Jump to content

Корбар:Burhonov

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Шарҳи ҳоли Оятуллоҳ Ҳусейни Ансориён

Оятуллоҳ Ҳусейни Ансориён аз уламо ва донишмандони Шиа мебошад ки дар Хонсори Исфаҳони Эрон мутаваллид шуда ва даврони таҳсилоти худро дар Наҷафи Ашраф гузаронда ва сипас идомаи зиндагии илмии худро дар Қум гузарондааст. Донишманди мӯҳтарам устод Ҳусейни Ансориён дар моҳи ноябри соли 1944 дар шаҳри олимпарвари Хонсор мутаваллид шуд. Падари ӯ аз хонаводаи мулло мебошад. Ин хонадон аз хонаводаҳои маъруф ва хидматгузори дин будаанд ва олимони боазамате дар ин хонаводаи бузург вуҷуд дорад. Марҳум Оятуллоҳ Шайх Мӯсо Ансориёни Хонсорӣ (р) ҳам ки шахсияти илмӣ ва динии ӯ бар аҳли илм пӯшида нест аз ин хонавода аст. Марҳум Имом Хумайнӣ (р) мефармуд беҳтарин китоби Салот(намоз) дар фиқҳи мактаби аҳли байт(а), китоби марҳум Оятуллоҳ Ансориён мебошад. Ӯ даҳҳо асари илмӣ аз худ ба ҷо гузоштааст ки Маниятут-толиб ки гирдоварии дарси марҳум Ноинӣ аст аз осори илмии он бузургвор мебошад. Дар шаҳри Наҷафи овозадор уламо ба марҷаияти он марҳум баъд аз оятуллоҳул узмо Исфаҳонӣ эътиқод доштанд аммо умри ӯ иҷоза надод ва пеш аз он марҳуми саид аз дунё даргузашт. Хонаводаи модарии устод аз содоти Мустафавии он шаҳр мебошанд ки ҷадди модарии устод аз чеҳраҳои шинохташуда ва амини ваҳй буда ва борҳо иттифоқ меафтод ки уламое ки аз Наҷаф ва Қум ба Хонсор меомаданд ба манзили ӯ ворид мешуданд. Устод дар синни 3 солагӣ хотираеро дар ин маврид баён мекунад : Рӯзе марҳум оятуллоҳул узмо саид Муҳаммадтақии Хонсорӣ (р) ба манзили ҷадди(бобои) мо омада буданд ,ман дар синини кудакӣ дари хонаро кушодам ва яксара ба сӯи оятуллоҳ Хонсорӣ рафтам ва дар бағалаш нишастам. Бобоям ба тарафи ман омад ва мехост ки маро ба хонаи дигар бибарад, вале оятуллоҳ Хонсорӣ бобоямро нагузошт ки ин корро бикунад ва маро навозиш карду пурсид:Дар оянда чӣ мехоҳӣ бишавӣ? Гуфтам: Мехоҳам мисли шумо бишавам. Ӯ дар ҳаққи ман дуо кард. Ҳар гоҳ он хотира дар зеҳнам ҷилвагар мешавад ва ба ёди он чеҳраи малакутӣ ва дуои он бузургвор меафтам, ба яке аз ширинтарин хотираҳои зиндагӣям бармегардам. Устод Ансориён дар севумин баҳори зиндагӣ буд ки дасти тақдир хонаводаи ӯро ба шаҳри Теҳрон овард ва дар яке аз маҳаллаҳои мазҳабии он шаҳр (хиёбони Хуросон) сукунат гузиданд. Меҳвари ӣлмӣ дар он минтақа он вақт мархум оятуллоҳ ҳоҷ шайхАлиакбари Бурҳон (р) буд. Устод дар ҳамон синини кудакӣ аз ҳузури пурфайзи он устоди илоҳӣ баҳраманд шуд. Донишманди мухтарам борҳо ба ин нукта ишора карда мегуяд: То кунун дар миёни шахсиятҳои руҳонӣ ҳеҷ касро мислу монанди ӯ надидаам. Оятуллоҳ Бурҳон ки олиме таҳсилкарда ва муҷтаҳиди вораста буд, дар он рузҳо эмом ҷамоъати масҷиди Лурзода буд. Он олими огоҳ масҷидро чунон идора мекард ки хурдсол ва ҷавон ва пир ба хонаи худо ҷазб шуда буданд.