Jump to content

Байкал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯли Байкал)
Байкал
?
Макон
Парвандаҳо дар Викианбор

Байка́л (бур. Байгал далай, бойкӯл яъне кӯли бой) — кӯле дар Русия, дар ҷануби Сибири Шарқӣ, ҳудуди Бурятистон ва вилояти Иркутск.

Сатҳаш 31,5 ҳазор км². Тӯлаш 636 км, бараш, ба ҳисоби миёна, 48 км, ҷойи аз ҳама сербараш қариби 80 км. Кӯли жарфтарини дунё, ҷойи аз ҳама амиқаш дар мобайни кӯл 1620 м. Ҳаҷми об 23000 км3. Қариб 20%-и захираи оби ширин (бенамак)-и ҷаҳонро ташкил медиҳад. Масоҳати ҳавзааш қариб 600 ҳазор км². Ба Байкал 336 дарёву дарёчаҳо мерезанд (аз ҷумла, Селенга, Баргузин, Ангараи Боло), аз он фақат дарёи Ангара ҷорӣ шуда, ба дарёи Енисей мерезад. 27 ҷазира дорад, ки калонтаринашон Олхон (қариб 730 км²) ва Ушканийи Калон (9,4 км²)-анд. Дар баландии 456 м аз с. б. ҷойгир буда, аз чор тараф қаторкӯҳҳо иҳота кардаанд, ки баландиашон то 2800 м мерасад. Халиҷҳои калонтарини Байкал — Баргузин ва Чувиркуй. Обаш фавқулода шаффоф (то 40 м), миқдори умумии намакаш аз 150 мг/л зиёд нест.

Иқлими атрофи кӯл континентӣ — зимистонаш хунук (ҳарор. миёнаи ҳавои янв. — февр. тақр. −19°С), тобистонаш гарм (моҳи авг. то +20°С). Олами ҳайвоноту набототаш ғанӣ буда, қариб 2600 навъро ташкил медиҳад. Зиёда аз 50 навъ моҳӣ дошта, дар ҳудуди он асосан, омул, хариус, ленон, таймен шикор мекунанд. Байкал кӯли киштигард буда, дар атрофаш корхонаҳои коғаз, киштисозӣ, истихроҷи маъдан, консерваи моҳӣ фаъолият доранд. Дар соҳилаш шаҳрҳои Слюдянка, Байкалск, Байкали Шимолӣ, Бабушкин ҷойгиранд. Байкал минтақаи муҳимми сайёҳию фароғатӣ мебошад. Дар асоси чашмаҳои гарм (43-53°С) осоишгоҳҳои балнеологии Горячинси ва Хонус амал мекунанд, ки барои муолиҷаи узвҳои ҳаракат, силсилаи асаб, пӯст, узвҳои занона ва ғ. муфиданд. Дар гирду атрофи Байкал боғҳои миллӣ ва мамнӯъгоҳҳо мавҷуданд, ки ба рӯйхати иншооти Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО («Кӯли Байкал») ворид гардидаанд.


Шаблон:Байкал