Забони тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
форсӣ тоҷикӣ, تاجیکی‎ فارسی, Forsí tocikí
Номи қавмӣ забони тоҷикӣ
Кишварҳо  Тоҷикистон,  Ӯзбекистон,  Эрон,  Афғонистон,  Покистон,  Қирғизистон,  Қазоқистон ва  Русия зиёда аз 47 миллион нафар (2018) гуфтугӯ мекунанд.[1]
Шумораи умумии гӯишварон
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои ғарбӣ-эронӣ[d]
забонҳои эронии ҷанубӣ-ғарбӣ[d]
забони порсии нав
забони порсӣ
форсии тоҷикӣ
Хат Хати тоҷикӣ (сириллик дар Тоҷикистон, хати ибрӣ ва лотинӣ дар Ӯзбекистон, хати форсӣ дар Афғонистон)
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 тад 640
ISO 639-1 tg
ISO 639-2 tgk
ISO 639-3 tgk
WALS taj
Ethnologue tgk
IETF tg
Glottolog taji1245
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Забони тоҷикӣ (дар солҳои 1989—1991 — забони форсии тоҷикӣ; 1991—1999 – забони тоҷикии форсӣ, дарӣ: زبان تاجیکی) — забони давлатии кишварҳои Тоҷикистон, Эрон (варианти форсӣ) ва Афғонистон (дарӣ) мебошад. Ин забон ба хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ дохил мешавад. Дар маҷмӯъ: порсигӯёни асил (форсӣ, тоҷикӣ, дарӣ) зиёда аз 122 млн нафар мебошанд. Фақат ба гӯиши тоҷикӣ (бидуни дарӣ) зиёда аз 16 миллион (2022) нафар ҳарф мезананд.

Дар рушди забони тоҷикӣ дар намуди кунуниаш Садриддин Айнӣ саҳми зиёд гузоштааст.

Забони тоҷикӣ ва забони тоҷикии дарӣ (бо ранги сабз) ва дигар забонҳои эронии шарқӣ, ва туркӣ

Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои бостонтарини ҷаҳон ба шумор меравад. Давраи нави инкишофи он дар асрҳои VII-VIII оғоз шудааст. Бо ин забон шоирону нависандагони бузург Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Сино, Ҷомӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Аҳмади Дониш, Айнӣ, Лоҳутӣ, Турсунзода, Пайрав Сулаймонӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Убайд Раҷаб, Наимҷон Назирӣ ва дигарон асарҳои безавол эҷод кардаанд.

Маҳалҳои тоҷикнишини Ӯзбекистон

Таснифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Забони тоҷикӣ, ки аз хонаводаи забонҳои ҳинду аврупоӣ порсӣ — тоҷикӣ ва порсӣ — дарӣ дар асл форсӣ = порсӣ мебошад, ба гурӯҳи забонҳои эронии ғарбӣ дохил мешавад. Забони тоҷикӣ ба забонҳои порсиву дарӣ хеле монанд аст ва аҳолии кишварҳои Ӯзбекистон, Кирғизистон, Қазоқистон, Афғонистон ва Покистон, инчунин дар Сангқалъаи Ҷумҳурии Халқии Чин бо ин забон гуфтугӯ мекунанд.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар китоби «Тоҷикон дар оинаи таърих» Эмомалӣ Раҳмон навиштаанд, ки шоҳаншоҳии бузурги Ҳахоманишиён, ки дар арсаи таърих бо фарҳанг ва тамаддуни худ беназир аст, пеш аз ҳама, бар пояи фарҳанги асили ориёӣ бунёд шуда, забони модарии хешро дар баробари забонҳои пурқудрату маълуми он замон — иломӣ ва ошурӣ ба ҳайси забони расмӣ ва давлатӣ истифода мекард. Онҳо номи хат ва забони худро ориёӣ хондаанд. Инчунин, дудмони Кӯшониёни Кабир ҳам оҳиста-оҳиста аз истифодаи забони юнонӣ даст кашида, забони ориёии хешро (Канишка ҳам мисли Дориюши Кабир забони навиштаҳои худро ориёӣ хондааст) забони ягонаи давлатӣ ва расмии давлати паҳновари худ қарор додаанд.

Дар катибаи Дориюши бузург дар кӯҳи Бесутун вожаи «ориёӣ» ба маънои забон дида мешавад.

Навиштаҳои Дориюши Бузург, ки имрӯз номи онро шартан забони форсии бостон гузоштаанд, ба забон ва хати ориёӣ навишта шудааст ва забони форсии бостон ва ориёӣ як забон буда, дар замони салтанати Ҳахоманишиён забони расмӣ ва меъёрии на танҳо қабилаҳои форс, балки тамоми эронитаборони ҳамон замон будааст.

