Дар ин рӯйхат аломатҳои роҳ дар Тоҷикистон истифода мешаванд. Аломатҳои роҳ дар Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба аломатҳои роҳе, ки дар Русия ва кишварҳои ИДМ (Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон) истифода мешаванд, шабоҳат доранд, зеро Тоҷикистон то фурӯпошии он дар соли 1991 дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Аломатҳо бо Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "29" июни соли 2017, № 323 "Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ"[1], Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 майи соли 2018, № 1533 "Дар бораи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ"[2]. Қоидаҳои истифода ва истеҳсоли аломатҳо дар стандарти байнидавлатии ГОСТ 32945-2014 муайян карда шудаанд. Тасвири аломатҳои роҳ тибқи стандарти ГОСТ 10807-78 муайян карда шудааст, ки 1 январи соли 1980 дар замони шӯравӣ ҷорӣ шуда буд, аммо дар Федератсияи Русия аз 1 январи соли 2006 эътибори худро пайдо кардааст.
Аломатҳои роҳ дар роҳҳои Тоҷикистон ба категорияҳои зерин тақсим мешаванд:
- аломатҳои огоҳкунанда;
- аломатҳои афзалият;
- аломатҳои манъкунанда;
- аломатҳои дастурдиҳанда;
- аломатҳои иттилоотию ишоратӣ;
- аломатҳои хидматрасонӣ;
- аломатҳои иловагии иттилоотӣ (лавҳачаҳо).
1. Аломатҳои огоҳкунанда
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
1.1
|
|
Гузаргоҳи роҳи оҳан бо ғавчўб
|
|
1.2
|
|
Гузаргоҳи роҳи оҳан бе ғавчўб
|
|
1.3.1
|
|
Роҳи оҳани якхатта
|
Гузаргоҳи роҳи оҳани бо ғавчўб таҷҳизонида нашуда ишорат карда мешавад: 1.3.1 – якхатта, 1.3.2 – духатта ва зиёда аз он.
|
1.3.2
|
|
Роҳи оҳани бисёрхатта
|
1.4.1
|
|
Наздикшавӣ ба гузаргоҳи роҳи оҳан
|
Огоҳии иловагӣ оид ба наздикшавӣ ба гузаргоҳи роҳи оҳан берун аз маҳаллаҳои аҳолинишин.
Аломатҳои 1.4.1-1.4.3 дар тарафи рост ва аломатҳои 1.4.4 – 1.4.6 дар тарафи чапи роҳ гузошта мешаванд.
|
1.4.2
|
|
1.4.3
|
|
1.4.4
|
|
1.4.5
|
|
1.4.6
|
|
1.5
|
|
Бурида гузаштани хатти трамвай
|
|
1.6
|
|
Якдигарро бурида гузаштани роҳҳои аҳамияташон баробар
|
Наздикшавӣ ба ҷойи бурида гузаштани роҳҳои аҳамияташон баробар, ки талаботи банди 165 ҳамин Қоидаҳо амал мекунад.
|
1.7
|
|
Ҷойи бурида гузаштани ҳаракати давродавр
|
|
1.8
|
|
Танзим бо чароғаки роҳнамо
|
Чорроҳа, гузаргоҳи пиёдагард ё қитъаи роҳе, ки дар он ҳаракат бо чароғаки роҳнамо танзим мегардад.
|
1.9
|
|
Пули миёнҷудо
|
Пули миёнҷудо ё гузаргоҳи паром.
|
1.10
|
|
Баромад ба соҳил
|
Баромадан ба маҳалли назди соҳил ё ба соҳил.
|
1.11.1
|
|
Гардиши хатарнок
|
Гардиши роҳ бо радиуси хурд ё дидашавандагии маҳдуд: 1.11.1 – ба дасти рост, 1.11.2 – ба дасти чап.
|
1.11.2
|
|
1.12.1
|
|
Гардишҳои хатарнок
|
Қитъаи роҳ бо гардишҳои хатарнок: 1.12.1 – бо гардиши якум ба дасти рост, 1.12.2 – бо гардиши якум ба дасти чап.
|
1.12.2
|
|
1.13
|
|
Нишебии тез
|
Нишебӣ ё кўтал, ки дар онҳо талаботи махсуси Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ оид ба тартиби ҳаракат дар нишебиҳои тез ва кўталҳои фароз амал мекунад.
Аломатҳои 1.13, 1.14 метавонанд бе лавҳачаи 7.1.1 бевосита пеш аз оғози нишебӣ ё кўтал гузошта шаванд, агар онҳо паси ҳам такрор шаванд.
|
1.14
|
|
Кўтали фароз
|
1.15
|
|
Роҳи лағжонак
|
Қитъаи роҳе, ки қисми мошингарди он лағжонакии баланд дорад.
|
1.16
|
|
Роҳи ноҳамвор
|
Қитъаи роҳе, ки дар қисми мошингарди он ноҳамвориҳо (ноҳамвории мавҷмонанд, барҷастагиҳо, ҷойҳои чўкида, пайвастагиҳои моилнабуда бо пулҳо ва монанди инҳо) доранд.
|
1.17
|
|
Регпарто
|
Қитъаи роҳе, ки дар он имкони аз зери чархи воситаҳои нақлиёт паридани сангреза, шағал ва монанди инҳо мавҷуд аст.
|
1.18.1
|
|
Тангшавии роҳ
|
1.18.1 – тангшавӣ аз ҳарду тараф, 1.18.2 – тангшавӣ аз тарафи рост, 1.18.3 – тангшавӣ аз тарафи чап.
|
1.18.2
|
|
1.18.3
|
|
1.19
|
|
Ҳаракати дутарафа
|
Аввали қитъаи роҳ (қисми мошингард), бо ҳаракати муқобил.
|
1.20
|
|
Гузаргоҳи пиёдагард
|
Гузаргоҳи пиёдагарде, ки бо аломатҳои 5.16.1, 5.16.2 ва (ё) нишонаи 1.14.1 – 1.14.2 ишорат шудааст.
|
1.21
|
|
Кўдакон
|
Қитъаи роҳи наздик ба муассисаи кўдакона (мактаб, лагери солимгардонӣ ва монанди инҳо), ки дар қисми мошингарди он пайдо шудани кўдакон имкон дорад.
|
1.22
|
|
Буриш бо пайроҳаи велосипедгард
|
|
1.23
|
|
Корҳои роҳсозӣ
|
|
1.24
|
|
Рондани чорво
|
|
1.25
|
|
Ҳайвоноти ваҳшӣ
|
|
1.26
|
|
Афтиши сангҳо
|
Қитъаи роҳе, ки дар он фурўравӣ, ярч, афтиши сангҳо имкон дорад.
|
1.27
|
|
Шамоли паҳлуӣ
|
|
1.28
|
|
Тайёраҳои пастпарвоз
|
|
1.29
|
|
Нақб
|
Нақбе, ки дар он равшании сунъӣ мавҷуд нест ё нақбе, ки дидашавандагӣ дар даромадгоҳи он маҳдуд аст.
|
1.30
|
|
Хатарҳои дигар
|
Қитъаи роҳе, ки дар он хатарҳои бо дигар аломатҳои огоҳкунанда пешбининашуда мавҷуданд.
|
1.31.1
|
|
Самти гардиш
|
Самти ҳаракат дар каҷии радиусаш хурди роҳ бо дидашавандагии маҳдуд. Самти гузаштан аз паҳлуи қитъаи роҳи таъмиршаванда.
|
1.31.2
|
|
1.31.3
|
|
Самти ҳаракат дар чорроҳаи "Т" – шакл ё ҷойи ҷудошавии роҳҳо. Самти гузаштан аз паҳлуҳои қитъаи роҳи таъмиршаванда.
|
1.32
|
|
Роҳбандон
|
Минтақаи роҳ, ки дар он роҳбандон ба амал омадааст.
|
1.33
|
|
Канори роҳи хатарнок
|
Минтақаи роҳ, ки дар он ба канори роҳ фуромадан хатарнок аст.
|
1.34
|
|
Ноҳамвории сунъӣ
|
Минтақаи роҳ бо ноҳамвории (ноҳамвориҳои) сунъӣ барои маҷбуран паст намудани суръат.
|
1.35
|
|
Минтақаи хатарноки садамавӣ
|
Аз наздикшавӣ ба қитъаи роҳ, ки дар он зуд – зуд ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ба амал меоянд, огоҳ месозад. Аломат мумкин аст бо яке аз ин лаҳвачаҳо 7.27.1 – 7.27.4, ки намуди хатарро нишон медиҳанд, гузошта шавад.
|
Аломатҳои огоҳкунандаи 1.1, 1.2, 1.5 – 1.30, 1.32 – 1.34 берун аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар масофаи 150 – 300 метр ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин – дар масофаи 50-100 метр то оғози қитъаи хатарнок гузошта мешаванд. Ҳангоми зарурат аломатҳоро дар масофаи дигар низ гузоштан мумкин аст, дар ин ҳолат масофа дар лавҳачаи 7.1.1 нишон дода мешавад.