Ҳамчунин он марҳум мадрасаеро дар он минтақа бино кард ки шогирдон аз аввали омузиш таҳти тарбияти бевоситаи он марҳум қарор гирифта буданд. Устод Ансориён яке аз хотираҳои худро дар мавриди марҳум Бурҳон чунин баён мекунад: Борҳо аз он марҳум дар минбар ва дарс шунидаам ки ҳеҷ алоқае надошт дар Теҳрон бимирад ва онҷо дафн шавад, ва ин масала ба сурати дуое даромада буд ки он марҳум бо чашмони ашколуд дар шабзиндадориҳои шабҳои қадр дар моҳи мубораки Рамазон аз худованд инро дархост мекард.Оқибат он бузургвор дар соли 1338ҳш замоне ки ман 14 сола будам дар сафари ҳаҷ дар ҳарами амни павардигор аз дунё рафт ва пайкари поки ӯ дар шаҳри Ҷидда наздики қабри ҳазрати Ҳавво дафн гардид. Дидани чеҳраи малакутии он устоди ахлоқ, ва расму равиши зиндагонии ӯ дар устод асари амиқ бахшид, ба сурате ки устод ҷои холии он бузургворро то кунун низ дар вуҷуди худ эҳсос мекунад. Устод Ансориён аз кудакӣ бо чеҳраҳои илоҳӣ ҳамнишин буд. Чеҳраҳое монанди марҳум оятуллоҳ саид Муҳаммадтақии Ғазанфарӣ (р) эмом ҷамоъати масҷиди Дуроҳи Хонсор маҳаллаи падарии устод дар шаҳри Хонсор ки боз ҳам хотирае аз он марҳум аз забони устод баёнгари ин унс ва улфати руҳонӣ ва маънавӣ устоди муаззам бо бузургон ва фарзонагон аст. Соли аввале ки барои таҳсили улуми динӣ омада будам, ва ин хабар ба марҳум Ғазанфарӣ (р) расид, дар манзили худ ба муносибати талабагии ман меҳмонии ба ёдмонданиеро ташкил кард ва дар он меҳмонӣ аз хешовандони падарӣ ва иддае аз аҳолии маҳалро даъват намуд. Ин меҳмонӣ аз он олими худсохта он ҳам ба муносибати инки ман дар водии илм қадам гузошта будам он ҳам дар синини ҷавонӣ, асари ташвиқии басазое дар ман дошт. Марҳум Ғазанфарӣ (р) олиме худсохта ва содазист буд ва солҳо дар шаҳри Хонсор дар замони шоҳи золим намози ҷумъаро баргузор менамуд. Яке дигар аз он чеҳраҳои малакутӣ марҳум оятуллоҳ Ҳусайни Алавии Хонсорӣ (р) буд. Марҳум Алавӣ аз муҷтаҳидони саршиноси Хонсор буд ва дар маҳаллаи болои Хонсор маҳаллаи модарии устод намози ҷамоъат ва тадрис дошта ва садҳо муҳассили улуми динӣ аз маҳзари ӯ истифодаҳои фаровон бурданд. Ӯ дар ҳоле ки аз шаҳри Наҷафи ашраф ба Хонсор омада буданд ки устодони он бузургвор, муҷтаҳид будани ӯро ба сурати мактуб таъйид ва ошкоро баён намуда буданд. Боз ҳам пои суҳбати устод менишинем ва хотирае аз марҳум оятуллоҳ Алавӣ мешунавем: Соли аввале буд ки либоси махсуси муллои пушида будам ва барои дидани бобои модариям саид Муҳаммадбоқири Мустафавӣ (р) ва бибиам ва хешу табор ба