Ашкониёни Порт, ки дар баробари Кӯшониёни Кабир дар минтақаҳои марказӣ ва ғарбии кишвари ориётаборон баъд аз барандохтани сулолаи Селевкиён истиқлол ба даст оварда, шоҳаншоҳии бузурги худро созмон доданд, ба забони модарии худ — портӣ эҳтиром гузошта, онро забони давлатӣ эълон намуданд. Тавре Пешвои миллат дар китоби худ «Забони миллат — ҳастии миллат» ишора мекунанд:

«Ин забон дар давраи аввали подшоҳии Ашкониён ҳамроҳ бо забони юнонӣ ва баъдан аз давраи Меҳрдоди I (солҳои 171—132 то милод) танҳо забони расмӣ ва давлатии Ашкониёни Порт мегардад. Баъзе муҳаққиқон изҳор доштаанд, ки шояд аз ибтидои садаи III то милод забони портӣ забони расмии давлатдории Порт қарор гирифта бошад. Бозёфти навиштаи болои зарфҳо аз Нисо дар ин бора шаҳодат медиҳад»

Эмомалӣ Раҳмон «Забони миллат — ҳастии миллат»

Бояд гуфт, ки забони портӣ баъдан дар такомули забони тоҷикӣ (дарӣ, форсӣ) нақши муассире дошта, аз лиҳози вожагониву дастурӣ ба забони модарии мо шабоҳати зиёде дорад.

Дар давраи Сосониён ҳам забони форсии миёна дар баробари забони портӣ ё паҳлавӣ забони давлатӣ ва расмиву динии шоҳаншоҳии бузурги Эрон буд ва аз он осори зиёди таърихиву динӣ ва илмиву фарҳангӣ боқӣ мондааст.

Нахустин сулолаи маҳаллие, ки баъд аз истилои араб каму беш дар Хуросон мустақил гардид, Тоҳириён (821—873) буд. Ҳукмронони ин хонадон ҳанӯз дар фикри истиқлоли фарҳангӣ набуданд. Баръакс, кӯшиш карданд, ки дини исломро дар қаламрави худ таҳким бахшанд ва огоҳона ё ноогоҳона баҳри густариши забону адабиёти араб мусоидат карданд. Сулолаи дигари маҳаллӣ, ки ҷонишини Тоҳириён гардид Саффориён (873—903) буд. Дар вақти ҳукмронии намояндаи барҷастаи ин сулола Яқуби Лайс, ки аз миёни мардуми одӣ бархоста буд ва на забони арабиро медонисту на ба фарҳанги он алоқа дошт, то ҳудуде дар дарбори вай саҳна барои забону адабиёти араб тангтар шуд ва шоирон барои ӯ ба дарӣ шеър гуфтанд.

Эҳёи воқеии забони адабии мо дар замони Сомониён (874—999) оғоз гардид. Сомониён бар хилофи Тоҳириёну Саффориён дарк карда буданд, ки бидуни эҳёи анъанаҳои қадимӣ ва ривоҷу равнақи забону адабии миллӣ истиқлол устувор ва давомдор шуда наметавонад. Бинобар ин, амирони дурандешу сиёсатмадорони ин хонадон бо камоли ҳушмандӣ муносибати худро бо хилофат тавре оростанд, ки дарбори Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад. Илова бар ин, Сомониён аз забони форсии дарӣ ҳамчун силоҳи сиёсӣ дар баробари тозиён барои расидан ба истиқлоли комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони форсии дариро, ки забони мардумони Мовароуннаҳру Хуросон буд, забони расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон ба назари эҳтиром нигариста, онҳоро ташвиқ мекарданд, ки китобҳои худро ба форсии дарӣ нависанд ва ё осори арабии худ ва дигаронро ба ин забон баргардонанд.[3]

Соли 1989 бо қабули забон дар баробари забони русӣ забони тоҷикӣ яке аз забонҳои давлатии ҶСШ Тоҷикистон гардид. Дар солҳои 1989—1999 тибқи қонуни забон номи забони форсии тоҷикиро дошт.

Тақсимоти ҷуғрофӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Шеваҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Шеваҳои забони тоҷикӣ 4 гурӯҳ дорад.

  1. Шимолӣ
  2. Ҷанубӣ
  3. гурӯҳи ҷанубу шарқӣ (дарвозӣ);
  4. гурӯҳи (болои зарафшонӣ) марказӣ.

Фарқияти байни лаҳҷаҳо якдигар фаҳмиро душвор намекунад.

Воҷшиносӣ (Фонология)[вироиш | вироиши манбаъ]

Садонокҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Забони тоҷикӣ 6 садонок дорад.

Садонокҳои тоҷикӣ
Пеш Марказ Қафо
Баланд и ӣ
/i/
у
/u/
Миёна е
/e̞/
ӯ
/ɵ̞/ (/o̞/)
Паст а
/a/
о
/ɔ/

Ҳамсадоҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Губные (лабӣ) Зубные (дандон-) /
Альвеолярные
Пост-
альвеолярные
Палатальные Велярные (пуштикомӣ) Увулярные Глоттальные
Димоғӣ м
/m/
н
/n/
Таркандаҳо п б
/p/ /b/
т д
/t/ /d/
к г
/k/ /g/
қ
/q/
ъ
/ʔ/
Роғиҳо ф в
/f/ /v/
с з
/s/ /z/
ш ж
/ʃ/ /ʒ/
х ғ
/χ/ /ʁ/
ҳ
/h/
Аффрикатҳо ч ҷ
/tʃ/ /dʒ/
Ларзон р
/r/
Аппроксимантҳо л
/l/
й
/j/

Имло[вироиш | вироиши манбаъ]

Имлои садонокҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

1)

2) Ҳарфҳои а, о, ӯ дар оғоз, байн ва анҷоми калима навишта мешаванд: абр, баҳор, замон, хона, дара; об, овоз, бол, бод, доро, тавоно; умед, усто, бузург, суруд, бозу, гесу, неру, абру ва ғ.