Аломатҳои 1.13 ва 1.14 бе лавҳачаи 7.1.1 бевосита пеш аз аввали нишебӣ ё баландӣ, агар нишебиҳо ва баландиҳо пайи ҳам такрор шаванд, гузошта мешаванд.
Аломати 1.23 ҳангоми иҷрои корҳои кўтоҳмуддат дар қисми мошингард мумкин аст (бе лавҳачаи 7.1.1) дар масофаи 10-15 метр то ҷойи иҷрои корҳо гузошта шавад.
Аломатҳои 1.1, 1.2, 1.9, 1.10, 1.21, 1.23 ва 1.34 берун аз маҳаллаҳои аҳолинишин такрор мешаванд. Аломати дуюми онҳо дар масофаи на камтар аз 50 метр то оғози қитъаи хатарнок гузошта мешавад.
Аломатҳои 1.21 ва 1.23 дар маҳалҳои аҳолинишин бевосита пеш аз оғозшавии минтақаи хатарнок такрор мешаванд.
Аломатҳои 1.3.1 ва 1.3.2 бевосита пеш аз гузаргоҳи роҳи оҳан гузошта мешаванд.
Аломати 1.32 ба сифати муваққатӣ ё дар аломатҳои тасвирашон ивазшаванда, пеш аз чорроҳае, ки аз он ҷой аз паҳлуи минтақаи роҳи роҳбандоншуда гузаштан имконият дорад, истифода мешавад.
2. Аломатҳои афзалият
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
2.1
|
|
Роҳи асосӣ
|
Роҳе, ки ҳангоми ҳаракат бо он ҳуқуқи афзалиятноки гузаштан аз чорроҳаҳои танзимнашаванда дода шудааст.
|
2.2
|
|
Охири роҳи асосӣ
|
|
2.3.1
|
|
Буриш бо роҳи дуюмдараҷа
|
|
2.3.2
|
|
Пайвастшавии роҳи дуюмдараҷа
|
Пайвастшавӣ аз рост – 2.3.2, 2.3.4, 2.3.6, пайвастшавӣ аз чап – 2.3.3, 2.3.5, 2.3.7.
|
2.3.3
|
|
2.3.4
|
|
2.3.5
|
|
2.3.6
|
|
2.3.7
|
|
2.4
|
|
Роҳ диҳед
|
Ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи буридашаванда ва ҳангоми мавҷуд будани лавҳачаи 7.13 – бо роҳи асосӣ, ҳаракат мекунанд, роҳ диҳад.
|
2.5
|
|
Ҳаракат бидуни бозистӣ манъ аст
|
Ҳаракат бидуни бозистӣ пеш аз хатти бозистӣ ва агар он мавҷуд набошад, – пеш аз канори қисми мошингарди буридашаванда, манъ аст. Ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёте, ки бо роҳи буридашаванда ва ҳангоми мавҷуд будани лавҳачаи 7.13 – бо роҳи асосӣ ҳаракат мекунанд, роҳ диҳад.
Аломати 2.5-ро пеш аз гузаргоҳи роҳи оҳан ё посгоҳи карантин гузоштан мумкин аст. Дар чунин ҳолатҳо ронанда бояд пеш аз хатти бозистӣ ва агар он мавҷуд набошад – пеш аз аломат бозистад.
|
2.6
|
|
Афзалияти ҳаракати муқобил
|
Даромадан ба қитъаи танги роҳ, агар ин амал ҳаракати муқобилро мушкил гардонад, манъ аст. Ронанда бояд ба воситаҳои нақлиёти муқобил, ки дар қитъаи танги роҳ ё дар даромадгоҳи муқобили он қарор доранд, роҳ диҳад.
|
2.7
|
|
Афзалият нисбат ба ҳаракати муқобил
|
Қитъаи танги роҳ, ки ҳангоми ҳаракат бо он ронанда нисбат ба воситаҳои нақлиёти муқобил афзалият дорад.
|
Аломати 2.1 бевосита пеш аз чорроҳа, аз ҷумла бо лавҳачаи 7.13 – пеш аз чорроҳаи нақши мураккабдошта ё дар он роҳи асосӣ самташро тағйир медиҳад, гузошта мешавад. Дар ин ҳолат берун аз маҳаллаҳои аҳолинишин пеш аз чорроҳае, ки дар он роҳи асосӣ самташро тағйир медиҳад, аломати роҳи 2.1 такрор мешавад: аломати якуми 2.1 бо лавҳачаҳои 7.1.1 ва 7.13 дар масофаи 100 то 150 метр то чорроҳа, аломати дуюми 2.1 бо лавҳачаи 7.13 – бевосита пеш аз чорроҳа гузошта мешавад.
Аломати 2.1, ки бо аломати 5.22.1 ё 5.22.2 гузошта шудааст ҳангоми гузаштани ҳамаи чорроҳаҳои маҳалли аҳолинишини дар ҳамин роҳ ҷойгирбуда афзалият медиҳад.
Дар чорроҳаҳои танзимшаванда гузошта шудани аломатҳои 2.1, 2.4, 2.5 бо навбат гузаштани чорроҳаҳо ва қисмҳои мошингарди алоҳидаи роҳро муайян намекунанд, ронандагонро аз он ки чорроҳаҳо ишорат шуда мебошанд, хабардор менамоянд.
Аломатҳои 2.3.1 – 2.3.7 берун аз маҳалли аҳолинишин барои ишорати роҳе, ки дар он ҳангоми гузаштан аз чорроҳа афзалият дода мешаванд, дар масофаи аз 150 то 300 метр то чорроҳа гузошта мешаванд.
Аломати 2.4 бевосита пеш аз чорроҳаҳо ва ҳангоми мавҷуд будани хатти суръатафзоӣ – пеш аз саршавии ин хат гузошта мешавад. Пеш аз чорроҳае, ки дар он роҳи асосӣ самти худро иваз менамояд, аломати 2.4 бо лавҳачаи 7.13 гузошта мешавад.
Берун аз маҳаллаҳои аҳолинишин дар роҳҳои фаршашон мукаммалгардонидашуда, аломати 2.4 бо лавҳачаи 7.1.1 ё 7.1.2 дар масофаи аз 150 то 300 метр то чорроҳа гузошта мешавад. Дар маҳаллаҳои аҳолинишин мумкин аст, аломати 2.4 бо лавҳачаи 7.1.1 ё 7.1.2 дар масофаи аз 50 то 100 метр то чорроҳа гузошта шавад.
3. Аломатҳои манъкунанда
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
3.1
|
|
Даромадан манъ аст
|
Даромадани ҳама воситаҳои нақлиёт ба самти додашуда манъ аст.
|
3.2
|
|
Ҳаракат манъ аст
|
Ҳаракати тамоми воситаҳои нақлиёт манъ аст.
|
3.3
|
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ аст
|
|
3.4
|
|
Ҳаракати автомобилҳои боркаш манъ аст
|
Ҳаракати автомобилҳои боркаш ва ҳайатҳои воситаҳои нақлиёт бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёда аз 3,5 т (агар дар аломат вазн нишон дода нашуда бошад) ё бо вазни ниҳоии ҷоизи зиёдтар аз вазне, ки дар аломат нишон дода шудааст, ҳамчунин тракторҳо ва мошинҳои худгард манъ аст.
