Jump to content

Гурз

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯпол)

Гурз, гурза (гупол, кӯпол, амуд) — як навъ олати ҷангии пешинаи дастадори саркулӯла, ки барҷастагиҳои мехчамонанд дорад[1].

Гурз дар Шарқи Қадим ва асримиёнагӣ истифода мешуд. Дар забони форсии миёна гурзро гад (gad) мегуфтанд, ки аз калимаи авестоии гада (gada) муштақ шудааст. Гурз аз дастачӯби муҳкам (дарозиаш 50-80 см) ва сари сахти сангӣ ё филиззие ба шакли сари гов, асп ё шер иборат буд. Таҳамтанон ҳангоми набард бо кӯбидани гурз ба сари душман ӯро аз по дармеафтоданд. Шоҳаншоҳон ҳангоми маросими тоҷгузорӣ баъзан гурзи хурдеро ба нишонаи иқтидор ва ҳокимият ба даст мегирифтанд:

Шаҳаншоҳ бар тахти заррин нишаст
Яке гурзаи говпайкар ба даст.

Фирдавсӣ

Дар асотир ва таърих аз гурзи говпайкари Фаридун ва гурзии ҳафтмании шоҳ Мансури Музаффарӣ ёд шудааст: ба нишонаи иқтидор ва ҳокимият ба даст мегирифтанд:

Яке гурзаи говпайкар сараш,
Задӣ ҳар кӣ омад ҳаме дар бараш.

Фирдавсӣ

  1. Гурз чист? Маънои вожаи гурз(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 7 июни 2018 санҷида шуд.