Хонсор рафта будам, яке аз ошноён маро дар хиёбон дид ва гуфт: Оё ҳозири ки даҳ шаб дар масҷиди оқо Асадулло суханронӣ кунӣ? Гуфтам : Бале. Рузи аввале ки ба масҷид рафтам дидам он олими бузургвор марҳум оятуллоҳ Алавӣ дар миёни ҷамъият нишастааст. Тааҷуб кардам ки он олим ва муҷтаҳиди бузургвор барои чӣ дар маҷлиси суханронии касе мисли ман ҷавон омадааст. Бо худ гуфтам: Шояд бо соҳиби маросим робита ва пайванде дошта бошад, аммо бо камоли тааҷуб дидам ки тамоми ин даҳ шаб дар маҷлис ҳозир мешуд, баъд маълум шуд ширкати ӯ ба хотири ташвиқи ман будааст. Яке дигар аз он чеҳраҳои малакутӣ оятуллоҳ саид Муҳаммадалии ибни Ризо Хонсорӣ (домат баракотуҳ) аст ки устод аз кудакӣ ба муносибати хешу таборӣ ки бо эшон доштанд, бо ӯ рафту омади наздик доштаанд.Устод дар хусуси иртибот бо ин олими ахлоқӣ чунин мегуяд:Аз ҳамон даврони кудакӣ як нуктаи асосӣ ва зебо аз ҳазрати ибни Ризо Хонсорӣ (домат баракотуҳ) ки дорои ҷойгоҳи баланди илмӣ ва шахсияти иҷтимоии барҷаста ва қалби соф ва покиза ҳастанд дар зеҳнам нақш баста буд ки : Дар ҳар шаби ҷумъа баъд аз намози хуфтан , зиёрати ҳазрати Абу Абдулло эмом Ҳусайн (а)(дуои машҳури Ворис) ро рост истода ва бо шавқу завқ барои мардум мехонд ки иртиботи он олими бузургвор бо ҳазрати саиди шаҳидон эмом Ҳусайн (а) таьсири мусбате дар руҳияи ман дошт. Аз ҷумла афроде ки устод бо он чеҳраҳо иртибот доштаанд метавон аз марҳум Илоҳии Қумшаӣ(р) ном бурд ки устод дар ҷаласаи ахлоқи он марҳум ширкат карда ва истифодаҳо бурдааст. Маҷмуаи ин авомил омили хонавода ва мураббии ахлоқ боъис шуд ки устод пас аз комил кардани дарсҳои мактаби ҳамагонӣ роҳи мулло шуданро дар пеш гирад ва пас аз машварат бо марҳум Илоҳии Қумшаӣ(р) дарсҳои муллоиро шуруъ мекунад. Таҳсилоти устод дар ду ҳавзаи илмияи Қум ва Теҳрон будааст. Дар Теҳрон омузиши адабиёт (сарфу наҳви арабӣ) оғоз менамояд ва пас аз тамом кардани адабиёт ба маҳзари олими раббонӣ ҳазрати оятуллоҳ Мирзо Алии Фалсафӣ (домат баракотуҳ) дар он рузгор баъд аз марҳум Бурҳон дар масҷиди Лурзода намози ҷамоъат баргузор мекард мерасад ва аз эшон хоҳиш мекунад ки китоби Маъолимул усулро ба сурати хусусӣ барои эшон дарс диҳад. Он олими камназир ки ҷузьи касони ангуштшуморе ҳастанд ки марҳум оятуллоҳул узмо Хуӣ (р) ба сурати навишторӣ муҷтаҳид будани ӯро баён кардааст тақозои устодро мепазирад ва пас аз тамом шудани Лумъатайн ва Маъолимул усул аз маҳзари оятуллоҳ Фалсафӣ дархости иҷоза мекунад то ба ҳавзаи илмияи Қум муҳоҷират кунад. Оятуллоҳ Фалсафӣ устодро ташвиқ намуда ва эшонро бо меҳрубонӣ дар оғуш мегирад ва замоне ки устод дархости насиҳате мекунад ки роҳтушаи ӯ бошад, оятуллоҳ Фалсафӣ ҳадисеро аз