Курушкада
Маҳалли аҳолинишин | |
Кишвар | [[|]] |
---|---|
Таърих ва ҷуғрофиё | |
|
Курушкада (порсии бостон: Kuruškaθa[1][2]), Киропол, Сойрупулис (юн.-қад. Κυρούπολις ва Κύρου πόλις,[3] лафзан «шаҳри Куруш») — шаҳре бостонӣ дар Осиёи Миёна, ки тавассути Куруши Бузург дар соли 544 пеш аз мелод бунёнгузорӣ шудааст[4].
Ҳадафи асосии сохтани Курушкада мустаҳкам намудани сарҳадҳои қисми шарқии қаламрави Форс ба хотири лашкаркашиҳои минбаъда, яъне дар оянда забт намудани давлатҳои пуриқтидори Бобулистон ва Мисри қадим буд. Чуноне ки қаблан ёд кардем, сакоиҳои сарвари тиграхуд, ҳаумаварг ва канораҳои Суғд бо ҷасорату пархошҷӯй ва маҳорати баланди ҷангиашон дили ҷумлаи подшоҳону қудратталабонро ба ларза меоварданд. Муаллифону воқеанигорони аҳди атиқа — Страбон, Юстин, Арриан, Квинт Куртсий ва дигарон таъсиси ин шаҳрро ба Куруш нисбат дода, онро Киропол, Кирэсхата ном мебаранд.
Мавҷудияти таърихии шаҳри Курушкадаро муаррихону кишваршиносон В. Минорский, В. Чейлитко ва дертар бостоншиноси тавоно академик Н. Неъматов дар заминаи этимологияи номи Куркат асоснок намуда, мавҷудияти воқеии ин ном ва ин маҳалро аз таърихи аҳди қадими Истаравшан то ба имрӯз оварда расониданд. Фарзияи нисбатан дақиқи илмӣ ба он мебарад, ки номи Курушкадаи аҳди Куруш шояд ба Куркати имрӯзаи воқеъ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд (маркази деҳшӯрои Куркат) як пайвастагии узвие дошта бошад. Куруш ба вориси худ писараш Камбуҷия империяи паҳноварро мерос гузошт.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Lendering, Jona Alexandria Eschate. Livius.org (2006).
- ↑ P’yankov, Igor V. CYROPOLIS. Encyclopædia Iranica (1994).
- ↑ Aelian, Characteristics of Animals, § 16.3
- ↑ "Cyropolis" (in en). Encyclopædia Iranica. VI, Fasc. 5. Encyclopedia Iranica Foundation, Inc.. 2011. pp. 514-515. https://iranicaonline.org/articles/cyropolis-latin-form-of-gr. Retrieved 28 April 2022. Курушкада