Jump to content

Дарёи Кунар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кунар (дарё))

Кунар [1] [2] (дар қаламрави Афғонистон; пашту: کونړ سيند‎ / Chitral [1] дар қаламрави Покистон; урду: دریائے چترال ) — дарё дар ҳудуди Афғонистон ва Покисктон.

Аз шарқи Афғонистон (вил-ҳои Нуристон, Кунар ва Нангарҳор) сарчашма гирифта, ба шимоли Покистон (вил. Хайбар Пахтунхо) ҷараён дорад. Дарозиаш 480 км (300 мил).  Серобтарин шоха (шохаи чап)-и д. Кобул аст, ки дар ҳудуди Покистон ба д. Синд мерезад. К. аз камтарин дарёҳо мебошад, ки аз баландии 7000 м дар миёни дараҳо ҷараён дорад.

Дарёи Кунар дар наздикии деҳаи Бар Кашкот (музофоти Кунар, Афғонистон)

Манбаи оби дарё барфу борон ва пиряҳои кӯҳи Ҳиндукуш мебошад.

Дар соҳилҳои дарё ш-ҳои Читрол ва Асадобод ҷойгиранд. Қабл аз тақсими сиёсии минтақа, К. дараи Кунар ва Читролро байни Афғонистон ва Покистон ҷудо мекард. Ин минтақа як роҳи тиҷории муҳимро ташкил медод, ки осонтарин роҳ барои сафар аз гузаргоҳҳои кӯҳҳои Помир ва даштҳои шибҳиқораи Ҳинд буд. Дар ҷараёни болоӣ як бахши масоҳати дарё ҳамчун хатти марз миёни Покистону Афғонистон хидмат мекунад.Шаблон:Расход воды

  1. 1.0 1.1 Шаблон:Харита/Бк/I
  2. В. Л. Шульц. Реки Афганистана / Ю. Н. Иванов. — М.: Гидрометеоиздат, 1968. — 175 с. — 500 экз.
  • В. Л. Шульц. Реки Афганистана / Ю. Н. Иванов. — М.: Госкомиздат, 1968. — 175 с. — 500 экз.