Аломати 3.4 ҳаракати автомобилҳои боркашеро, ки дар бари кузовашон хатти сафеди моил доранд ё барои интиқоли одамон пешбинӣ шудаанд, манъ намекунад.
|
3.5
|
|
Ҳаракати мототсиклҳо манъ аст
|
|
3.6
|
|
Ҳаракати тракторҳо манъ аст
|
Ҳаракати тракторҳо ва мошинҳои худгард манъ карда мешавад.
|
3.7
|
|
Ҳаракат бо ядак манъ аст
|
Ҳаракати автомобилҳои боркаш ва тракторҳо бо ҳар кадом навъи ядакҳо, ҳамчунин кашида бурдани воситаҳои нақлиёти механикӣ манъ карда мешавад.
|
3.8
|
|
Ҳаракати аспу аробаҳо манъ аст
|
Ҳаракати аспу аробаҳо (чанаҳо), ҳайвоноти саворӣ ва боркашӣ, ҳамчунин рондани чорво манъ карда мешавад.
|
3.9
|
|
Ҳаракат бо велосипедҳо манъ аст
|
Ҳаракати велосипедҳо ва мопедҳо манъ карда мешавад.
|
3.10
|
|
Ҳаракати пиёдагардон манъ аст
|
|
3.11
|
|
Маҳдудияти вазн
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт, аз ҷумла ҳайати воситаҳои нақлиёте, ки вазни умумии воқеии онҳо аз нишондоди аломат зиёд аст, манъ карда мешавад.
|
3.12
|
|
Маҳдудияти вазни ба меҳвари воситаи нақлиёт меомада
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки дар онҳо вазни воқеии ба ягон меҳвари меомада аз нишондоди аломат зиёд аст, манъ карда мешавад.
|
3.13
|
|
Маҳдудияти баландӣ
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки баландии андозавии онҳо (бо бор ё бе бор) аз нишондоди аломат зиёд аст, манъ карда мешавад.
|
3.14
|
|
Маҳдудияти бар
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки бари андозавии онҳо (бо бор ё бе бор) аз нишондоди аломат зиёд аст, манъ карда мешавад.
|
3.15
|
|
Маҳдудияти дарозӣ
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте (ҳайатҳои воситаҳои нақлиёт), ки дарозии андозавии онҳо (бо бор ё бе бор) аз нишондоди аломат зиёд аст, манъ карда мешавад.
|
3.16
|
|
Маҳдудияти фосилаи ҳадди ақал
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо фосилаи байни онҳо, ки аз нишондоди аломат кам аст, манъ карда мешавад.
|
3.17.1
|
|
Гумрук
|
Дар назди гумрук (нуқтаи назорат) бе бозистӣ гузаштан манъ аст.
|
3.17.2
|
|
Хатар
|
Бо сабаби ҳодисаи роҳу нақлиёт, садама, сўхтор ё хатари дигар ҳаракати ҳамаи воситаҳои нақлиёт бе истисно манъ аст.
|
3.17.3
|
|
Назорат
|
Гузаштан аз пункти назоратӣ бе бозистӣ манъ аст.
|
3.18.1
|
|
Гардиш ба рост манъ аст
|
|
3.18.2
|
|
Гардиш ба чап манъ аст
|
|
3.19
|
|
Тобхўрӣ манъ аст
|
Тоб хўрдан манъ аст, дар ин ҳолат гардиш ба тарафи чап иҷозат дода мешавад.
|
3.20
|
|
Сабқат манъ аст
|
Сабқати тамоми воситаҳои нақлиёт, ғайр аз воситаҳои нақлиёти сустҳаракат, аспу аробаҳо, мопедҳо ва мототсиклҳои дучархаи бе фойтун, манъ аст.
|
3.21
|
|
Охири минтақаи манъи сабқат
|
|
3.22
|
|
Cабқат барои автомобилҳои боркаш манъ аст
|
Сабқат барои автомобилҳои боркаше, ки вазни ниҳоии ҷоизашон зиёда аз 3,5 т аст манъ аст.
|
3.23
|
|
Охири минтақаи манъи сабқат барои автомобилҳои боркаш
|
|
3.24
|
|
Маҳдудияти суръати ниҳоӣ
|
Ҳаракат бо суръате, ки аз суръати (км/соат) дар аломат нишондодашуда зиёд мебошад, манъ аст.
|
3.25
|
|
Охири минтақаи маҳдудияти суръати ниҳоӣ
|
|
3.26
|
|
Додани сигнали овозӣ манъ аст
|
Истифодабарии сигналҳои овозӣ, ғайр аз ҳолатҳое, ки сигнал барои пешгирии ҳодисаи роҳу нақлиёт дода мешавад, манъ аст.
|
3.27
|
|
Бозистӣ манъ аст
|
Бозистӣ ва таваққуфи воситаҳои нақлиёт манъ аст.
|
3.28
|
|
Таваққуф манъ аст
|
Таваққуфи воситаҳои нақлиёт манъ аст.
|
3.29
|
|
Таваққуф дар рўзҳои тоқи моҳ манъ аст
|
|
3.30
|
|
Таваққуф дар рўзҳои ҷуфти моҳ манъ аст
|
Ҳангоми дар як вақт дар тарафҳои муқобили қисми мошингард истифодабарии аломатҳои 3.29 ва 3.30 таваққуф дар ҳарду тарафи қисми мошингард иҷозат дода мешавад аз соати 19 то 21 (вақти ҷойивазкунонӣ).
|
3.31
|
|
Охири минтақаи ҳамаи маҳдудиятҳо
|
Ифодаи охири минтақаи амали яквақтаи якчанд аломатҳо аз қабили: 3.16, 3.20, 3.22, 3.24, 3.26 — 3.30.
|
3.32
|
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои хатарнок манъ аст
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори хатарнок" таҷҳизонида шудаанд, манъ аст.
|
3.33
|
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои тарканда ва зудоташгиранда манъ аст
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли моддаҳо ва маҳсулотҳои тарканда, инчунин дигар борҳои хатарноке, ки бояд ҳамчун зудоташгиранда тамғагузорӣ шаванд, ғайр аз ҳолатҳои бо тартиби муқаррарнамудаи қоидаҳои махсуси интиқол ба миқдори маҳдуд интиқол намудани моддаҳо ва маҳсулотҳои хатарноки мазкур, манъ аст.
|
3.34
|
|
Ҳаракати автобусҳо манъ аст
|
Ҳаракати автобусҳо ва микроавтобусҳо, ки ба интиқоли мусофирон машғуланд, манъ аст.
|
3.35
|
|
Охири минтақаи манъи ҳаракати автобусҳо
|
|
Аломатҳои 3.2 – 3.9, 3.32, 3.33 ва 3.34 ҳаракати намудҳои дахлдори воситаҳои нақлиётро ба ҳар ду самт манъ мекунанд.
Амали аломатҳо дахл надорад:
3.1-3.3, 3.18.1, 3.18.2, 3.19, 3.27 – ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ;
3.2, 3.3, 3.5-3.8 – ба воситаҳои нақлиёти корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи тоҷик", ки дар бари кузовашон хатти сафеди моил ба тагранги кабуд доранд, раёсатҳои истифодабарии роҳҳои автомобилгард, хоҷагиҳои манзилию коммуналӣ, корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди Раёсати бозрасии давлатии худрав ва воситаҳои нақлиёте, ки хидматрасонии корхонаҳои дар минтақаи ифодашуда ҷойгирбударо анҷом медиҳанд, ҳамчунин ба шаҳрвандони дар минтақаи ифодашуда кор ё зиндагӣ мекунанд мансубанд ё хидмат мерасонанд, ҳангоми набудани дигар роҳҳои воридшавӣ. Чунин воситаҳои нақлиёт бояд аз чорроҳаи наздиктарин ба минтақаи ифодашуда дохил шаванд ва аз он берун бароянд;
3.28-3.30 ба воситаҳои нақлиёти корхонаи воҳиди давлатии "Почтаи тоҷик", ки дар бари кузовашон хатти сафеди моил ба тагранги кабуд доранд, корхонаи давлатии ҷумҳуриявии махсусгардонидашудаи васлу истифодаи назди Раёсати бозрасии давлатии худрав, инчунин ба таксие, ки таксометраш ба кор андохта шудааст;
3.2, 3.3, 3.28 – 3.30 ба воситаҳои нақлиёте, ки аз тарафи маъюбони гурўҳҳои I ва II идора карда мешаванд, чунин маъюбон ё кўдакони маъюбро интиқол медиҳанд, агар дар чунин воситаҳои нақлиёт аломати фарқкунандаи "Маъюб" насб шуда бошад. Амали аломатҳои 3.18.1, 3.18.2 дар буриши қисмҳои мошингарде, ки пеш аз онҳо аломат гузошта шудааст, паҳн мегардад.
