Корбар:Шодӣ Суфиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Масъулияти ҷавонон дар асри ҷаҳонишавӣ

Масъулияти ҷавонон дар асри ҷаҳонишавӣ

ҷавонӣ муҳимтарин марҳилаи ҳаёти инсон ба

шумор меравад, ва инчунин қимматтарин сарвати миллат аст.

Марҳилаи ҷавонӣ ин марҳилаи ба даст овардани донишу таҷриба

ва амал мебошад. Инсоне, ки дар ҷавонӣ соҳиби илму маърифати

фаровон нашавад, дар боқимондаи умри хеш файзи бештар бурда

наметавонад.

Миллати бедор он миллатест, ки барои ҷавононаш

сарпарастию ғамхорӣ карда, дарҳои илму фаъолиятро барояшон

боз мекунад. Аз синни хурдсолӣ омодаашон менамояд, то ки

фахру иззати миллат ва қувваи он гарданд.

Сарбаландии миллат, тараққӣ ва рушди тамоми соҳаҳои

ҳаёт, бар души ҷавонони бофарҳанг буда аз онҳо вобаста

мебошад.

Миллатҳо имрӯз ба ҷавонони қавию ҷиддӣ, обруманд ва

кӯшишкунанда эҳтиёҷ доранд, на ба ҷавонони танбалу бепарвое,

ки фақат дар фикри ҳавову ҳавасанд ва кору омӯзишро

намеписанданд.

Ҷавонон меҳвари аслии ҷомеъа мебошанд. Чунки бо ба

ҳаракат омадани онон ҷомеъа низ ҳаракат карда ва бо

таваққуфашон ҷомеъа низ аз ҳаракат боз меистад.

Аз ин ру Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии

сарвари давлат барои таҳсили ҷавонон ва соҳибкасб гардидани

онҳо тамоми шароитҳоро фароҳам оварда дастгири ва

ғамхориҳои зиёде мекунад. Чуноне, ки Пешвои миллат дар

суханронї бо донишљўёни тољик, ки дар Љумњурии Корея тањсил

мекунанд ва дар симои онњо ба тамоми љавонони миллати тољик

чунин хитоб намуданд: «Ҳукумати Тоҷикистон, бо вуҷуди тамоми

душвориҳо, кӯшиш дорад, ки нисбат ба ҷавонон ғамхори зоҳир

намояд, барои таҳсил ва кору зиндагии онҳо шароити мусоид ба

вуҷуд орад. Зеро ояндаи неку обод, обрӯю нуфузи кишвару давлат

ба шумо, ҷавонон, сахт вобаста аст».

Оре, ҷавонон вазифаҳо ва масъулиятҳое ба дӯш доранд, ки

бинобар талаботи замон ва макон тағйир мекунанд:

1. Аввалан худшиносӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ доштан;

Ҳуввият-маҳсули худшиносии фардӣ ва гуруҳӣ буда ҳар як

миллати қадршинос ба он бояд рўй оварад. Бинобар ин мо

чавонон,бояд пеш аз хама ҳисси худшиносӣ ва дарки ҳуввияти

миллӣ дошта бошем.

2. Инчунин шинохти воқеъи доштан аз бузургони худ; Дар

гаҳвораи тамаддуни тоҷик фарзонагоне тарбия ёфтаанд, ки на

танҳо сарзамини тоҷиконро боргоҳи хирадмандон сохтаанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи

илму маърифат кашондаанд. Аз ин рӯ мо ҷавонон низ бояд

пайрави эшон бошем.

3. Дар баробари ин ҳама аз таърихи миллати худ бояд огоҳ

буд; Таърихи гузаштаи худро донистан бисёр чизи хуб аст, аммо

таърихи садсолаҳои охири миллати тоҷикро донистан барои ҳар

ҷавони тоҷик лозим зарур мебошад.

Мо ҷавонон бояд ин масъулиятҳоро хуб дарёбем ва аз худ

бипурсем, ки оё ҳаққи онҳоро адо намудаем ё на?

Бинобар ин умедворам, ки мо ҷавонон аз суханони

бузургони худ ба масъулиятҳои худ бештар пай бурда ҳарчи

бештар мояи сарбаландӣ ва сарафрозии Миллат хоҳем гардид.

Мо ҷавонон ин Ватанро чун гулистон мекунем,

Дашту куҳи ин Ватанро мисли бустон мекунем.

Дастҳо бар даст ниҳода бо дили пуршавқи худ,

Ҷумла фарди ин Ватанро шоду хандон мекунем.

Бо ҳамон ишқе, ки дар дил ҷой дорад ин Ватан,

Ҳамчу шамъе гашта, онро мулки тобон мекунем.

То даме ҷон ҳаст бар тан, бишнав эй халқи азиз!

Парчамашро руи олам партавафшон мекунем.

Дар замири мо ҷавонон ин чунин бошад шиор:

“Хидмати халқу Ватанро аз дилу ҷон мекунем”

( Шодибеки Суфиён )Масъулияти ҷавонон дар асри ҷаҳонишавӣ