Jump to content

Хоҷамуъмин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Кӯҳӣ Хоҷамӯъмин)
Хоҷамӯъмин
тоҷ. Кӯҳи Хоҷамӯъмин
Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин, 2023
Кӯҳи намаки Хоҷамуъмин, 2023
Нуқтаи баландтарин
Баландии мутлақ1 334 м
Макон
37°43′31″ с. ш. 69°37′53″ в. д.HGЯO
Кишвар

Хоҷамӯъмин — кӯҳи намак дар ҷануби Тоҷикистон, баландиаш 1332 метр. Ин кӯҳ пурра аз намаки тозаи гуногун ранг: кабуду сабзранг, гулгун, зарди паст ва хокистар ранг иборат аст. Танҳо баъзан нишебиҳои ин кӯҳ аз қабатҳои тунуки хок иборат аст. Ба ҳисоби заминшиносон кӯҳӣ Хоҷамӯъмин зиёда аз 30 миллиард тонна намаки оши дорад.

Дар пастиҳои қисмати шарқии Тоҷикистону Афғонистон, дар соҳили дарёи Яхсу, дар масофаи 25 км қисмати ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб, 7 км қисмати ҷанубии деҳаи Ҳулбук ноҳияи Восеъ ҷойгир аст.

Аз замонҳои қадим сокинони маҳаллӣ аз нишебиҳои кӯҳ намак истихроҷ мекунанд. Кони намаки ошии Хоҷа Муъмин яке аз калонтарин конҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Дар пояи ин корхона ҶСК «Хоҷа Муъмин» бунёд гардид, ки ба истеҳсол ва коркарди намак, таъмини корхонаҳо ва аҳолӣ бо намак, пешгирии бемориҳои осматикӣ дар заминаи диспансер машғул аст.[1]