Корбар:Gulzira1990/Сиёҳнавис

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

ЧАНД СУХАН ДАР БОРАИ АНЪАНАИ МЎЙБОФӣ ВА НАВЪҲОИ ОН

Дар мақола дар бораи анъанаи суннатии мӯйбофии тоҷикон ва бовару эътиқод ба он маълумоти мухтасар дода шудааст. Муаллиф усулҳои имрӯзаи ороиши муйро баррасӣ намуда, ҳушдор медиҳад, ки баъзе суннатҳои мӯйбофӣ дар ҳолати азбайнравӣ қарор доранд. Калидвожаҳо: фарҳанг, тоҷикон, мўйбофӣ, урфу одат, илму техника.

           Мўйбофӣ як ҷузъи таркибии ороиши мӯй ба шумор меравад, ки миёни занону духтарони тоҷик аз замонҳои қадим то ба имрӯз вобаста ба минтақа ва шароиту муҳит ҳамчун ҳунари анъанавӣ маъмул гардидааст. Ҳамин аст, ки дар тӯли таърих миёни бонувони тоҷик шаклу навъҳои гуногуни мӯйбофӣ ба вуҷуд омадааст. Тарзҳои бофтани мӯй ба ранг, зичиву тунукӣ, дарозиву кутоҳии мӯй, инчунин синну соли ҷавондухтарону занон вобаста аст. Дар гузашта мӯйро, асосан, худи занон  дар хона мебофтанд. Ба ғайр аз ин, шахсони махсусе низ буданд, ки ин амалро бо маҳорати баланд иҷро менамуданд, ки онҳо миёни мардум бо номҳои машшота, мӯйбоф ё мӯйпирой машҳур буданд. Яъне ҳамчун ҳунармандони касбии имрӯза дар гузашта низ шахсоне мавҷуд буданд ва ба ороиши рӯю муй машғул будаанд, ки байти машҳури Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ далели ин гуфтаҳост:

Тори зулфатро ҷудо машшота гар аз шона кард, Дасти он машшота мебояд ҷудо аз шона кард. Маъмулан мӯйҳои духтаронро модаронашон оро медиҳанд. Онҳо ҳангоми бофтани мӯйи духтаракон аз ҳар гуна усули вобаста ба завқ – майдабофӣ, як кокул, ду кокул, ки аксаран мувофиқи синну сол ва либоси мактабӣ мебошад, онро оро медоданд. Дар аксари маврид бофтани мӯй аз тарафи хоҳарон ва дугонаҳо низ ба назар мерасад. Дар китоби “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” вобаста ба навъҳои ороиши мӯй чунин маълумоти умумӣ оварда шудааст: «пилтаи мӯй, пӯпаки мӯй, мӯйи бепилта, кокули пушти сар, кокули пешонӣ, теппакокул, ҷамолак, зулф, каҷак, кокулча, ростак, дукокул, бофти роста, бофти чаппа, себоф, бофти якқабата, бофти дуқабата, бофти сеқабата, чилкокул, қушбофӣ, қилмӯй, бирешиммӯй, мӯйи беҷон, хомбофӣ, пухтабофӣ, занҷирбоф, нимбоф, бофти нимпухта ва нимхом, майдабофӣ, сарбофони арӯс, мӯйи кулӯла, мӯйбурӣ, мӯйи обӣ, мӯйи хокӣ ва ғайра» [1, с.663]. Чуноне ки маълум аст, вобаста ба таърих ва фарҳанги суннатии тоҷикон бофтани мӯй, дароз кардан ва ороиши он асосан хоси занҳо мебошад. Ҳар як зан ва модари тоҷик орзу ва шавқу ҳаваси дароз кардану оро додани мӯйи сари духтарашро дорад. Бинобар ин, модарон аз хурдсолӣ ба парвариш ва нигоҳубини мӯйи онҳо машғул мешаванд. Агар кӯдак каммӯй ва ё мӯйи сари тунук дошта бошад, барои хуб ва ғафс шуданаш, якчанд маротиба мӯйи сари ӯро метарошанд. Духтаракони ҷавон аз наврасӣ ба бофтани мӯй шавқу ҳавас пайдо намуда, бо ҳар гуна маводи ороишӣ, ба мисли пилик, ҷамолак, кокул ва бандҳои махсус мўйҳои худро оро медиҳанд. Ҳамин тариқ кӯшиш менамоянд, то дароз ва зебо шудан аз мӯйи худ хуб муроқибат кунанд. Дар ҳақиқат, мӯйи дарози бофта, зеби ҷавондухтарон аст. Асосан, аз замоҳои қадим духтарони мӯйдароз дар деҳот нисбат ба шаҳрҷойҳо бештар ба назар мерасиданд. Дароз кардани мӯй аз тарзи тарбият ва дар кадом муҳит зиндагӣ кардани духтарон низ вобаста аст. Духтарони деҳот дар муҳити нисбатан суннатӣ, яъне зери назари падару модар ва модаркалонашон ва инчунин бо таъсири бовару эътиқодҳо ба воя расида, аз бурида кӯтоҳ намудани мӯяшон худдорӣ менамоянд. Аммо дар шаҳр ин масъала каме дигар буда, занону духтарони шаҳрӣ нисбат ба занону духтарони деҳот имкониятҳои зиёд доранд ва дар муҳити озод зиндагӣ мекунанд. Онҳо бо таъсири муҳит ва омилҳои дигар бештар ороиши муйи худро дар бурида кӯтоҳ намудан дониста, аз роҳу усулҳои замонавӣ истифода мебаранд. Дар шароити имрӯза бо пешрафти замон ва технология тарзу усули ориши мӯй барои ҷавондухтарон басо васеъ гардидааст. Ҳар як зан ва ё ҷавондухтар метавонад вобаста ба имконияташ аз асбобҳои махсуси ороиши мӯй ва тариқи шабакаи интернетӣ ба таври васеъ истифода намояд. Чунин таъсиргузорӣ ва пешрафти босуръати техникӣ боиси азбайнравии суннати муйбофии тоҷикон гардида истодааст. Аз ин лиҳоз, ҷиҳатии аз байн нарафтани анъанаву суннатҳои миллии хеш зарур донистем, то дар бораи чанде аз усулҳои ороиш ва бофтани муйи қадимии тоҷикон маълумот диҳем: Пичабофӣ – ин навъи ороиши мӯй аслан дар духтаракони хурдсол ва наврас дида мешавад. Ба хотире, ки дар хурдӣ ва наврасӣ мӯйи духтарон ҳоло хеле кам ва кӯтоҳ аст, модарон маҷбуранд барои тез кушода нашудани мӯйи бофтаашон аз ин тарзи бофтани мӯй истифода кунанд. Инчунин ин намуди ороиши мӯй фақат ба кӯдакон ва наврасон зебанда аст. Ҷавондухтарон ин тарзи ороишро истифода намекунанд. Чуноне ки дар боло зикр намудем, Ҳар як синну сол ба худ тарзу намудҲои ороиши мӯйро дорад. Вобаста ба ин мавзӯъ М. А. Ҳомидҷонова зимни таҳқиқоти худ чунин ибрози ақида намудааст: «духтарчаҳои 5-6 соларо аз пешонӣ то болои гӯш ду кокули борик пича бофта, сипас кокулҳоро аз пушти сар мебофтанд» [7, с.145].Паёмномаи фарҳанг. №3 (35), Душанбе, с. 2016, с.88.


Адабиёт

1. Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик [Матн]. – Душанбе, 2015. – Ҷ. 1. 2. Мӯй [Матн] // Фарҳанги забони тоҷикӣ. – М.: Сов. энциклопедия, 1969. – ҷ. 1. – С.807. 3. Мӯй [Матн] // Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе: СИЭСТ, 1984. – Љ.5. – С.21. 4. Нева, Е. «Узелки» в волосах, или накосные украшения женщин Центральной Азии [Текст] // Мероси ниёгон. – 2015. 5. Раҳимов, Д. Дар бораи баъзе шугунҳои тоҷикӣ [Матн]. – Душанбе: Сино, 2003. – С. 58-65. 6. Турсунова, Т. Суннати мӯйбофии мардуми тоҷик [Матн] // Номаи пажӯҳишгоҳ. – 2006. – №13-14. 7. Хамиджанова, М. А. Материальная культура матчинцев [Текст]. – Душанбе: Дониш,1974.