Минтақаи амали аломатҳои 3.16, 3.20, 3.22, 3.24, 3.26–3.30 – аз ҷойи гузошташудаи аломат то чорроҳаи наздиктарини баъди он ва дар маҳаллаҳои аҳолинишин, ҳангоми мавҷуд набудани чорроҳа – то охири маҳалли аҳолинишин. Амали аломатҳои мазкур дар ҷойҳои баромад аз ҳудуди ҳамшафати роҳ ва дар ҷойҳои буриш (пайвастшавӣ) бо роҳҳои саҳроӣ, ҷангалӣ ва дигар роҳҳои дуюмдараҷае, ки пеш аз онҳо аломатҳои дахлдор гузошта нашудаанд, қатъ намегардад.
Аломати 3.24, ки пеш аз маҳалли аҳолинишини бо аломати 5.22.1 ё 5.22.2 ифодашуда гузошта шудааст, то ҳамин аломат амал мекунад.
Минтақаи амали аломатҳо метавонанд маҳдуд карда шавад:
- барои аломатҳои 3.16 ва 3.26 бо истифодаи лавҳачаи 7.2.1;
- барои аломатҳои 3.20, 3.22, 3.24 мутобиқан бо гузоштани аломатҳои 3.21, 3.23, 3.25 ё истифодаи лавҳачаи 7.2.1 дар охири минтақаи амали онҳо. Минтақаи амали аломати 3.24 мумкин аст кам карда шавад бо гузоштани аломати 3.24, ки суръати дигари ниҳоии ҳаракатро муайян мекунад;
- барои аломатҳои 3.27-3.30 бо гузоштани аломатҳои такрории 3.27-3.30 бо лавҳачаи 7.2.3 ё истифодаи лавҳачаи 7.2.2. дар охири минтақаи амали онҳо. Аломати 3.27 метавонад якҷоя бо нишонаи 1.4, аломати 3.28 бошад, бо нишонаи 1.10 истифода гардад, Дар ин ҳолат минтақаи амали аломатҳо бо дарозии хатти нишонаи роҳ, муайян карда мешавад.
Амали аломатҳои 3.10, 3.27-3.30 танҳо ба ҳамон тарафи роҳ, ки дар он аломатҳо гузошта шудаанд, дахл доранд.
4. Аломатҳои дастурдиҳанда
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
4.1.1
|
|
Ҳаракат ба пеш
|
Аломатҳои 4.1.1-4.1.6 ҳаракатро танҳо ба самти нишондодаи ақрабакҳо, иҷозат медиҳанд. Аломатҳое, ки гардишро ба тарафи чап иҷозат медиҳанд, тоб хўрданро низ аз канори чапи роҳ иҷозат медиҳанд.
Аломатҳои 4.1.1-4.1.6 метавонанд бо шакли маҷмўи ақрабакҳое, ки ба самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракат дар буришгоҳи муайян мутобиқанд, гузошта шаванд.
|
4.1.2
|
|
Ҳаракат ба тарафи рост
|
4.1.3
|
|
Ҳаракат ба тарафи чап
|
4.1.4
|
|
Ҳаракат ба пеш ё ба тарафи рост
|
4.1.5
|
|
Ҳаракат ба пеш ё ба тарафи чап
|
4.1.6
|
|
Ҳаракат ба тарафи рост ё чап
|
4.2.1
|
|
Гузаштани монеа аз тарафи рост
|
Гузаштан аз монеа танҳо ба тарафи дар ақрабак нишондодашуда иҷозат дода мешавад.
|
4.2.2
|
|
Гузаштани монеа аз тарафи чап
|
4.2.3
|
|
Гузаштани монеа аз тарафи рост ё чап
|
Гузаштан аз ҳар ду паҳлуи монеа иҷозат дода мешавад.
|
4.3
|
|
Ҳаракати давродавр
|
Ҳаракат ба самте, ки ақрабакҳо нишон медиҳанд, иҷозат дода мешавад.
|
4.4
|
|
Ҳаракати автомобилҳои сабукрав
|
Ҳаракат танҳо барои автомобилҳои сабукрав, автобусҳо, воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, автомобилҳои боркаше, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3,5 тонна зиёд нест ва мототсиклҳо иҷозат дода мешавад.
|
4.5.1
|
|
Пайроҳаи велосипедгард
|
Танҳо ҳаракат дар велосипедҳо иҷозат дода мешавад ва дар ҳолати мавҷуд набудани пиёдароҳа ё пайроҳаи пиёдагард – ҳаракати пиёдагардон, дар ин ҳолат пиёдагардон набояд барои ҳаракати велосипедронон монеа эҷод кунанд. Дар аломат иловатан мумкин аст суроби пиёдагард кашида шавад.
|
4.5.2
|
|
Охири пайроҳаи велосипедгард
|
Охири аломати 4.5.1. Дар аломат иловатан мумкин аст суроби пиёдагард кашида шавад.
|
4.6.1
|
|
Пайроҳаи пиёдагард
|
Танҳо ҳаракати пиёдагардон иҷозат дода мешавад, дар ҳолати набудани пайроҳаи велосипедгард – ва дар велосипед, дар ин ҳолат велосипедронон набояд ба ҳаракати пиёдагардон монеа эҷод кунанд. Дар аломат мумкин аст иловатан суроби велосипед кашида шавад.
|
4.6.2
|
|
Охири пайроҳаи пиёдагард
|
Охири аломати 4.6.1. Дар аломат иловатан мумкин аст суроби велосипед кашида шавад.
|
4.7
|
|
Маҳдудияти суръати ҳадди ақал
|
Ҳаракат танҳо бо суръати нишондодашуда ё аз он зиёдтар (км/соат) вале на зиёдтар аз суръати дар бандҳои 106 ва 107 Қоидаҳо нишондодашуда иҷозат дода мешавад.
|
4.8
|
|
Охири минтақаи маҳдудияти суръати ҳадди ақал
|
Охири минтақаи амали аломати 4.7.
|
4.9.1
|
|
Самти ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо борҳои хатарнок
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки бо аломати фарқкунандаи "Бори хатарнок" ҷиҳозонида шудаанд, танҳо ба чап иҷозат дода мешавад.
|
4.9.2
|
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки бо аломати фарқкунандаи "Бори хатарнок" ҷиҳозонида шудаанд, танҳо мустақиман, иҷозат дода мешавад.
|
4.9.3
|
|
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт, ки бо аломати фарқкунандаи "Бори хатарнок" ҷиҳозонида шудаанд, танҳо ба рост, иҷозат дода мешавад.
|
Амали аломатҳои 4.1.1 – 4.1.6, ки пеш аз чорроҳа гузошта шудааст, ба тамоми ҳудуди чорроҳа дахл дорад, агар аломатҳои 4.1.1 – 4.1.6 ё 5.8.1, 5.8.2, ки дар он гузошта шудаанд, дигар супориш (дастур) надиҳанд. Амали аломатҳои 4.1.1 – 4.1.6 ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, ки бо хатсайри муқарраршуда ҳаракат мекунанд, дахл надорад.
Амали аломати 4.1.1, ки баъд аз чорроҳа гузошта шудааст, то чорроҳаи навбатии ифодашуда, эътибор дорад. Минтақаи амали аломати мазкур мумкин аст бо истифодаи лавҳачаи 7.2.1 кам карда шавад.
Аломатҳои 4.2.1 ва 4.2.2 метавонанд гурўҳи (на кам аз се аломат) барои ифода намудани хатти тамоил доштани траекторияи ҳаракати воситаҳои нақлиётро, аз монеа барои ҳаракат дар роҳ, истифода шаванд.
Амали аломатҳои 4.4, 4.7, ки бо лавҳачаи 7.14 гузошта шуда ва дар болои хатти ҳаракат ҷойгир карда шудаанд, танҳо ба ҳамин хатти ҳаракат дахл доранд. Ҳангоми мавҷуд набудани лавҳачаи 7.14 амали аломатҳои мазкур ба ҳамаи хатҳои қисми мошингарди роҳи ҳамин самт паҳн мегардад. Амали аломатҳои 4.4, 4.7, ки тасвири онҳо дар сатҳи аломатҳои 5.8.1, 5.8.2, 5.8.7, 5.8.8 кашида шудааст, ба хатҳои ҳаракати мувофиқ паҳн мегардад.
