Корбар:AfzuAq/Сиёҳнавис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Нақли кун ба ман, хоҳар/tellme_sister[вироиш | вироиши манбаъ]

mountain girls from Tajikistan

tellme_sister саҳифаест дар шабакаи иҷтимоии Инстаграм, ки аз қиссахои гуногуни ғамгинонаи духтарҳо ва занҳое, ки ба озору азияти мардон рӯ ба рӯ мешеванд, нақл мекунад.

Таърихи саҳифаи tellme_sister[вироиш | вироиши манбаъ]

Ин саҳифаро хонуми 23-сола, Елена Нажметдинова ташкил додааст. Елена пеш аз Инстаграм дар саҳифаи иҷтимоии худ яъне дар Фейсбук ҳам дар бораи ин мушкилӣ нақл карда буд вале ҳеҷ кас ӯро дастгирӣ накарда буд. Сабабаш дар он буд, ки дар саҳифаи Фейсбук бисёре аз истифодакунандагон калонсолон мебошанд. Аммо дар шабакаи Инстаграм бештари истифодакунандагонро ҷавонон ташкил медиҳанд. Аз ҳамин сабаб Елена дар Инстаграм саҳифаи tellme_sister-ро яъне ба забони тоҷикӣ “нақли кун ба ман, хоҳар” кушода буд. Дар ин саҳифа бештари муштариён яъне 70 фоизашро духтарон ташкил медиҳанд. Бачаҳо ҳам дар ин саҳифа обуна ҳастанд, аммо ин бачаҳо ба ин саҳифа барои дастгирӣ наомадаанд. Онхо калимаи “таъқиб”-ро радъ мекунанд. Бештари онхо мегуянд, ки таъқиб дар Тоҷикистон вуҷуд надорад, мугӯяд Елена.  [1]

Таъқиб[вироиш | вироиши манбаъ]

Таъқиб ин калимае ҳаст, ки мардум инро истифода ҳам намебаранд. Бештари шаҳрвандон ҳатто маънои таъқибро дарк намекунанд. Ҳар рӯз духтарҳо ба озор ва азият яъне ба таъқиби гуногун аз тарафи мардон дучор мешаванд. Бештари духтарҳо ҳангоме ба таъқиб дучор мешаванд онҳо дар бораи ин ҳарф намезанад, чунки дар қалбашон тарс аз ҷомеа вуҷуд дорад. Дар Тоҷикистон ҳангоме духтарҳо ба таъкиб аз тарафи мардон дучор мешаванд ҷомеа духтарҳоро гунаҳгор ҳисоб мекунад ва онҳо дар аксар вақтҳо на аз ҷомеа, на аз оила ва на аз дигар мардумон дастгириро ба даст меоранд, ки хело ҳам ғамгиномез мебошад. Ҳатто духтарон ҳангоми ба озору азияти мардон дучор шудан онҳо худашон худро гунаҳкор ҳисоб мекунанд. Бештари духтарҳо фикр мекунанд, ки “шояд ин аз барои либосам буд”, дигаре фикр мекунад, ки “шояд ин аз барои шаб баромаданам ба шаҳр буд” ва ё фикр мекунанд, ки “шояд ин аз барои тоқа баромаданам ба шаҳр буд, ки ман ба таъқиби мардон дучор шудам” ва ғайраҳо. Аммо сабабаш дар чизи дигаре ҳаст, ки духтарон ва занон онро то ҳол дарк карда наметавонанд.

Таҷрибаи духтарон ва занон аз таъқиб[вироиш | вироиши манбаъ]

Вақте Елена ин саҳифаро кушода буд дар як руз қариб 36 қиссаҳоро аз ҷониби духтарон ва занон, ки ба таъқиб дар куча дучор шуда буданд ба даст оварда буд. Еленаро мардҳо ба офридани чунин саҳифа илҳом бахшиданд, ки бештари онҳо ба духтарон чунин ибора мекарданд: “хоҳар, ҳаминхелӣ либосро напуш.... “, “хоҳар, ба хар ҷо нигоҳ накун....”, “хоҳар, айби худатон....” ва ғайраҳо.  Бо чунин ибораҳо аз тарафи мардон ба занон Елена қарор дода буд, ки саҳифаашро дар Инстаграм чунин яъне tellme_sister (нақли кун ба ман, хоҳар) номгузорӣ кунад. [2]Духтарҳо ҳангоми ба куча баромадан аз тарафи мардон гапҳои нахушро мешунаванд, онҳо ба ҳар гуна ламскунӣ ё ин ки озори ҷинсӣ ва дигар мазоқу масхараҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Чӣ хеле ки дар боло зикр карда шуд бештари духтарон ба ҳамин таъқиби кучагӣ дучор мешаванд аз ин ҳодисаҳо нақл намекунанд. Аммо саҳифаи tellme_sister ба чунин духтарон ва занон имконият дод, ки аз таҷрибаи худ нақл кунанд. Дар ин саҳифа қиссахои духтарон, беном ё ин ки анонимӣ нашр мешаванд вале баъзе аз духтарон аз саҳифаи аслиашон қиссаҳояшонро роҳӣ намекунанд.

Мақсади саҳифа[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳадафи асосии ин саҳифа дар он мебошад, ки духтарон тавонанд дар бораи таъқибашон аз тарафи мардон нақл кунанд ва ин саҳифа барои духтарон саҳифаест, ки онҳо дар ин ҷо ҳама вақт дастгирӣ карда мешаванд. Ин саҳифа кушиш мекунад, ки ба мардум расонад, ки таъқиб кардан амали ғайримуқаррарист.

  1. «Расскажи мне, сестра»: Как таджичка в сети призывает девушек не молчать о харассменте | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info.
  2. «Расскажи мне, сестра»: Как таджичка в сети призывает девушек не молчать о харассменте | Новости Таджикистана ASIA-Plus. asiaplustj.info.