорсолаҳои зиёд афкори педагогии Чиниҳо оид ба тарбияи экологӣ аз аҳамият холӣ нест.

  • Муҳҳамад Рашшод. Фалсафа аз оғози таърих-(Душанбе Ирфон, 1990] с-56.
  • Курбонов А. Аз дин то фалсафа. Душанбе. 1994. с.-ЗЗ. "'
  • Ҳикматҳои кузрюдиёри Чин: Тарҷумаи Шодӣ Шокирзодаи Нӯъмонпур: Душанбе. 1995. С.-75.
  • Маркс К., Энгельс Ф. Асарҳо н- 23. с-189
  • Маркс К., Энгельс Ф. Асарҳо, ч,. 20. с-495
  1. 1.0 1.1 1.2 Chin A., Bell A. Encyclopædia Britannica (ингл.брит)Encyclopædia Britannica, Inc., 1768.
  2. Csikszentmihalyi M. Stanford Encyclopedia of Philosophy (ингл.)Stanford University, Center for the Study of Language & Information, 1995. — ISSN 1095-5054
  3. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 25 - 30