Эзоҳ. Дар анҷоми калимаҳои решагии зерин бо риояи меъёри таърихӣ ӯ навишта мешавад: бону, зону, неку, паҳлу, олу, орзу, дору, оҳу, аду ва ғ.

3) Ҳарфи и дар оғоз ва байни калима навишта мешавад: истгоҳ, иншо, дил, нигоҳ ва ғ.

4) Ҳарфи и дар анҷоми калима дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  • а) ҳамчун изофат: кишвари сарсабз, шаҳрванди Тоҷикистон, сари кӯҳи баланд ва ғ.;
  • б) дар пешояндҳои барои, баъди, дар бораи, бо мақсади ва ғ.;
  • в) дар пайвандакҳои ки, чи, чунки, агарчи, ё ин ки, ба сабаби он ки ва ғ.;
  • г) дар исмҳои хоси иқтибосӣ: Леонардо да Винчи, Ганди, Паганини, Ибарури, Сочи, Тбилиси, Миссисипи ва ғ.;
  • ғ) дар исмҳои ҷинси иқтибосии такси, туфли ва ғ.

5) Ҳарфи ӯ (у-и дароз) дар байн ва анҷоми калима навишта мешавад: рӯз, гӯш, зӯр, дӯст, бӯ (й), рӯ (й), мӯ (й) ва ғ. Ҳарфи ӯ маъмулан пеш аз ҳарфи й навишта мешавад.

Эзоҳ. Ҳарфи ӯ дар оғози калима дар иқтибосҳои туркӣ навишта мешавад: ӯгай, ӯрда, ӯғур, ӯмоч ва ғ.

6) Ҳарфи ӣ дар анҷоми калима навишта мешавад:

  • а) дар калимаҳои решагии навъи моҳӣ, ҳавлӣ, шолӣ, биҳӣ, холӣ ва ғ.;
  • б) ҳамчун пасванди калимасоз: дӯстӣ, бародарӣ, далерӣ ва ғ.;
  • в) дар бандакҳои феълӣ ва хабарӣ: омадӣ, гуфтӣ, ҳунармандӣ, ту ҳунарманд ҳастӣ ва ғ.;
  • г) дар ҷонишинҳои саволии кӣ? ва чӣ?: кӣ омад?, чӣ шуд? ва ғ.

7) Ҳарфи э тибқи қоидаи маъмул дар оғози як теъдод калимаҳои иқтибосӣ навишта мешавад: эҷод, эзоҳ, эҳсон, эҳтиром, эҳтимол, элак, эрка, эстрада, экватор, экспертиза, экскватор ва ғ.

  • а) дар оғози чанд калимаи тоҷикӣ дар асоси имлои таърихӣ ҳарфи э навишта мешавад: Эрон, Эраҷ, эдун, эзид, эдар, эшон ва ғ.;
  • б) агар калима бо ҳарфи э оғоз шавад, ин навишт ҳангоми калимасозӣ низ риоя мешавад: тозаэҷод, соҳибэҳсон, боэҳтиром ва ғ.;
  • в) дар байн ва анҷоми калима ба ҷойи ҳарфи э ҳарфи е навишта мешавад: меҳр, себ, шанбе, се ва ғ.[4]

Имлои ҳамсадоҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

8) Ҳарфи ж дар се мавқеъ навишта мешавад: жола, жарф, жӯлида, лағжидан, нажод, пажӯҳиш, аждаҳо, жож ва ғ.

9) Ҳарфи й (йот) дар мавридҳои зерин навишта мешавад:

  • а) дар оғози калимаҳои иқтибосӣ: йод, йог(а), йот, йӯрға ва ғ.;
  • б) дар байн ва анҷоми калима: кайҳон, майдон, айвон, май, най, ҷой, пой ва ғ.;
  • в) ҳарфи й пеш аз садонокҳои а, о, у, э(е) дар якҷоягӣ бо ин садонокҳо бо як ҳарф навишта мешавад: й+а=я, й+о=ё, й+у=ю, й+э=е: поя, соя, ёр, ёд, дарё, бурё, юнонӣ, юғ, ем, елим ва ғ.

Эзоҳ. Калимаҳое, ки таърихан дар таркиби худ ҳамсадои й доранд, аз ин қоида истисно мебошанд: чой (чойи сиёҳ), ҷой (ҷойи муносиб), лой (лойи нарм), пой (пойи чап); дар калима ва таркибҳои навъи найистон, оройиш, осойиш, чораҷӯйӣ, рӯйи хотир, ба рӯйи, ба сӯйи, ба ҷойи ва ғ.