Амали аломатҳои 4.9.1 – 4.9.3 ба чорроҳаи наздиктарин паҳн мегардад.
5. Аломатҳои иттилоотию ишоратӣ
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
5.1
|
|
Шоҳроҳ
|
Аломатҳои 5.1 ва 5.2 оид ба аввал ва охири роҳе, ки дар он талаботи махсуси муқарраркардаи Қоидаҳо оид ба тартиби ҳаракат дар шоҳроҳҳо амал мекунанд.
|
5.2
|
|
Охири шоҳроҳ
|
5.3
|
|
Роҳ барои автомобилҳо
|
Роҳе, ки танҳо барои ҳаракати автомобилҳо, автобусҳо ва мототсиклҳо пешбинӣ шудааст.
|
5.4
|
|
Охири роҳ барои автомобилҳо
|
Амали аломати роҳи 5.3-ро бекор мекунад.
|
5.5
|
|
Роҳи ҳаракати яктарафа
|
Роҳ ё қисми мошингарде, ки дар он ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо тамоми паҳноиаш ба як самт анҷом дода мешавад.
|
5.6
|
|
Охири роҳи ҳаракати яктарафа
|
Амали аломати роҳи 5.3-ро бекор мекунад.
|
5.7.1
|
|
Баромад ба роҳи ҳаракати яктарафа
|
Баромад ба роҳ ё қисми мошингарде, ки дар он ҳаракати воситаҳои нақлиёт танҳо ба самти дар аломат нишондодашуда иҷозат дода мешавад.
|
5.7.2
|
|
5.8.1
|
|
Самти ҳаракат бо хатҳо
|
Шумораи хатҳо ва самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракат дар ҳар кадоми онҳо.
|
5.8.2
|
|
Самти ҳаракат бо хат
|
Самтҳои (самти) иҷозатдодашудаи ҳаракат бо хат.
Дар аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2 мумкин аст маълумот дар бораи маҳдудиятҳои ҳаракат дар роҳ дар чорроҳа (кашидани тасвирҳои аломатҳои манъкунанда ё дастурдиҳанда) инъикос карда шавад. Аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2, ки гардишро ба тарафи чап аз хатти охирини чап иҷозат медиҳанд, тоб хўрданро низ аз ин хат иҷозат медиҳанд. Шакли тирчаҳо мумкин аст вобаста ба шакли чорроҳаи мушаххас тағйир дода шаванд. Амали аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2, ки пеш аз чорроҳа гузошта шудаанд, ба тамоми чорроҳа дахл дорад, агар дигар аломатҳои 5.8.1, 5.8.2 ё 4.1.1 – 4.1.6, ки дар чорроҳа гузошта шудаанд, дастурҳои дигар надиҳанд. Амали аломатҳои 5.8.1 ва 5.8.2 ба воситаҳои нақлиёти маршрутӣ дахл надоранд.
|
5.8.3
|
|
Аввали хат
|
Аввали хатти иловагӣ дар кўтал ё хатти боздорӣ. Агар дар аломате, ки пеш аз хатти иловагӣ гузошта шудааст, тасвири аломати 4.4 ё 4.7 кашида шуда бошад, он гоҳ ронандаи воситаи нақлиёте, ки бо назардошти талаботи аломатҳои мазкур бо хатти асосӣ ҳаракатро идома дода наметавонад, бояд ба хатти иловагии ҳаракат, ҷой иваз кунад.
|
5.8.4
|
|
Аввали қитъаи хатти миёнаи роҳҳои сехатта, ки барои ҳаракат ба самти додашуда, пешбинӣ шудааст ё аввали хатти боздорӣ барои гардиш ба чап, ё ин ки тобхўрӣ. Агар дар аломати 5.8.4 аломате тасвир шуда бошад, ки ҳаракати ягон намуди воситаи нақлиётро манъ намояд, он гоҳ ҳаракати ин гуна воситаҳои нақлиёт бо хатти мазкур манъ аст.
|
5.8.5
|
|
Охири хат
|
Охири хатти иловагӣ дар кўтал ё хатти суръатафзоӣ.
|
5.8.6
|
|
Охири хатти барои ҳаракат ба самти додашуда пешбинӣ шудааст.
|
5.8.7
|
|
Самти ҳаракат бо хатҳо
|
Агар дар аломати 5.8.7 тасвири аломатҳои манъкунанда ё дастурдиҳандаи ягон намуди воситаи нақлиёт кашида шуда бошад, он гоҳ маҳдудиятҳои зикршуда, шароит ё тартиби ҳаракат ба хатти дахлдор ҷорӣ карда мешавад.
Қисми аломатҳои 5.8.7, 5.8.8, ки шумораи хатҳоро барои ҳаракати самти муқобил нишон медиҳанд, метавонанд дар намуди аломатҳои алоҳида иҷро карда шуда дар масофаи хурд аз якдигар гузошта шаванд.
Аломати 5.8.7 мутобиқан бо шумораи тирчаҳо метавонад дар роҳҳои дорои чор ва зиёда аз он хатҳо истифода шавад.
|
5.8.8
|
|
5.8.9
|
|
Шумораи хатҳо
|
Шумораи хатҳои ҳаракат ва тартиби ҳаракат бо хатҳоро нишон медиҳад. Ронанда вазифадор аст, ки талаботи аломатҳои дар тирҳо кашидашударо иҷро намояд.
|
5.9
|
|
Хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ
|
Хатте, ки танҳо барои ҳаракати воситаҳои нақлиёти маршрутии бо анбўҳи умумии воситаҳои нақлиёт ҳамсафар пешбинӣ шудааст.
Амали аломат ба хатте дахл дорад, ки аломати мазкур дар болои он ҷойгир аст. Амали аломате, ки аз тарафи рости роҳ гузошта шудааст, ба хатти канори тарафи рост дахл дорад.
|
5.10.1
|
|
Роҳ бо хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ
|
Роҳе, ки ҳаракати воситаҳои нақлиёти маршрутӣ бо он мувофиқи хатти махсуси ҷудокардашуда ба муқобили анбўҳи асосии воситаҳои нақлиёт анҷом дода мешавад.
|
5.10.2
|
|
Баромад ба роҳи дорои хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ
|
|
5.10.3
|
|
5.10.4
|
|
Охири роҳи дорои хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти маршрутӣ
|
|
5.11.1
|
|
Ҷой барои тобхўрӣ
|
Гардиш ба дасти чап манъ аст.
|
5.11.2
|
|
Минтақа барои тобхурӣ
|
Дарозии минтақа барои тобхурӣ. Гардиш ба дасти чап манъ аст.
|
5.12
|
|
Истгоҳи автобус ва (ё) троллейбус
|
|
5.13
|
|
Истгоҳи трамвай
|
|
5.14
|
|
Таваққуфгоҳи таксиҳои сабукрав
|
Аломат минтақаро дар қисми мошингарди роҳ ё майдони махсусро , ки танҳо барои таваққуфгоҳи таксиҳои сабукрав пешбинӣ шудааст, ифода мекунад.
|
5.15
|
|
Таваққуфгоҳ (ҷойи таваққуф)
|
Аломат майдони махсус, минтақаро дар қисми мошингарди роҳ ё дар роҳи пиёдагард ифода мекунад, ки барои таваққуфи воситаҳои нақлиёт ҷудо карда шудааст. Барои аниқ намудани самти ҳаракат, масофа то майдони махсус ва шароитҳои иҷозат додашудаи таваққуф дар он бо аломати 5.15, метавонанд лавҳачаҳо истифода шаванд.
|
5.16.1
|
|
Гузаргоҳи пиёдагард
|
Аломатҳо минтақаро барои гузаштани пиёдагардон аз қисми мошингарди роҳ ифода мекунанд. Ҳангоми дар гузаргоҳ мавҷуд набудани нишонаи 1.14.1 ё 1.14.2 аломати 5.16.1 дар тарафи рости аз роҳ дар ҳудуди наздиктарини гузаргоҳ нисбати воситаҳои нақлиёти наздикшаванда гузошта мешавад.
|
5.16.2
|
|
Аломатҳо минтақаро барои гузаштани пиёдагардон аз қисми мошингарди роҳ ифода мекунанд. Ҳангоми дар гузаргоҳ мавҷуд набудани нишонаи 1.14.1 ё 1.14.2 аломати 5.16.2 дар тарафи чап аз роҳ дар ҳудуди дуртарини гузаргоҳ нисбати воситаҳои нақлиёти наздикшаванда гузошта мешавад.