паёмбари акрам (с) ба унвони ҳадя ва тушае ба ӯ мефармояд ки: من كان لله كان الله له яъне : Касе ки барои худо бошад, худо ҳам барои ӯст. Устод Ансориён мефармояд : Аз он руз то ба имруз саъй кардам то бо худо бошам ва худо ҳам дар ҳамаи мароҳили зиндагӣ бо ман буд. Оре. Ҳар кас ки бо ӯ бошад худо низ бо ӯ хоҳад буд. Устод дар ҳавзаи илмияи Қум ҳам монанди Теҳрон саъй менамояд бо чеҳраҳои илоҳӣ маьнус бошад. Аз ин ру ба маҳзари марҳум оятуллоҳ ҳоҷ шайх Аббоси Теҳронӣ(р) мерасад ва аз маҳзари бобаракати ӯ баҳраҳои фаровон мебарад. Ҳамчунин дар ҷаласоти ахлоқии марҳум ҳоҷ Ҳусейни Фотимӣ (р) ширкат менамояд ва дар ин замина мефармояд: Ғолиби суханрониҳои ахлоқии оятуллоҳ Фотимӣ ҳамроҳ бо ашки чашм ва шуру ҳол аз ҷониби худи ӯ ва шогирдон буд. Саранҷом ба дасти мубораки марҳум оятуллоҳ ҳоҷ шайх Аббоси Теҳронӣ(р) либоси махсуси руҳоният мепушад ва таҳсилоти худро ин гуна идома медиҳад: Пас аз тамом кардани дараҷаҳои олӣ вориди марҳалаи истинботии фиқҳ (аҳком) ва усули фиқҳ яъне дарси хориҷ мегардад. Дар ин қисмат ҳам аз ҳузури фақеҳони бузургвор: марҳум оятуллоҳ саид Муҳаммад Муҳаққиқ Домод(р), оятуллоҳ Мунтазирӣ, марҳум оятуллоҳ ҳоҷ шайх Абулфазли Наҷафии Хонсорӣ (р) ва махсусан солҳое аз ҳузури марҳум оятуллоҳул узмо ҳоҷ Мирзо Ҳошими Омулӣ(р) истифодаҳо менамояд, ки ҳосили ин давра аз замони таҳсилии устод, гирдоварии матолиби фиқҳ ва усули юоарзиши дарси мархум оятуллоҳул узмо ҳоҷ Мирзо Ҳошими Омулӣ(р) аст ки эшон ба риштаи таҳрир дароварданд, ва баҳсҳои ҳикмат (фалсафа) роаз ҳузури оятуллоҳ Гелонӣ, маъонӣ ва баён ва бадеъро аз маҳзари ҳуҷатул ислом вал муслимин Ҷаводӣ дар Теҳрон истифода намуданд. Лозим ба зикр аст дар паси ин талошҳои чашмгир, муаззамун лаҳ аз донишмандони бузург ва мароҷеъи тақлид монанди марҳум оятуллоҳул узмо Милонӣ (р) ва мархум оятуллохул узмо Охунди Хуросонӣ(р) ва марҳум оятуллоҳ Кумраӣ (р) ва марҳум оятуллохул узмо Гулпойгонӣ(р) ва мархум оятуллохул узмо ҳоҷ саид Аҳмади Хонсорӣ (р) ва мархум оятуллохул узмо Маръашии Наҷафӣ(р) ва мархум оятуллохул узмо эмом Хумайнӣ (р) соҳиби иҷозаҳои илмӣ ва ривоӣ мебошанд. Устод баъд аз таҳсили улуми динӣ ва тамом кардани дараҷаҳои олии ҳавзавӣ (динӣ) ва истифода аз маҳзари бузургон ва устодҳои ҳавзаи илмия барои расидан ба ҳадафи аслии худ ки муҳимтарин масала барои як муҳассили динӣ ба ҳисоб меояд ки ҳамон таҳқиқот ва таьлиф ва таблиғи улуми исломӣ мебошад,ба сахтӣ аз ҳавзаи илмияи Қум ба Теҳрон бармегардад ва то кунун беш аз 30 сол аст ки машғули хидмат дар вазифаҳои илоҳӣ аст. Чаҳор ҳазор навори суханронии бетакрор ва беш аз чиҳил унвон китоб, ҳудуди ҳаштод ҷилд маҳсули зиндагии устод дар Теҳрон мебошад.