10) Ҳамсадои н пеш аз б ба сурати м талаффуз шуда, аммо тибқи меъёр н навишта мешавад: анбор, анбӯр, занбар, занбӯр, пунба, сунбул, танбал, танбӯр, шанбе ва ғ.

11) Дар калимаҳои иқтибосии русӣ ба ҷойи ҳарфи ц ҳарфи с (пеш аз садонок ва дар дохили калима пас аз ҳамсадо) ва ҳарфҳои тс (дар байни ду садонок) навишта мешавад: семент, сирк, консерт, конститутсия, дотсент, милитсия ва ғ.

12) Ҳарфи ъ дар байн ва анҷоми иқтибосҳои арабӣ ба ҷойи айн ва ҳамза навишта мешавад: аъло, баъзе, ҷамъ, мавзӯъ, навъ, матбӯъ, масъул, масъала, таърих ва ғ.

Эзоҳ. Агар ба калимаҳои иқтибосии бо ъ анҷомёфта изофат ва ё пайвандаки ӯ илова гардад, ҳарфи ъ навишта мешавад: ҷамъи мардум, рафъи мушкилот, навъи ангур, табъу нашр, шамъу парвона ва ғ. Ҳарфи ъ дар байни ду садонок, ба истиснои калимаҳои фаъол ва таъйин навишта намешавад: маориф, таом, мавзӯи баҳс, тулӯи офтоб, шурӯи кор, маҷмӯи ашъор ва ғ.

13) Имлои ҳамсадоҳои ташдиддор:

  • а) дар калимаҳои тоҷикӣ дар асоси усули таърихӣ сурат мегирад: арра, барра, парра, пашша, бурро ва ғ.;
  • б) ҳамсадоҳои ташдиддор дар калимаҳои иқтибосии арабӣ, тибқи қоида дар қолабҳои фаъъол (наҷҷор, раззоқ, ҳаммол); тафаъъул (ташаккур, таҳаввул, таназзул); муфаъъал (мураккаб, муаззам, мунаққаш); муфаъъил (мусаввир, мударрис, мумаййиз); мутафаъъил (мутавассит, мутакаббир, мутаҳаййир); мутафаъъал (мутақаддам, мутааххар); ва калимаҳои навъи иттиҳод, иттилоъ, иттисол, муттаҳид, муттафиқ, мубарро, муҷалло, мусаммо, мутасаддӣ, мутасаллӣ, мутаваллӣ, табарро, тавалло, тасалло ва ғ. навишта мешаванд;
  • в) ҳамсадоҳои анҷоми калимаҳои иқтибосии арабии навъи дур, кул, зид, қад, сир, хат, фан, ҳад ва ғ., ки таърихан ташдид доранд, дар калимасозию калимабандӣ ташдиди онҳо дубора барқарор мегардад: дурри ноёб, кулли мардум, зидди душман, қадди расо, сирри ҳарбӣ, фанни забон, ҳадди ақал, истилоҳи фаннӣ, кори хаттӣ, хатту савод, ҷидду ҷаҳд ва ғ.;
  • г) ташдиди йот якҷо бо ҳарфҳои йотдор дар шакли зер навишта мешавад: айём, тайёр, муҳайё, тахайюл, муайян, музайян ва ғ.
  • [4]

Грамматика[вироиш | вироиши манбаъ]

Синтаксис[вироиш | вироиши манбаъ]

Системаи навиштан[вироиш | вироиши манбаъ]