|
5.17.1
|
|
Гузаргоҳи пиёдагарди зеризаминӣ
|
Ҷойеро нишон медиҳад, ки пиёдагардон метавонанд бехавф аз роҳ бо ёрии гузаргоҳи пиёдагардии зеризаминӣ гузаранд.
|
5.17.2
|
|
5.17.3
|
|
Гузаргоҳи пиёдагарди рўйизаминӣ
|
Ҷойеро нишон медиҳад, ки пиёдагардон метавонанд бехавф аз роҳ бо ёрии гузаргоҳи пиёдагардии рўйизаминӣ гузаранд.
|
5.17.4
|
|
5.18
|
|
Суръати тавсияшаванда
|
Суръате, ки бо он дар қитъаи додашудаи роҳ ҳаракат кардан тавсия мешавад. Минтақаи амали аломат то чорроҳаи наздиктарин мебошад ва ҳангоми якҷоя истифода кардани аломати 5.18 бо аломати огоҳкунанда амали он бо дарозии қитъаи хатарнок муайян карда мешавад.
|
5.19.1
|
|
Бунбаст
|
Роҳи сарбастаеро нишон медиҳад, ки ҳаракати гузаро ғайриимкон аст, вале ҳаракатро ба самти бунбаст манъ намекунад.
|
5.19.2
|
|
5.19.3
|
|
5.20.1
|
|
Ишораи пешакии самтҳо
|
Самти ҳаракат ба сўйи маҳалҳои аҳолинишин ё дигар иншоотро нишон медиҳад. Дар аломатҳо мумкин аст, рамзҳои шоҳроҳ, майдони ҳавоӣ, тасвирҳои аломатҳои 5.29.1, 5.29.2, инчунин дигар рамзҳо ва аломатҳои аз хусусиятҳои ҳаракат дар роҳ хабардоркунанда нишон дода шаванд. Дар қисми поёни аломати 5.20.1 масофа аз ҷойҳои гузоштани он то чорроҳа ё аввали хатти боздорӣ нишон дода мешавад.
Аломати 5.20.1 ҳамчунин барои нишон додани роҳи нақшаи хатсайри гузаштан аз паҳлуи қитъаҳои роҳе, ки дар онҳо яке аз аломатҳои манъкунандаи 3.4, 3.6, 3.11, 312, 313 – 3.15 гузошта шудааст, истифода мегардад. Дар ин ҳолат дар аломат бояд нақшаи хатсайри гузаштан аз бари монеа ва тасвири аломати манъкунандаи дахлдор кашида шавад.
|
5.20.2
|
|
Ишораи пешакии самт
|
5.20.3
|
|
Нақшаи ҳаракат
|
Хатти сайр, ҳангоми дар чорроҳа манъ будани баъзе манёврҳо ё самтҳои иҷозатдодашудаи ҳаракат дар чорроҳаи мураккаб.
|
5.21.1
|
|
Ишораи самтҳо
|
Самти (самтҳои) ҳаракат ба сўйи маҳалҳои аҳолинишин ё дигар иншоотро нишон медиҳад. Дар аломатҳо мумкин аст, масофа то иншооти дар онҳо зикршуда (км), рамзҳои шоҳроҳ, майдони ҳавоӣ, тасвирҳои аломатҳои 5.29.1, 5.29.2, инчунин дигар рамзҳо ва аломатҳои аз хусусиятҳои ҳаракат дар роҳ хабардоркунанда, нишон дода шаванд.
|
5.21.2
|
|
5.22.1
|
|
Аввали маҳалли аҳолинишин
|
Ном ва саршавии маҳалли аҳолинишине, ки дар он талаботи махсуси муқарраркардаи Қоидаҳо оид ба тартиби ҳаракат дар маҳаллҳои аҳолинишин, амал мекунад.
|
5.22.2
|
|
5.23.1
|
|
Охири маҳалли аҳолинишин
|
Ҷойи роҳ, ки аз он талаботи махсуси муқарраркардаи Қоидаҳо оид ба тартиби ҳаракат дар маҳалҳои аҳолинишин, қувваи худро гум мекунад.
|
5.23.2
|
|
5.24
|
|
Аввали сарҳади маҳалли аҳолинишин
|
Ном ва саршавии маҳалли аҳолинишине, ки дар он талаботи муқарраркардаи ҳамин Қоидаҳо оид ба ҳаракат дар маҳалҳои аҳолинишин, амал намекунад.
|
5.25
|
|
Охири сарҳади маҳалли аҳолинишин
|
Охири сарҳади маҳалли аҳолинишине, ки бо аломати 5.24 ифода шудааст.
|
5.26.1
|
|
Номи иншоот
|
Номи дигар иншоот, ки ба маҳалли аҳолинишин мансуб нест (дарё, кўл, ағба, кўчаҳо, ҷойҳои тамошобоб монанди инҳо).
|
5.27
|
|
Ишораи масофаҳо
|
Масофа (км) то маҳалҳои аҳолинишин, ки дар хатсайр ҷойгиранд.
|
5.28
|
|
Аломати километрӣ
|
Масофа (км) то саршавӣ ё анҷоми роҳ.
|
5.29.1
|
|
Рақами хатсайр
|
Рақаме, ки ба роҳ (хатсайр) дода шудааст.
|
5.29.2
|
|
Рақами хатсайр
|
Рақам ва самти роҳ (хатсайр).
|
5.30.1
|
|
Самти ҳаракат барои автомобилҳои боркаш
|
Самти ҳаракати тавсияшаванда барои автомобилҳои боркаш, тракторҳо ва мошинҳои худгард, агар дар чорроҳа ҳаракати онҳо ба яке аз самтҳо манъ бошад.
|
5.30.2
|
|
5.30.3
|
|
5.31
|
|
Нақшаи аз бари монеа гузаштан
|
Хатсайри гузаштан аз бари қитъаи роҳи муваққатан барои ҳаракат басташуда.
|
5.32.1
|
|
Самти аз бари монеа гузаштан
|
Самти гузаштан аз бари қитъаи роҳи муваққатан барои ҳаракат басташуда.
|
5.32.2
|
|
5.32.3
|
|
5.33
|
|
Хатти бозистӣ
|
Ҷойи бозистии воситаҳои нақлиёт ҳангоми сигнали манъкунандаи танзимгар, чароғаки раҳнамо.
|
5.34.1
|
|
Ишорати пешакӣ ба дигар қисми мошингард гузаштан
|
Самти гузаштан аз бари қитъаи қисми мошингард барои ҳаракат басташуда дар роҳе, ки хатти тақсим ё самти ҳаракат барои баргаштан ба тарафи рости қисми мошингард дорад.
|
5.34.2
|
|
5.35
|
|
Ҳаракати ақибгардӣ (реверсивӣ)
|
Саршавии қитъаи роҳе, ки дар он дар як ё якчанд хатҳои самти ҳаракат метавонад ба самти муқобил тағйир ёбад.
|
5.36
|
|
Охири ҳаракати ақибгардӣ
|
Саршавии қитъаи роҳе, ки бо аломати 5.35 ифода шудааст.
|
5.37
|
|
Баромад ба роҳи дорои ҳаракати ақибгардӣ
|
Баромад ба қитъаи роҳе, ки дар он дар як ё якчанд хатҳои самти ҳаракат метавонад ба самти муқобил тағйир ёбад.
|
5.38
|
|
Минтақаи истиқоматӣ
|
Оғози ҳудуде, ки дар он талаботи махсуси муқарраркардаи ҳамин Қоидаҳо оид ба тартиби ҳаракат дар минтақаи истиқоматӣ, амал мекунад.
|
5.39
|
|
Охири минтақаи истиқоматӣ
|
Охири ҳудуде, ки дар он талаботи махсуси муқарраркардаи ҳамин Қоидаҳо оид ба тартиби ҳаракат дар минтақаи истиқоматӣ, амал мекунад.
|
5.40
|
|
Ноҳамвории сунъӣ
|
Сарҳади ноҳамвориҳои сунъиро ишорат мекунад. Аломат дар сарҳади наздиктарини ноҳамвории сунъӣ нисбат ба воситаҳои нақлиёти наздикшаванда гузошта мешавад.
