Jump to content

Куштори Солеҳ Орурӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Куштори Солеҳ Орурӣ 2 январи соли 2024 рух дод. Солеҳ Орурӣ, муовини раҳбари Ҳамос дар як бумбгузорӣ дар Бейрут кушта шуд. Дар ин таркиш ҳамчунин шаш нафари дигар, аз ҷумла чанд тан аз ҷангҷӯёни Ҳамос кушта шуданд[1][2].

Солеҳ Орурӣ муовини раиси Бюрои (дафтарӣ) сиёсии Ҳамос ва яке аз стратегҳои ҳамлаи Ҳамос ба Исроил дар соли 2023 буд[3]. Ӯ ҳамчунин масъули тавсеаи фаъолиятҳои Ҳамос дар соҳили Ғарб, аз ҷумла ҳамлаҳо алайҳи исроилиён буд[4][5][6]. Эҳтимол меравад, ки ҳамларо Исроил, душмани аслии Ҳамос анҷом додааст. Аммо Исроил даст доштани худро дар ин ҳодиса на тасдиқ кард ва на рад кард[7][8].

Ин куштор як рӯз пеш аз он рух дод, ки Ҳизбуллоҳ 4-умин солгарди куштори фармондеҳи аршади Эрон Қосим Сулаймониро таҷлил кунад[9].