Мақолаи асосӣ: Алифбои тоҷикӣ

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Забони тоҷикӣ — забони модарии мардуми тоҷик, ки аҳолии асосии Тоҷикистонро ташкил медиҳад (88%), ба ҳисоб меравад. Берун аз марзи ин давлат забони тоҷикиро тоҷикони маҳаллӣ дар дар қисмати аъзами аз шаҳру ноҳияҳои кишвари Ӯзбекистон (ба хусус дар шаҳрҳои Бухоро, Самарқанд, Термез, Намангон, Хуканд ва ҳатто дар ш, Тошканд ба ҳайси забони модарии хеш зиёда аз 15 миллион мешиносанд ва ҳамчун воситаи гуфтугузори ҳаррӯза истифода мебаранд. Ҳатто дар шаҳрҳои Бухоро ва Самарқанд гуфтугӯи мардуми ин шаҳрҳо ба забони тоҷикӣ сурат мегирад. Танҳо дар як шаҳри Тошканд зиёда аз 1 млн тоҷикон сукунат доранд. Бо забони тоҷикӣ инчунин намояндагони миллатҳои дигар, ки маскуни Тоҷикистон ҳастанд, ҳангоми муомила бо тоҷикзабонон тоҷикӣ ҳарф мезананд. Зиёда 45 дарсади аҳолии Афғонистон, ки аз лиҳози этнологӣ тоҷик ҳисоб мешаванд (зиёда аз 15 миллион) ва худро тоҷик меноманд, ҳарчанд бо забони аз тоҷикии Осиёи Марказӣ фарқи бузург надошта гуфтугӯ мекунанд, валекин забони хешро расман форсӣ — дарӣ ва ё кобулӣ мегӯянд ва худро тоҷик ном мебараранд. Аксари кулли мардуми Афғонистон ба забони тоҷикӣ (88%) гуфтугӯ мекунанд. Ҳатто ҳамаи паштунҳо тоҷикӣ балад ҳастанд. Таи солҳои охир забони тоҷикиро аз муҳочирони миллаташон тоҷик дар гӯшаҳои гуногуни собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан Русия, зиёда 222 ҳазор расмӣ ва ҳамчун муҳоҷир зиёда аз 1,5 миллион, инчунин дар шаҳрҳои Эрон, Сурия, мамолики Иттиҳоди Аврупо ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Канада шунидан мумкин аст. Аз чиҳати забоншиносӣ забони тоҷикӣ ба гурӯҳи ғарбии забонҳои эронӣ, оилаи калони ҳиндуаврупоӣ дохил карда мешавад. Бар ин гурӯҳ аз забонҳои имрӯзаи зинда ғайр аз тоҷикӣ ду забони дигар, ин ҳам бошад, форсии навин (теҳронӣ), яъне забони Эрони имрӯза ва забони дарӣ — кобулӣ, ки дар боло аз он сухан рафт, тааллуқ доранд. Ҳар сеи ин забони имрӯза давомгирандагони бевоситаи забони форсии нав, ки ҳамчунин бо номворҳои порсӣ (форсӣ ин шакли арабикунондашудаи ин калима аст), форсии классик адабӣ ё форсӣ дарӣ маъруф аст, мебошанд. Он забон дар навбати худ аз забони форсии миёна, ки дар аҳди Сосониён чаҳорсад сол роли забони давлати сунатии империюми бузургро иҷро мекард ва имрузҳо дар байни забоншиносон чун забони паҳлавӣ шинохта мешавад, сарчашма гирифта дар садсолаҳойи ҳастум ва нуҳум ба вучуд омад. Аз ҳамон вақт инчониб дар таркиби лугавӣ забони форси аз калимаҳойи арабӣ хеле васеъ истифода карда мешавад. Ҳиссаи лексикаи аз забони арабӣ иқтибоссуда дар баъзе матнҳои насри классикӣ то 80 фоизро ташкил медиҳад. Дар забони форс классики дар давоми қарнҳойи 9-17 адабиёти бойи оламшумул эҷод карда шуд дар сарзаминҳои Осиёйи Миёна, Эрон, Афгонистон, инчунин дар Озарбойчон, Покистон ва Ҳиндустон, ки дар давраҳои гуногуни таърих забони давлатияшон форсӣ буд. Гарчанде, ки тули ин садсолаҳо забони классикӣ, яъне забони адабиёт тағйири зиёде надид ва чун пештара дар тамоми олами форсизабон ягона буд, забони гуфтугӯии мардум, забони зинда ба таври интенсивӣ дигаргуниҳои нав мепазируфт ва аз забони адабӣ торафт дур мешуд. Ба замми ин дар натичаи ба миён омадани фарқиятҳои намоён дар инкисофи сиёсӣ, динӣ ва иҷтимоии кишварҳои олами форсизабон, хусусан баъд аз қарни пурошӯби 16-ум дар байни шеваҳои ҳам адабӣ, ҳам гуфтугӯии минтақаҳои гуногун номонандиҳои чиддие пайдо гаштанд. Оддӣ карда гӯем, забони ҳар як давлат роҳи инкисофи хешро пеш гирифт. Ҳамин тавр, аз асри шонздаҳ сар карда метавон дар бораи забони тоҷикӣ чун мафҳуми илмӣ сухан гуфт. Ба ин маром забони тоҷикиро забони аҳолии форсизабони Осиёи Миёна аз садсолаи XVI-ум минбаъд донистан ҷоиз аст. Аммо мисли он ҳоле ки дар боло ёдовараш шудем, дар дохили худи забони тоҷикӣ низ фарқиятҳо арзи ҳастӣ кардан гирифтанд ва ба ин минвол ба асри XIX омада ҳам байни забони адабиёту забони омма, ҳам байни лаҳчаҳои маҳалҳои гуногун фарқияти бузурге ба миён омад. Ҳанӯз ҳамон вақт маорифпарвари Бухоро Аҳмади Дониш кӯшиш ба харҷ дод, то забони адабиро оммафаҳм ва аз ибораҳои душвору такаллуфомез барӣ гардонад. Лекин кори асосиро дар самти ба роҳ мондани меъёри ягонаи забон дар айёми Шӯравӣ олимон ва адибони тоҷик бо сарварии Садриддин Айнӣ анчом доданд. Ҳамчун асоси забони адабӣ забони классикии асрҳои XVI-XIX бидуни арабизмҳои душворфаҳми он гирифта шуд, валекин сохти грамматикӣ ва лексикаи забони навбунёди тоҷикиро шеваи мардуми тоҷикзабони водии Зарафшон, аз ҷумла Бухорову Самарқанд ташкил дод. Далели ин қарори забоншиносони онвақтаи тоҷик он буд, ки дар ин минтақа тоҷик нисбатан асил ва тоза боқӣ мондааст. Дар ин забон, яъне забони расман тоҷикӣ, дар солҳои Шӯравӣ адабиёти бисёр интишор гардид ва забони тоҷикӣ нашъунамо ёфт. Дар асри ҷаҳонишавӣ форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ ба ҳам наздик шуда истодаанд ва дар оянда метавон гуфт, ки ин се шоха боз як забони умумро ифода кунанд ва барои 222 миллион порсигӯ забони ҳаставӣ қарор гирад.

