Корбар:Кодиров Ф.С./Сиёҳнавис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Фазлиддин Ќодиров номзади илмњои педагогї, дотсенти Донишкадаи соњибкорї ва хидмат

Имкониятњо ва мушкилоти  
рушди индустрияи туризм дар Тољикистон

Мақсади асосии стратегии рушди туризм дар Тољикистон- ин ташаккули соњаи ба рақобат тобовари туристї-рекреатсионї мебошад. Ба њайси яке аз соњањои пешбар ва афзалиятнок табдил додани соњаи туризм дар мамлакат , таъмини талаботи сокинони мамлакат ва сайёњони хориљї нисбат ба хидматрасонињои туристї-рекреатсионї аз вазифањои аввалиндараља буда, бо ин васила ба рушди иљтимої-иктисодии мамлакат бо афзоиши қисми даромад ба буљаи давлат, афзоши инвеститсия, афзоиши шумораи љойњои нави корї, бењдошти саломатии ањолї, бењдошт ва истифодаи мақсадноки мероси таърихї-фарњангї ва табии ноил шудан мумкин аст. Рушди туризм дар њар кадом мамлакат ва ё минтақа аз маљмўи зиёди омилњо, шароитњо ва захирањо вобастагї дорад. Кишварњое, ки дар соњили бањрњо ва ё шароити кўњистон љойгиранд, дар ин миён бартарияти бештар доранд. Тољикистон, ки қисмати бештари онро кўњњо ташкил медињанд мањз метавонад бо фароњам сохтани шароитњои барои рушди туризм созгор бо назардошти имкониятњои љойгиршавии љуғрофї дар љомеаи туристии љањон љойгоњи махсуси худро касб намояд. Дар баробари ин чунин бартариятњо метавонад боиси рушди туризм дар мамлакат гардад: -њамсоягї бо кишварњои пешрафта ва ё рушдкунандаи минтақаи Осиё , аз љумла Чин ва давлатњои пасошўравї; -таърихи куњан ва пурғановат, фарњанги асили миллї (зиёда аз 2000 объектњои дорои ањамияти таърихї, фарњангї ва меъморї); -фарњанги хосаи мењмонпазирої; -иқтидори бойи табиї (зиёда аз 200 чашмањои обњои шифобахш, шумораи зиёди кўлњо ва дарёњои шўхи кўњї, табиати нотакрор, олами бойи њайвоноту наботот) ва ғайра. Дар Љумњурии Тољикистон солњои охир дар самти такмили инфрасохтори туристї тањаввулоти назаррас ба амал омад. Шумораи маљмаањои мењмонхонавии ба меъёрњои байналмилалї созгор бамаротиб афзоиш ёфт. Дар самти барқарор намудан ва замонавї сохтани фонди мењмонхонањои то њол амалкунанда низ тадбирњои мушаххас амали шуда истодаанд. Дар љумњурї имрўз маљмўи зиёди мењмонхонањо, (158 адад) ки тадриљан ба меъёрњои байналмилалї ворид шуда истодаанд амал менамоянд. Мушкилоти умумии ба аксари кулли мењмонхонањо хос-ин мављуд набудани таснифоти онњо вобаста ба шарту шароити пешнињоди хидматрасонї, сатњи сифати хидматрасонї ва амсоли инњо мебошад. Шумораи умумии курорту осоишгоњњои мамлакат ба 67 адад расида, раванди бунёди осоишгоњњои наву замонавї дар мавзеъњои љолибу аз нигоњи экологї тоза ва нуқтањои љойгиршавии обу чашмањои шифобахш идома дорад. Айни њол дар самти пешбурди фаъолияти муассисањои хўроки умум низ тадбирњои зиёд амалї шуда истодаанд. Маљмўи зиёди муассисањои хўроки умум, ки ба меъёрњои миллию байналмилалї љавобгўянд ба сокинон ва мењмонон хидмат мерасонанд. Бо назардошти љойгиршавии љуғрофии Тољикистон ба масъалаи хидматрасонињои маишї дар шафати роњњо диққати љиддї дода мешавад. Њамин аст, ки имрўз бунёди мењмонхонањо, хонањои мењмонпазирої, ошхонањои миллї, тарабхонаву қањвахонањо, истироњатгоњњо дар шафати роњњо босуръат бунёд шуда истодаанд. Љузъи таркибии тиљорати туристиро ташкилотњои туристї, ки ба ташкил ва таъмини кабули сайёњони хориљї машғул мебошанд, ташкил медињанд. Шумораи онњо имрўз ба 90 адад расида љињати ташкили бомароми рушди туризм дао мамлакат басанда нест. Сиёсати давлату њукумати мамлакат дар самти рушди туризм ва бунёди корхонањои нави туристї, таъмини онњо бо кадрњои баландихтисоси ба талаботи бозори мењнат љавобгўй ва таквияти инфрасохтори туристї боиси дастгирї мебошад. Шумораи умумии сайёњони хориљї, ки соли 2013 ба Тољикистон ташриф овардаанд ба 207911 нафар расид. Шумораи умумии мењмонони хориљии ба Тољикистон ташрифоварда дар ин давра ба 320012 нафар расидааст, ки ин дар муқоиса бо соли 2010 8,1 % зиёдтар мебошад. Тамоюлњои рушди индустрияи туризм бо вуљуди то андозае болоравияш бо назардошти имкониятњои туристии мамлакат басанда нест. Омилњои асосиие, ки ба раванди рушди индустрияи туризм дар мамлакат монеа эчод мекунанд, инњоянд: 1. Баъзе аз воситањои ахбори умуми хориљ аз мамлакат симои Тољикистонро барои љомеаи љањонї дар риштаи туризм номусоид муаррифї месозанд; 2. Инфрасохтори начандон рушдкарда ва номусоид барои туризм, шумораи ками муассисањои пешнињодкунандаи маљмўи хидматрасонињо дар мавзеи љойгиршавии объектњои таърихї, фарњангї ва табиии туристї; 3. Таљрибаи начандон бойи субъектњои хољагидорї дар самти бунёди шароити созгор љињати љалби сармоя барои бунёд ва тақвияти инфрасохтори туристї; 4. Норасоии маводи тарғиботї рољеъ ба имкониятњои туристии Тоҷикистон дар хориљи мамлакат; 5. Сатњи начандон баланди хидматрасонї дар сохторњои туристии мамлакат, норасоии таљрибаи кофии фаъолият дар шароити иқтисоди бозорї; 6. Номувофиқатии нархњо бо сифати хидматрасонии пешнињодшаванда ва амсоли инњо. Сиёсати давлату њукумати мамлакат ба он равона гардидааст, ки вобаста ба иқтидорњои қаблан зикргардидаи туристї дар мамлакат ташаккул ва рушди маљмааи ягонаи туристии дорои самараи баланд ва рақобатпазир таъмин карда шуда, љињати қонеъ сохтани талаботи туристии шањрвандони ватанию хориљї тамоми чорањои аввалия андешида шаванд. Аз љониби дигар, бо фароњам овардани шароитњои туристї дар мамлакат болоравии иқтисоди миллї бо шарофати воридшавии андозњо ба буља, афзоши шумораи љойњои нави корї, хифз ва истифодаи мақсадноки мероси таърихї-фарњангї ва иқтидори табиї таъмин хоњад гардид. Тадбирњои андешидашавандаи давлату њукумати мамлакат дар самти рушди индустрияи туризм вобаста ба қонунгузорињо, санадњои меъёрию њуқуқї, консепсияњо ва барномањои давлатї ба татбиқи амалии чунин тадбирњо равона гардидаанд: 1. Ташаккули имиљи Љумњурии Тољикистон њамчун объекти љолиби туристї; 2. Ташаккули мањсулоти миллии туристї ва таъмини сифати он дар мутобиқат бо сатњи љањонї; 3. Рушди комплексии туризм дар асоси дастгирї ва интихоби усулњои оптималии танзими давлатии соња; Љињати рушди пойгоњи моддї-техникии индустрияи туризм дар мамлакат чунин тадбирњо бояд андешида шаванд: 1. Таъмини рушди пойгоњи моддї-техникии туризм тавассути љалби сармояњои ватанию хориљї бо мақсади навсозї ва бунёди объектњои туристї; 2. Боло бурдани афзалиятњои хидматрасонии ба рақобат тобовари нақлиётї (нақлиёти њавої, автомобилї); 3. Коркард ва татбиқи амалии лоињањои ба талабот љавобгўи бунёди иншооти туристї дар мамлакат; 4. Таъмини рушди инфрасохтори туристї дар мавзеъњои амалкунандаи туристии мамлакат (телекоммуникатсия, таъмини обу барқ, таъмин бо таљхизот ва воситањо барои истироњату фароғати сокинон ва мењмонони мамлакат… ); 5. Коркард ва татбиқи амалии барономањои мањалии туристї љињати бунёди муњити фарохи туристї бо истифода аз иқтидорњои туристї дар минтақањои гуногуни мамлакат. Рушди маљмаањои мењмонхонавї бо татбиқи чунин тадбирњо аз қабили:

         1.Бунёди маљмаањои хидматрасонї-мењмонхонавии мутобиқ ба    меъёрњои љањонї, инчунин силсилаи маљмаањо ва мавзеъњои истироњатї;
          2. Навсозии  мењмонхонањо ва дигар воситањои пазирої ва буду боши мењмонњо дар сатњи минтақањо ва татбиқи стандартикунонии онњо вобаста ба таљрибаи байналмилалї;
           3. Бунёди объектњои муосири туристї  (маљмаањои туристии сатњи байналмилалї) тавассути ҷалби сармояи хориљї;
            4. Коркарди лоињањо ва сохтмони объектњои туристї бо инфрасохтори замонавї, аз љумла хонањои мењмонпазироии дорои шароитњои роњат ба назардошти таъмини фаъолият дар тамоми фаслњои сол.

Иљрои тадбирњои зикргардида дар самти рушди иљтимої-иқтисодии Љумњурии Тољикистон нақши њалкунанда хоњад дошт. Тавре таљриба нишон медињад, дар њоли бењдошти ташкили хидматрасонињои туристї ва таъмини туристон бо шароитњои бењтарини истироњату фароғат, имконияти афзоиши кисми даромад ба буља, мустањкамсозии пойгоњи моддии туризм, рушди сармоягузорї ба соња, афзоиши љойњои нави корї ва амсоли инњо таъмин гардида, самараи иљтимоии назаррас хоњад дошт. Татбиқи амалии тадбирњо дар самти рушди индустрияи туризм дар Тољикистон ба рушди соњањои мухталифи иқтисоди мамлакат- соњаи хидматрасонї, хољагии дењот, нақлиёт, алоқа, савдо ва хўроки умум, сохтмон ва навсозии роњњо, ободсозии шањрњо ва нуқтањои ањолинишин, истењсоли мањсулоти армуғонї, инчунин омодасозї ва бозомўзии кадрњо мусоидат намуда, мушкилоти таъмин бо љойњои нави кор, хусусан мушкилоти љавононро дар ин самт њаллу фасл менамояд.