Исои Масеҳ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи
Исои Масеҳ
Jesus
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Ном:

Исои Масеҳ (Ҳазрати Исо)

Касб, шуғл:

воиз, пайғамбар, carpenter

Санаи таваллуд:

2 то милод[1] ё 7 то милод[2]

Зодгоҳ:

Nazareth[d], Judea[d], Roman Empire[d] или Bethlehem[d]

Санаи марг:

30 ё 33

Маҳалли марг:

Calvary[d], Judea[d], Уршалим, Roman Empire[d]

Маҳалли дафн:

tomb of Jesus[d], Church of the Holy Sepulchre[d], Garden Tomb[d] ва Talpiot Tomb[d]

Миллат:

Jewish people[d]

Эътиқод:

Дини яҳудӣ

Падар:

Юсуф[d] ва God the Father[d][3]

Модар:

Марям[d]

Самти фаъолият:

carpentry[d] ва Christian ministry[d]

Шабоҳат:

Ҳазрати Исои таърихӣ[d], Исо дар Ислом[d], Yeshu[d] ва фарзанди Исо[d]


Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:

Викианбор  
link=Викигуфтовард Викигуфтовард

Wikidata-logo S.svg Вироиши Викимаълумот

Исои Масеҳ (Оғози солшумории милодӣ) — Ҳазрати Исо (Исои Масеҳ) аз нуқтаи назари илми таърихӣ ходими диниест, ки дар нимаи аввали садаи якуми эраи мо дар байни яҳудиён ба дунё омада, фаъолияти тарғиботию ташвиқотии динӣ бурдааст. Ӯ асосгузори дини масеҳӣ (исавӣ, насронӣ) мебошад ва ин дин аз ҷониби шогирдону пайравонаш дар ақсои олам паҳн гашт. Дар байни мусалмонон бо номи паёмбар Исои Масеҳ маъруф аст.

Зиндагинома[вироиш]