Ба қавли андешамандони тоҷик нахустин шеъри нави форсӣ дар Осиёи Миёна ба воситаи шоир, нависанда ва муборизи настӯҳи роҳи озодии тоҷикон Садриддин Айнӣ суруда шудааст. С. Айнӣ ин шеърро дар соли 1918 суруда аст. Аз соли 1930, бештар ба мадҳи низоми коммунистӣ мепардозад. Шоироне чун Мирзо Турсунзода, Муҳаммадҷон Раҳимӣ, Нодир Шанбезода, Муҳиддин Аминзода, Мирсаид Миршакар, Боқи Раҳимзода ва дигарон мазомине чун ҷанги меҳанӣ алайҳи Олмони нозӣ, васфи ҳизби коммунисти Шуравӣ, ситоиши миллати бузурги рус, пролетариат ва ҳамбастагии хурдамиллиятҳои шуравии собиқро ба мазомини аслии шеъри худ табдил месозанд. Дар ин давра шеъри тоҷик ба шиддат идиулужизада аст ва дар хидмати сиёсатҳои давлати Шуравӣ ва ҳизби коммунист. Дар ҳамин давра аст, ки хати форсӣ ба хати лотинӣ табдил шуда ва шеъри тоҷикон аз баданаи бузурги шеъри форсӣ ҷудо мешавад. Ин вазъ то соли 1960 мелодӣ тадовум меёбад ва аз ин сол то соли 1985, ки марҳалаи саввуми шеъри муосири тоҷик шурӯъ мешавад идома меёбад. Миёнаи солҳои 1960 то 1985 давраи таҳаррукоти ҷадид ва зуҳӯри андешаҳои нав дар шеъри тоҷик аст. Ин замон аз по ба арсаи сухан гузоштани устод Муъмин Қаноат, ки ба Нимои Миёнрудон маъруф аст, шурӯъ мешавад. Гуфтанист шеъри форсӣ дар Осиёи Миёна бавижа Тоҷикистон дар ҳеч даврае ба ин андоза ба рукуд мувоҷеҳ нагардида буд. Ҳатман маърӯф аст, ки уламо, шуаро ва рушанфикрони тоҷик дар ҷамъи хонаводаҳояшон ба забони русӣ суҳбат мекарданд ва инро навъе престижи иҷтимоӣ медонистанд. Дар ҳамин давра аст, ки сиёсати мадании ҳизби коммунист, ки ҳадафи он идғоми тамоми арзишҳои фарҳангии миллатҳои кучактар дар даруни фарҳангу забони русӣ, дар ҳоли иҷро аст. Дар ҳамин овони ҳасрат аст, ки чанд ҷавон вориди маърака мешаванд ва масири ҷадиде барои таърих, забон ва фарҳангашон хилофи ҷараёни вайронгари мавҷуд эҷод мекунанд. Инон иборатанд аз устод Муъмин Қаноат, ки оғозгари ин раванд аст, устод Бозор Собир ва устод Лоиқ Шералӣ ба дунболи ӯ. Инон нахустин касонеанд, ки дар пайкари мурда ва берӯҳи шеъри тоҷик рӯҳи тоза медаманд ва барои мардуме, ки дар сарошеби суқут дар аъмоқи фарҳанги бегонаанд, умед эҷод мекунанд. Устод Муъмин Қаноат дар ҷавоби ононе, ки забони воҳиди форсиро ба се ном мехонанд ва дар ин номгузориҳо нияти сӯъ доранд, мегӯяд:

«

Форсӣ гӯӣ дарӣ гӯӣ варо

Ҳар чи мегӯӣ бигӯ
Лафзи хуби дилбарӣ гӯӣ варо
Ҳар чи мегӯӣ бигӯ.


Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу шири модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест
Чунки меҳри модар аст.
Муъмин Қаноат
»

Устод Муъмин Қаноат дар ашъор ва достонҳои дигаре чун достони “Тоҷикистон исми ман” ба дифоъ аз фарҳангу таърихи дурахшони миллати хеш мепардозад.

Устод Бозор Собир низ эътирози худро дар баробари вазъи мавҷуд бо мавзӯи забон баён мекунад. Шеъри забони модарии ӯ баёнгари таърихи дардноки миллати тоҷик аст.