|
5.41
|
|
Минтақа бо таваққуфгоҳи маҳдуд
|
Ҷойе, ки аз он ҳудуди (қитъаи роҳи) таваққуфгоҳи маҳдуд дошта, оғоз мешавад.
|
5.42
|
|
Охири минтақа бо таваққуфгоҳи маҳдуд
|
|
5.43
|
|
Минтақаи таваққуфгоҳи танзимшаванда
|
Ҷойе, ки аз он ҳудуде (қитъаи роҳе) оғоз мешавад, ки таваққуф иҷозат дода шудааст ва тавассути лавҳачаҳо ё нишонаҳои роҳ танзим карда мешавад.
|
5.44
|
|
Охири минтақаи таваққуфгоҳи танзимшаванда
|
|
5.45
|
|
Минтақа бо суръати ниҳоии маҳдудшуда
|
Ҷойе, ки аз он ҳудуде (қитъаи роҳе) оғоз мешавад, ки суръати ниҳоии ҳаракат маҳдуд карда шудааст.
|
5.46
|
|
Охири минтақа бо суръати нихоии маҳдудшуда
|
|
5.47
|
|
Минтақаи пиёдагардӣ
|
Ҷойе, ки аз он ҳудуде (қитъаи роҳе), оғоз мешавад, ки танҳо барои ҳаракати пиёдагардон иҷозат дода шудааст.
|
5.48
|
|
Охири минтақаи пиёдагардӣ
|
|
5.49
|
|
Маҳдудияти умумии суръати ниҳоӣ
|
|
5.50
|
|
Хатти бозистии садамавӣ
|
Хатти бозистии садамавӣ дар нишебии тез.
|
5.51.1
|
|
Роҳи пулакӣ
|
Аломат ронандагонро хабардор месозад, ки барои рафту омад маблағ рўёнида мешавад.
|
5.51.2
|
|
Охири роҳи пулакӣ
|
|
5.52.1
|
|
Баромадгоҳи садамавӣ
|
Дар нақб ҷойеро, ки баромадгоҳи садамавӣ ҷойгир аст, нишон медиҳад.
|
5.52.2
|
|
5.53.1
|
|
Самти ҳаракат ба баромадгоҳи садамавӣ
|
Самти ҳаракатро ба баромадгоҳи садамавӣ ва масофаро то он нишон медиҳад.
|
5.53.2
|
|
Дар аломатҳои 5.20.1, 5.20.2, 5.21.1 ва 5.21.2, ки берун аз маҳалли аҳолинишин гузошта шудаанд, тагранги сабз ё кабуд маънои онро дорад, ки ҳаракат ба маҳалли аҳолинишин ё иншооти нишондодашуда мутобиқан бо шоҳроҳ ё дигар роҳ анҷом дода мешавад.
Дар аломатҳои 5.20.1, 5.20.2, 5.21.1 ва 5.21.2, ки дар маҳалли аҳолинишин гузошта шудаанд, тагранги сабз ва кабуд маънои онро дорад, ки ҳаракат ба маҳалли аҳолинишин ё иншооти нишондодашуда баъди баромадан аз маҳалли аҳолинишини мазкур мутобиқан бо шоҳроҳ ё дигар роҳ анҷом дода мешавад. Тагранги сафед нишон медиҳад, ки иншооти нишондодашуда дар ҳамин маҳалли аҳолинишин ҷойгир аст.
6. Аломатҳои хидматрасонӣ
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
6.1
|
|
Нуқтаи ёрии аввалияи тиббӣ
|
|
6.2
|
|
Беморхона
|
|
6.3.1
|
|
Нуқтаи таъмини сўзишворӣ
|
Аломат нуқтаи таъмини сўзишвории бензинӣ ва дизелиро ифода менамояд.
|
6.3.2
|
|
Аломат нуқтаи таъмини сўзишвории газиро ифода менамояд.
|
6.3.3
|
|
Аломат нуқтаи таъмини сўзишвории бензинӣ, дизелӣ ва газиро ифода мекунад.
|
6.4
|
|
Хидматрасонии техникии автомобилҳо
|
|
6.5
|
|
Ҷойи шустани мошинҳо
|
|
6.6
|
|
Телефон
|
|
6.7
|
|
Ҷойи хўрокхўрӣ
|
|
6.8
|
|
Оби нўшокӣ
|
|
6.9
|
|
Меҳмонхона ё мотел
|
|
6.10
|
|
Кемпинг
|
|
6.11
|
|
Ҷойи истироҳат
|
|
6.12
|
|
Посгоҳи БДА
|
|
6.13
|
|
Милитсия
|
|
6.14
|
|
Нуқтаи назорати интиқолҳои автомобилии байналмиллалӣ
|
|
6.15
|
|
Ҳавз ё пляж
|
|
6.16
|
|
Ҳоҷатхона
|
|
6.17
|
|
Оташхомўшкунак
|
Ҷойи ҷойгиршавии оташхомўшкунакро нишон медиҳад.
|
7. Аломатҳои иловагии иттилоотӣ (лавҳачаҳо)
Рақами аломати
|
Тасвир
|
Ном
|
Шарҳ
|
7.1.1
|
|
Масофа то иншоот
|
Масофаро аз аломат то саршавии қитъаи хатарнок, ё то ҷойе, ки аз он маҳдудияти дахлдор амал мекунад, ё то иншооти (ҷойи) муайян, ки дар рафти ҳаракат пеш меоянд, нишон медиҳад.
|
7.1.2
|
|
Масофаро аз аломати 2.4 то чорроҳа, дар сурате ки бевосита пеш аз чорроҳа аломати 2.5 гузошта шуда бошад, нишон медиҳад.
|
7.1.3
|
|
Масофаро то иншооти дуртар аз роҳ қарордошта, нишон медиҳад.
|
7.1.4
|
|
7.2.1
|
|
Минтақаи амал
|
Дарозии қитъаи хатарноки роҳро, ки бо аломатҳои огоҳкунанда ишорат шудааст ё минтақаи амали аломатҳои манъкунанда, дастурдиҳанда ё ин ки иттилоотию ишоратиро нишон медиҳанд.
|
7.2.2
|
|
Минтақаи амали аломатҳои манъкунандаи 3.27-3.30, агар он то чорроҳаи наздиктарин паҳн нагардад, ҳамчунин паҳноии минтақаи гузаргоҳи пиёдагардро, ки бо аломатҳои 5.16.1 ва 5.16.2 ишорат шудаанд, нишон медиҳад.
|
7.2.3
|
|
Охири амали аломатҳои 3.27-3.30-ро нишон медиҳанд.
|
7.2.4
|
|
Ба ронандагон дар минтақаи амали аломатҳои 3.27-3.30 буданашон маълумот медиҳад.
|
7.2.5
|
|
Самт ва минтақаи амали аломатҳои 3.27-3.30-ро ҳангоми манъ будани бозистӣ ё таваққуф ба дарозии як тарафи майдон, пеши бино ва монанди инҳо нишон медиҳанд.
|
7.2.6
|
|
7.3.1
|
|
Самтҳои амал
|
Самтҳои амали аломатҳоеро, ки пеш аз чорроҳа гузошта шудаанд ё самти ҳаракатро ба иншооти ишорашудае, ки бевосита дар назди роҳ воқеъ мебошанд, нишон медиҳанд.
|
7.3.2
|
|
7.3.3
|
|
7.4.1
|
|
Намуди воситаи нақлиёт
|
Намуди воситаи нақлиётро, ки амали аломат ба он дахл дорад, нишон медиҳанд.