Ба қавоиди дини масеҳӣ чор Инҷил (аз калимаи юнонии «ноқусзанӣ»), ки баъди чанд даҳсолаи пас аз марги Исо ба вуҷуд омадаст, ворид шудааст. Дар асоси ин сарчашмаҳо зиндагиномаи Исоро ин тавр баён намудан мумкин аст. Таваллуди ӯро фариштаи муқарраб- Ҷабраил (а) пешгӯӣ кард. Вай дар шаҳри Назарети Фаластин ба назди Биби Марям ҳозир гашт. Ҷабраил (а) мужда расонд, ки ба шарофати миёнаравии рӯҳи муқаддас дар батнаш тифле пайдо мегардад ва ӯ писаре ба дунё меорад. Ҳукуматдорони Рим ба рӯйхатгирии аҳолӣ оғоз бахшиданд ва мувофиқи фармон бояд ҳар кас дар ҷойи зисти худу ақвоми худ ба қайд гирифта мешуд. Аз ин рӯ Биби Марям, ки интизори таваллуди кӯдак буд, ба Вифлеем (Байт-ул-лаҳм) омад. Дар ин ҷо Исо таваллуд шуд. Азбаски дар меҳмонхона ҷой набуду Марям рӯзе чанд дар оғил ба cap бурд, ин воқеа ҳам дар ҳамон ҷо рӯй дод. Замони тахминии таваллуд ба солҳои 749-750 аз бунёди Рим ё ба солҳои 4-5-и солшумории милодй рост меояд. Шоҳ Ироди Кабир (ирод-золим) аз пешгӯиҳои пурасрор бохабар шуд. Вай фармон дод, ки ҳамаи тифлҳои дар Вифлеем ба дунёомадаро ба қатл расонанд. Ӯ бо ин роҳ мехост хавфро аз сараш дур афканад. Марям барои аз хатар наҷот ёфтани тифл, бо ӯ ба Миср мегурезад ва он ҷо марги Иродро интизор мешавад. Дар бораи ба Назарет баргаштани Исо маълумот кам аст. Вай касби дуредгариро меомӯзад. Ҳангоми зиёрати оилавии Байтулмуқаддас Исо ғайб мезанад. Баъдтар ӯро дар маъбади Байтулмуқаддас ёфтанд «дар байни муаллимон, ки онҳоро мепурсиду мешунид» ва он бандаҳо «аз ақлу заковат ва посухҳои ӯ ба ҳайрат афтода буданд». (Инҷили Луки, 2-47). Таҳқиқгарони зиёде чунин меҳисобанд, ки Исо аз дувоздаҳ то сисолагиаш (ҳарчанд дар инҷилҳо аз ин ҳодиса сухане нарафтааст), ба мисли Иоҳанн Крестител (Юҳаннон Таъмидӣ, Яҳё) узви ҷамоаи ессевҳо буд ва дар соҳили баҳри Майит мезист. Гӯё дар ин ҷо вай каломи Худо ва тарзи табобати маризонро омӯхтааст. Ахиран Исо ба назди Юҳаннон Таъмидӣ меравад ва аз ӯ ғусли таъмид мегирад. Сипае ба муддати 40 рӯз рӯ ба биёбон меорад. Тани танҳо мегардад, аз ғизои фаровон даст мекашад ва дар ин ҳолат бо иблис муборизаи рӯҳӣ мебарад. Дар ин айём Исо қариб сисола будааст. Вале дар Инҷили Иоанн (8-67) синни дигар оварда шудааст: «Ту ҳоло ба синни панҷоҳ нарасидай». Шогирдону шунавандагони нахустинаш моҳидорони кӯли Тивериада будаанд. Исо ҳамроҳи онҳо дар сарзамини Фаластин мегашт ва таълимоти диниашро тарғиб мекарду мӯъҷизаҳо нишон медод. Исои Масеҳ таблиғот мебурд, ки аз ҳар гуна амали манфиатовар ва имтиёзҳои иҷтимоии шахей даст кашед. Исои Масеҳ, ки «ҷойи cap халонда дам гирифтан надошт», чун воизи сайёҳ деҳа ба деҳа, шаҳр ба шаҳр мегашт, барои пайравонаш шахсан худаш намунаи ибрати чунин зиндагй буд. Мӯҳтавои муҳи- ми таблиғот дӯст доштани душманону таъқибгарон ва нисбати онҳо