«

Ҳар чи ӯ аз моли дунё дошт, дод

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод
Суннати волову девон дошт, дод
Тахти Сомон дошт дод.
Душмани донишгадояш дониши Сино гирифт,
Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.
Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,
Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.
Бозор Собир
»

Ё устод Лоиқ дар шеъри “Забони модари” мегӯяд:

«

Ҳар ки дорад дар ҷаҳон гумкардае

Дар замину осмон гумкардае
Ин нишон гумкадаеву дигаре
Хештанро бенишон гумкардае
Бок не гар доварӣ гум кардааст,
Ё умеди сарварӣ гум кардааст
Заҳр бодо шири модар бар касе,
К- ӯ забони модарӣ гум кардааст.
Лоиқ Шералӣ
»

Ба ҳамин тартиб, то соли 1989 мелодӣ ба ғайр аз ҳизби Коммунист ҳизби игаре ҳақи мавҷудият надошт то ин ки тоҷикҳо дар соли 1989 дар як ҷунбиши мадании худҷӯши мардуми ҳукуматро водоштанд, ки забони форсии тоҷики ба унвони забони расмӣ шинохта шавад. Бар ҳамин поя аввалин Қонуни забони форсии тоҷикӣ дар ҳамин сол ба татствиб расид ва мардум муштоқона даста- даста ва гурӯҳ-гурӯҳ бо ташкили клосҳои давлатӣ ва хусусӣ ба омӯзиши хати форсӣ пардохтанд, аммо ҷанги дохилии солҳои 1992—1997 ин равандро мутаваққиф сохт.[5]

Фарқиятҳои гӯишии Тоҷикистон, Афғонистон ва Эрон[вироиш | вироиши манбаъ]

Забони адабии тоҷикӣ аз ҷиҳати фонетикӣ ва луғавӣ байни ин оилаи сегона ҳам ба форсии классикӣ ва ҳам ба паҳлавӣ аз ҳама бештар наздикӣ дорад. Яъне, забони тоҷикӣ қадимтар аст, фонетика (дар ин ҷо кобулӣ ба тоҷикӣ наздиктар аст) ва таркиби луғавии он дар тӯли асрҳо дигар нашуда ва бинобарин архаикӣ мондааст. Ҳол он ки тарзи талаффузи эрониҳо барои гӯши тоҷикон ва афғонистониҳо бегона мерасад, чунки модернтар ва мулоимтар аст. Иборасозӣ, тарзи ҷумлабандӣ ва услуби тоҷикон то ҳудуде дигар аст. Дар натиҷаи ҳамзистии мардуми тоҷик бо мардуми хиндзабон, хусусан бо халқи Эрон дар тӯли асрҳо, ба забони тоҷикии гуфтугӯӣ ва лаҳҷаҳои он зиёдтар калимаҳои баромадашон эронӣ ворид гаштаанд. Баръакс фоизи лексикаи арабӣ на дар гӯиши Тоҷикистон, балки дар гӯишҳои Эрон ва Афғонистон, яъне забонҳои давлатҳои исломӣ баландтар аст. Ҳам ба тоҷикии адабӣ, ҳам ба тоҷикии гуфтугуӣ муддати шаст-ҳафтод соли охир забони русӣ таъсири бузург расонидааст ва расонида истодааст. Ҳамин тавр, калимаҳои байналмилалиро гӯиши Тоҷикистон аз русӣ иқтибос карда меояд то ҳанӯз, дар ҳоле ки теҳронӣ аз фаронсавӣ ва инглисӣ ва кобулиҳо аз инглисӣ истифода мекунанд. Рост аст, ки имрӯзҳо метавон дар матбуот ва телевизиони Тоҷикистон ба шакли фаронсавӣ-теҳронии калимаҳои хориҷӣ дучор омад, ки ба ҷойи тарзи пешинаи навишти русӣ навишти онҳо корбаст карда мешаванд, масалан конфронс ба ҷойи конферентсия. Вале ҷиддитарин фарқияти гӯиши тоҷикиро аз кобулию теҳронӣ дар грамматика пайхас мекунем. Чунин шаклҳо мисли "рафта истодаам; падарама ҷойи корасон"-тоҷикон ё "дорам мирам, исмиш Фирийдун ҳастиш"-и эрониҳо байни ҳамдигари онҳо фаҳмо нестанд. Ва албатта, наметавон қайд накард ин нуктаро, ки тамоми адабиёти форсии классикӣ ба хатти форсӣ навишта шуда ва ин хат то ҳануз дар Эрону Афгонистон ҷорӣ аст, миллати тоҷик бошад, аз сабабҳои сиёсӣ ду бор тайи 80 соли охир алифбояшро дигар кард, аввал аз ҳуруфи форсӣ ба лотинӣ, баъд ба кириллик гузашт. Ин яке аз омилҳои асосиест, ки ин гӯишҳоро боз ҳам аз якдигар дуртар сохтааст.