Лавҳачаи 7.4.1 амали аломатро ба автомобилҳои боркаш, аз ҷумла бо ядак низ, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо аз 3,5 тонна зиёд аст, лавҳачаи 7.4.3 – ба автомобилҳои сабукрав, ҳамчунин автомобилҳои боркаше, ки вазни ниҳоии ҷоизи онҳо то 3,5 т аст ва лавҳачаи 7.4.8 – ба воситаҳои нақлиёте, ки бо аломатҳои фарқкунандаи "Бори хатарнок" муҷаҳҳазанд, паҳн менамояд.
|
7.4.2
|
|
7.4.3
|
|
7.4.4
|
|
7.4.5
|
|
7.4.6
|
|
7.4.7
|
|
7.4.8
|
|
7.5.1
|
|
Рўзҳои шанбе, якшанбе ва ид
|
Рўзҳои ҳафтаро, ки дар давоми онҳо аломат амал мекунад.
|
7.5.2
|
|
Рўзҳои корӣ
|
7.5.3
|
|
Рўзҳои ҳафта
|
7.5.4
|
|
Вақти амал
|
Вақти шабонарўзро нишон медиҳад, ки дар давоми он аломат амал мекунад.
|
7.5.5
|
|
Рўзҳои ҳафта ва вақти шабонарўзро нишон медиҳанд, ки дар давоми онҳо аломат амал мекунад.
|
7.5.6
|
|
7.5.7
|
|
7.6.1
|
|
Тарзи гузоштани воситаи нақлиёт дар таваққуфгоҳ
|
Нишон медиҳад, ки ҳамаи воситаҳои нақлиёт бояд дар таваққуфгоҳ мувозӣ ба канори қисми мошингард гузошта шаванд.
|
7.6.2
|
|
Тарзи гузоштани автомобилҳои сабукрав ва мототсиклҳоро дар таваққуфгоҳи назди пиёдароҳа, нишон медиҳанд.
|
7.6.3
|
|
7.6.4
|
|
7.6.5
|
|
7.6.6
|
|
7.6.7
|
|
7.6.8
|
|
7.6.9
|
|
7.7
|
|
Таваққуф бо муҳаррики хомўшкардашуда
|
Лавҳача нишон медиҳад, ки дар таваққуфгоҳи бо аломати 5.15 ишоратшуда, таваққуфи воситаҳои нақлиёт танҳо бо муҳаррики хомўшкардашуда иҷозат дода мешавад.
|
7.8
|
|
Хидматрасонии пулакӣ
|
Нишон медиҳад, ки хидматрасониҳо фақат бо пули нақд анҷом дода мешаванд.
|
7.9
|
|
Маҳдудияти муддати таваққуф
|
Муддати ниҳоии қарор доштани воситаи нақлиётро дар таваққуфгоҳи бо аломати 5.15 ишоратшуда нишон медиҳад.
|
7.10
|
|
Ҷой барои муоинаи автомобилҳо
|
Нишон медиҳад, ки дар майдончаи бо аломати 5.15 ё 6.11 ишоратшуда эстакада ё чоҳ барои муоина мавҷуд аст.
|
7.11
|
|
Маҳдудияти вазни ниҳоии ҷоиз
|
Нишон медиҳад, ки амали аломат танҳо ба воситаҳои нақлиёти вазни ниҳоии ҷоизашон аз вазни дар лавҳача зикршуда зиёд дахл дорад.
|
7.12
|
|
Канори хатарноки роҳ
|
Огоҳ месозад, ки баромадан ба канори роҳ бо сабаби дар он бурдани корҳои таъмирӣ хатарнок аст. Якҷоя бо аломати 1.23 истифода мегардад.
|
7.13
|
|
Самти роҳи асосӣ
|
Самти роҳи асосиро дар чорроҳа нишон медиҳад.
|
7.14
|
|
Хатти ҳаракат
|
Хатти ҳаракат ё хатти ҳаракати велосипедрононеро нишон медиҳад, ки амали аломат ё чароғи роҳнамо ба он дахл дорад.
|
7.15
|
|
Пиёдагардони – маъюб аз биноӣ
|
Нишон медиҳад, ки аз гузаргоҳи пиёдагардон зуд-зуд маъюбон аз биноӣ мегузаранд. Якҷоя бо аломатҳои 1.20, 5.16.1, 5.16.2 ва чароғҳои роҳнамо истифода мегардад.
|
7.16
|
|
Роҳи тар
|
Лавҳача нишон медиҳад, ки талаботи аломат танҳо дар вақти намнок будани қисми мошингарди роҳ амал мекунад.
|
7.17
|
|
Маъюбон
|
Нишон медиҳад, ки амали аломати 5.15 танҳо ба мотоколяскаҳо ва автомобилҳое, ки дар онҳо аломати фарқкунандаи "Маъюб" насб карда шудааст, паҳн мегардад.
|
7.18
|
|
Ба ғайр аз маъюбон
|
Нишон медиҳад, ки амали аломатҳо ба мотоколяскаҳо ва автомобилҳое, ки дар онҳо аломати фарқкунандаи "Инвалид" насб карда шудааст, паҳн намегардад.
|
7.19
|
|
Дараҷаи бори хатарнок
|
Рақами дараҷаи (дараҷаҳои) борҳои хатарнокро мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатӣ, нишон медиҳад.
|
7.20.1
|
|
Намуди тележкаи воситаи нақлиёт
|
Якҷоя бо аломати 3.12 истифода мешаванд. Шумораи меҳварҳои наздиккардашудаи воситаи нақлиётро нишон медиҳад, ки барои ҳар яки онҳо вазни дар аломат нишондодашуда ҳадди ниҳоии ҷоиз мебошад.
|
7.20.2
|
|
7.21.1
|
|
Намуди воситаи нақлиёти хатсайрдор
|
Якҷоя бо аломати 5.15 истифода шуда, ҷойи таваққуфи воситаҳои нақлиётро дар назди стансияи метро, истгоҳи автобус (троллейбус) ё трамвай нишон медиҳад, ки дар онҳо имконияти ба дигар воситаи нақлиёти хатсайрдор нишастан мавҷуд аст.
|
7.21.2
|
|
7.21.3
|
|
7.22.1
|
|
Монеа
|
Якҷоя бо аломатҳои 4.2.1, 4.2.3 истифода шуда, монеа ва самти аз он гузаштанро нишон медиҳад.
|
7.22.2
|
|
7.22.3
|
|
7.23
|
|
Шумораи гардишҳои хатарнок
|
Якҷоя бо аломатҳои 1.12.1 ва 1.12.2 истифода шуда, оид ба шумораи гардишҳои хатарноке, ки пайи ҳам меоянд иттилоъ медиҳад.
|
7.24
|
|
Эвакуатор кор карда истодааст
|
Нишон медиҳад, ки дар минтақаи амали аломатҳои 3.27 - 3.30 боздошти воситаҳои нақлиёт анҷом дода мешавад.
|
7.25
|
|
Кашидани нишонаҳои роҳ
|
Лавҳача бо аломати 1.23 гузошташуда, иттилоъ медиҳад, ки дар роҳ корҳои нишонагузорӣ рафта истодаанд.
|
7.26
|
|
Ёрии таъҷилӣ
|
Аз мавҷуд будани алоқаи таъҷилӣ дар роҳ хабар медиҳад.
|
7.27.1
|
|
Намуди хатар
|
Бо аломати 1.35 гузошта мешавад ва оид ба содиршавии намуди эҳтимолии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ маълумот медиҳад.
|
7.27.2
|
|
7.27.3
|
|
7.27.4
|
|
7.28
|
|
Қайди аксӣ-видеоӣ
|
|
Бо аломатҳои 1.1, 1.2, 1.8, 1.20, 3.1 - 3.7, 3.18.1, 3.18.2, 3.19, 3.20, 3.22, 3.24, 3.27-3.30, 5.9, 5.38, 5.41 ва 5.45, инчунин бо чароғакҳои роҳнамо истифода мешавад. Нишон медиҳад, ки дар минтақаи амали аломати роҳ ё ин ки дар қитъаи мазкури роҳ мумкин ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ дар реҷаи автоматӣ тавассути воситаҳои махсуси техникие, ки қобилияти гирифтани навори аксӣ - синамоӣ ва видеоӣ ё воситаҳои аксӣ - синамоӣ ва видеоро доранд, сабт гардад. Лавҳачаҳо бевосита дар зери аломатҳое, ки ҳамроҳи онҳо истифода мегарданд, ҷойгир мешаванд.
Лавҳачаҳои 7.2.2-7.2.4, 7.13 ҳангоми ҷойгир будани аломатҳо дар болои қисми мошингард, канори роҳ ё пайраҳа дар паҳлуи аломат ҷойгир карда мешаванд. Дар ҳолатҳое, ки маънои аломатҳои муваққатии роҳ (дар пояҳои аз ҷое ба ҷое гузарондашаванда) ва аломатҳои доимӣ ба якдигар мухолифат мекунанд, ронандагон бояд аломатҳои муваққатиро ба роҳбарӣ гиранд.
- ↑ ҚОИДАҲОИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз "29" июни соли 2017, № 323 тасдиқ шудааст.
- ↑ https://tajtrade.tj/media/1533.pdf