муҳаббат парваридан буд. Исои Масеҳ ба мӯъҷизаҳо аз сидк, бовар дошт ва мегуфт, ки ҳукмронии мӯътақидон ягон рӯз, албатта, фаро мерасад. Исои Масеҳ барои худ дувоздаҳ шогирд баргузид ва онҳоро апостол (ҳаворӣ, тарғибгар, мубаллиғ) ном ниҳод. Ба онҳо барои мубориза алайҳи ҳама гуна «қувваҳои аҳриманӣ» нерӯ бахшид ва «табобати маризҳо»-ро омӯзонд. Баъд онҳоро баҳ- ри тарғиби ҳукмронии мӯътақидон ба маҳалҳо фиристод. Исо пешгӯӣ намуд, ки апостолҳоро таъқиб мекунанд, вале онҳо бояд аз ягон душворӣ натарсанд. Зеро ҳар як мӯйи аз бадан афтодаи онҳо дар осмон ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар инҷилҳо номҳои апостолҳои зерин сабт ёфтаанд: Симон (Пётр), Андрей, Иаков Зеведеев, Иоанн, Филипп, Варфоломей (Нафанаил), Фома, Матфей, Иаков Алфеев, Фаддей, Симон Кананит ва Иуда Искариот. Ҳазрати Исо боз ҳафтод нафар шогирд интихоб кард ва онҳоро ба кишварҳои гуногун фиристод, то ки дини масеҳиро тарғиб намоянд ва беморонро си- ҳатӣ бахшанд. Баъди интихоби апостолҳо Исо дар назди ҳозирон ваъз гуфт. Дар Инҷили Матфей омадааст, ки дар кӯҳ ин ҳодиса ба вуқӯъ пайваст, дар Инҷили Луки «дар ҷойи ҳамвор, дар подомани кӯҳ» гуфта шудааст. Муаллифони инҷилҳо ин ваъзи Исоро ҳамчун кодекси масеҳият, қонуни ҳукмронии Худованд дар Аҳди Ҷадид меҳисобанд. Исо қонунҳои худро дар чаҳорчӯби ҳашт наҳйи саодатмандӣ эълон менамояд. Ӯ таълим медод, ки аҳкоми Аҳди Қадим иҷро шуданд, акнун вақти ҳукмронии Худо расидааст ва дар мулки Парвардигор азобу машаққат, муфлисӣ нест, оромӣ, сулҳу субот, хушбахтӣ ва саодатмандӣ ҳукмронанд. Вай мулки Худо-вандро ба ашхоси «руҳан фақир» ҳам ваъда медиҳад ва мегӯяд: «Онҳое, ки мегирянд, тасалло меёбанд ва гиряашон ба ханда мубаддал мегардад». Барои ин одамон бояд одил, меҳрубон, дилсоф ва сулҳпарвар бошанд. Ва дар охир Исо саодатманд гаштани ашхоси баҳри ҳақиқат ҷабру ҷафо кашидаро эълон менамояд. Дар арафаи иди писҳои (пасха) яҳудиён Исои Масеҳ ба Байтулмуқаддас наздик меояд. Вай ба шаҳр харсавор бо як ҳашамат ворид мешавад. Баъзе аз ҳамраҳон пироҳан бадар намуда, зери пояш мепартоянд, дигарон ба роҳаш шохчаҳои дарахти нахл густурда, бо хушнудӣ пешвозаш мегиранд. «Вақте ки вай вориди Байтулмуқаддас шуд, тамоми шаҳр ба хурӯш омад ва гуфт: «Ӯ кист?» (Инҷили Марк). Ҳамин ки Исо ба Байтулмуқадцас қадам гузошт, зуд ба ибодатгоҳ рафт. Ӯ ҳамаи фурӯшандаҳову харидоронро аз ибодатгоҳ ронд, кашондани колоро аз тариқи саҳни он манъ кард. Аз Навиштаҷоти муқаддас мисол ҳам овард: «Хонаи ман хонаи тоату ибодат аст, шумо бошед онро ба макони роҳзанҳо табдил додаед». Вақте ки соҳибкитобҳо ва рӯҳониёни воломақом аз ин ҳодиса бохабар гаштанд, андешиданд, ки бо кадом роҳ аз Исо халос шаванд. Онҳо аз вай дар ҳарос буданд, зеро мардуми зиёде ба таълимоташ гӯш меандохтанд. (Инҷили Матфей).