Номҳои ҳайвонот[вироиш | вироиши манбаъ]

Стандартҳои транслитератсия[вироиш | вироиши манбаъ]

Қоидаҳои гуногуни транслитератсияи забони тоҷикӣ:

Кирилликӣ ISO 9 (1995) 1 KNAB (1981) 2 WWS (1996) 3 ALA-LC 4 Allworth 5 BGN/PCGN 6
А а a a a a a a
Б б b b b b b b
В в v v v v v v
Г г g g g g g g
Ғ ғ ƣ gh gh gh gh
Д д d d d d d d
Е е e e, ye e e ye‐, ‐e‐ e
Ё ё jo yo ë ë yo yo
Ж ж ž zh zh ž zh zh
З з z z z z z z
И и i i i i i i
Ӣ ӣ ī ī ī ī ī í
Й й j y ĭ j y y
К к k k k k k k
Қ қ ķ q q ķ q q
Л л l l l l l l
М м m m m m m m
Н н n n n n n n
О о o o o o o o
П п p p p p p p
Р р r r r r r r
С с s s s s s s
Т т t t t t t t
У ӯ u u u u u u
Ӯ ӯ ū ū ū ū ū ŭ
Ф ф f f f f f f
Х х h kh kh x kh kh
Ҳ ҳ h x h h
Ч ч c ch ch č ch ch
Ҷ ҷ ç j j č̦ j j
Ш ш š sh sh š sh sh
Ъ ъ ' ' ' ' » '
Э э è è, e ė è e ė
Ю ю ju yu i͡u ju yu yu
Я я ja ya i͡a ja ya ya

Хешовандии забонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Забони тоҷикӣ моҳ нав модар хоҳар шаб бинӣ се сиёҳ сурх зард сабз гург
Дигар Забонҳои Ҳинду-Аврупоӣ
Забони форсӣ mâh now mâdar xâhar šab bini se siyâh sorx zard sabz gorg
Забони мозандаронӣ mâ/munek now mâr xâxer šo feni se siyu serx zard savz verg
Забони толишӣ манг нуй моâ һовâ шâв выни се сийо сы зард һавз нечи, варг
Забони пушту myāsht nəvay mōr khōr shpa pōza dre tōr sur zhaṛ shin lewa
Забони осетинӣ мæй нæуæг мад хо æхсæв фындз æртæ сау сырх бур цъæх бирæгъ
Забони урду māh / māheena nayā mā / walda behn rāt nāk tīn siah / kālā surkh / lāl pīlā sabz / harā bheyrya
Забони ҳиндӣ mās nayā mātā bahin rāt nāk tīn kālā / shyam lāl pīlā harā bik
Забони русӣ месяц
новый
мать
сестра
ночь
нос
три
чёрный
красный
жёлтый
зелёный
волк
Забони сербӣ месец
ново
мајка
сестра
ноћ
нос
три
црно
црвено
жуто
зелено
вук
Забони англисӣ month new mother sister night nose three black red yellow green wolf
Забони даниягӣ måned ny moder søster nat næse tre sort rød gul grøn ulv
Забони арманӣ amis nor mayr quyr gisher qit erek' sev karmir deghin kanach gayl
Забони лотинӣ mēnsis novus māter soror nox nasus trēs āter, niger ruber flāvus, gilvus viridis lupus
Забони фаронсавӣ mois
nouveau
mère
soeur
nuit
nez
trois
noir
rouge
jaune
vert
loup
Забони итолиёӣ mese nuovo madre sorella notte naso tre nero rosso giallo verde lupo
Забони олмонӣ Monat neu Mutter Schwester Nacht Nase drei schwarz rot gelb grün Wolf
Забони португалӣ mês novo mãe irmã noite nariz três negro vermelho amarelo verde lobo
Забони испанӣ mes nuevo madre hermana noche nariz tres negro rojo amarillo verde lobo
Забони каталанӣ mes nou mare germana nit nas tres negre roig / vermell groc verd llop
Забони руминӣ luna nou/noi mamă soră noapte nas trei negru roşu galben verde lup
Забони чехӣ měsíc nové matka sestra noc nos tři černý červený žlutý zelený vlk
Забони кимрӣ (زبان ولزی) mis newydd mam chwaer nos trwyn tri du (/di/) coch, rhudd melyn gwyrdd, glas blaidd
Забони лаҳистонӣ miesiąc nowy matka siostra noc nos trzy czarny czerwony żółty zielony wilk
Забони латишӣ mēnesis jauns māte māsa nakts deguns trīs melns sarkans dzeltens zaļš vilks
Забони литвонӣ mėnuo naujas motina sesuo naktis nosis trys juoda raudona geltona žalias vilkas
Забони украинӣ місяць
новий
мати
сестра
ніч
ніс
три
чорний
червоний
жовтий
зелений
вовк
Забони белорусӣ месяц
новы
маці
сястра
ноч
нос
тры
чорны
чырвоны
жоӯты
зялёны
воӯк

Шеър дар васфи забони тоҷикӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қанд ҷӯйи, панд ҷӯйи эй ҷаноб,
Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ,
Бекарон баҳрест, гавҳар беҳисоб,
Ҳарчи меҷӯйи, биҷӯ.
Порсӣ гӯйи, дарӣ гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйи, бигӯ.
Лафзи ишқу дилбари гӯйи варо,
Ҳарчи мегӯйи, бигӯ.
Баҳри ман танҳо забони модарист
Ҳамчу меҳри модар аст.
Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,
Чунки шири модар аст.
З-ин сабаб чун шӯхиҳои дилбарам
Дӯст медорам варо,
Чун навозишҳои гарми модарам
Дӯст медорам варо.

Муъмин Қаноат БА ҲАВОДОРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо/Links

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Викианбор маводҳои вобаста ба мавзӯи