Jump to content

Куфрии Турбатӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Куфрии Турбатӣ
Таърихи даргузашт: 1607
Навъи фаъолият: шоир

Мирҳусайн Куфрии Турбатӣ (форсӣ: میرحسین کفری تربتی‎; ? — 1607, Бурҳонпур, Ҳиндустон) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар баъзе манбаъҳо нисбаашро Ҳиравӣ гуфтаанд. Аз мардуми Турбати Хуросон. Дар ҷавонӣ ҳамроҳи шоири маъруф Навъии Хабӯшонӣ ба Ҳиндустон рафта, ба хидмати наввоб Сайидюсуфи Машҳадӣ роҳ ёфт. Дар назди шоҳзода Дониёл, сипас дар даргоҳи Абдурраҳими Хони хонон (Раҳимӣ) хидмат кардааст, дар васфи онҳо қасидаҳо сурудааст. Дар бораи Навъӣ ва Куфрӣ шоире бо номи Рустам Қаландарӣ чунин гуфтааст:

Ҳадиси Навъию Куфрӣ баён чӣ созам ман,
Чу зиндаанд ба мадҳи ту то дами маҳшар.

Куфрии Турбатӣ дар бадеҳатан гуфтани шеър, навиштани хатти шикаста маҳорат доштааст. Дар тазкираҳои «Маосири Раҳимӣ», «Ҳафт иқлим», «Хайру-л-баён», «Махзану-л-ғароиб» ва ғ. тарҷумаи ҳоли мухтасар ва намунаҳо аз ашъораш, ки аксаран хусусияти ҳасбиҳолӣ доранд, оварда шудаанд. Байти зер аз ӯст:

Магар зи бода сириштанд тинатам, Куфрӣ,
Ки май ба ҷому суроҳӣ ба дасту махмурам.