Christ Carrying the Cross 1580.jpg

Куҳансолони яҳудӣ, ки муассисаи махсуси динию маъмурӣ ва судӣ- синедрион- созмон дода буданд, ба қароре омаданд, ки Исои Масеҳро ба суд кашанд ва барои ба қатл расондан ба ҳукуматдорони Рим супоранд. Аз рӯи шаҳодати инҷилҳо ҳамаи ин аз аввал ба Исо аён буд. Зеро ӯ ба шогирдонаш хабар дода буд, ки баъди ду рӯз, ҳангоми иди писҳо аз ҷониби душманҳо чормех карда мешавад. Вай ба марг омода мегардад. Ба як зан ( Иоанн чунин мешуморад, ки вай Марям, хоҳари Лазари эҳёгашта буд) иҷозат медиҳад, ки аз сараш ҳанути гаронбаҳо резад, гӯё ҷисмашро марҳам молида ба гӯронидан омода мекард. Исои Масеҳ бо ҳамроҳии 12 нафар апостол пинҳонӣ мизи тановули идона оро медиҳад. Ҳангоми зиёфат Исо «аллакай медонист, ки вақти аз ин дунё ба он дунё, назди падар реҳлат карданаш расидааст. Ва Исо дар ин ҷаҳон пайравонашро дуст дошт, то абад ба онҳо меҳр пайдо кард». Вай бо навбат пойи шогирдонашро шуста, пок менамояд ва бо ин амал намунаи хоксорӣ, фурӯтанӣ, тавозӯъро нишон медиҳад. Ҳангоми зиёфат Исо мегӯяд, ки яке аз шогирдонаш ба ӯ хиёнат мекунад. Шогирдон саволомез ба ҳам менигаранд. Яке аз шогирдони дӯстдоштааш ба гапи Пётр даромада мепурсад: «Худоё! Ӯ кист?». Исо посух бидод: «Ҳамоне, ки нонро тар карда медиҳамаш». Вай нонро тар кард ва ба Иуда Искариот муроот намуда гуфт: «Кори мекардаатро зуд анҷом деҳ». Касе ӯро нафаҳмид. Иуда зери пардаи шаб аз хона ғайб зад, то ки хиёнаташро амалй созад (Инҷили Иоанн). Баъди рафтани Иуда Исо нон гирифта баракат хост, онро пора намуда ба шогирдон тақсим мекарду мегуфт: «Гиред, хӯред, ин ҷасади ман аст». Баъд пиёла бардошта, ба он баракат хост ва ба шогирдон бидод: «Нӯшед, чизе, ки андарунаш аст, он хуни ахди ҷадиди ман аст, хуне, ки барои омурзиши гуноҳони зиёд рехта» (Инҷили Матфей). Шабро Исо дар боги Гефсимон, дар шарқи Байтулмуқаддас ба cap мебарад. Нимашаб Иуда бо навкарони яроқбадасти ҷамоати яҳудиёни куҳансол омада, Исоро ба суди синедрион мебаранд. Исо дар суд нузули худро бо сарбаландӣ тасдиқ менамояд. Барои ҳамин ба ӯ пешакӣ ҳукми қатл медиҳанд. Прокуратори римй Понтий Пилат ҳукмро тасдиқ мекунад. Соли қатли Исо мухталиф нишон дода шудааст. Дар маълумоти расмй омада, ки Исо 33 сола буд. Аммо дар баъзе сарчашмаҳо 36,37 ва ҳатто 45 сола будани Исо қайд шудааст. Аз гуфти инҷилҳо марги Исо ин охири ҳаёти ӯ набуда, балки ҷуброни гунохдои бандагон аст. Марг оғози ҳаёти нав, роҳи наҷот аст. Дар ҳамаи инҷилҳо эҳё ёфтани Исо пас аз марг сабт гаштааст, аммо ба тарзҳои гуногун. Гӯё баъди иди писҳо занҳо ба зиёрати қабри Исо омаданд. Ҷавонеро диданд. Ӯ гуфт: «Исоро меҷӯед... чормехшударо... вай зинда шуд, ӯ ин ҷо нест». Ё худ фариштае ба занҳо амр менамояд, ки зинда гаштани Исоро ба шогирдонаш расонанд. Инчунин муаллифони инҷилҳо ҳашт зуҳури Исоро дар давраи аз эҳёшавӣ то меъроҷ сабт намудаанд. Чил рӯз Исо баъди эҳё гаштан дар рӯи замин буд. Рӯзи чилум дар Байтулмуқаддас, дар назди апостолҳо пайдо гашт. Исо онҳоро ба тарғибу ташвиқи Инҷил даъват намуд. Амр кард, ки дар Байтулмуқаддас бошанд ва ба наздикӣ бо рӯҳи муқаддас таъмид шуданро ваъда дод. Сипас, дар пеши чашми шогирдон ба осмон боло шуд ва «абр ӯро аз назари онҳо пинҳон кард».[4]

Нигаред[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

Эзоҳ[вироиш]

  1. Finegan J. Handbook of Biblical Chronology, rev. ed. Hendrickson Publisher, 1998. — С. 319. — ISBN 978-1-56563-143-4
  2. Meier J. P. A Marginal Jew: The roots of the problem and the person. Yale University Press, 1991. — С. 407. — ISBN 978-0-300-14018-7
  3. (not translated to grc), (not translated to grc), (not translated to grc) et al. Новый Завет
  4. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. – Душанбе, 2010. - С. 10 - 15