Jump to content

Лайло Шарифӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Лайло Шарипова)
Лайло Шарифӣ
озарбойҷонӣ: Leyla Şəripova
Таърихи таваллуд 28 январ 1930(1930-01-28)[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 19 феврал 2024(2024-02-19)[2] (94 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон
Сабк мусиқии бумӣ[d]
Ҷоизаҳо
People's Artiste of the Azerbaijan SSR Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон

Лайло Шарифова (Шарифова Лайло Раҷабовна, озарбойҷонӣ: Leyla Şəripova, Лайло Шарифӣ форсӣ: لیلا شریفی‎; 28 январ 1930[1], Маскав19 феврал 2024[2], Дюсселдорф[d][3]) — овозхони тоҷики озаритабор, яке аз бунёнгузорони Ансамбли эстрадии «Гулшан»[4]. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1960), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1965).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Лайло Шарифӣ дар хонаводаи падари турки зодаи Измир ва модари эронии озарбойҷонӣ чашм ба дунё кушодааст. Падараш то солҳои 1933, ба гуфтааш, як тоҷир буд ва ин пешааш ӯро то ба Озарбойҷони шӯравӣ ҳам бурдааст. Чун дар Озарбойҷон мавзеи зоймон хуб набуд, модарашро ба Маскав бурданд, вале дар Маскав гуфтанд, як моҳ зуд шудааст. Модараш вақте мехост ба Боу баргардад, дар байни Маскав ва Озарбойҷон Лайло дар дохили ҳавопаймо 28 январи соли 1930 таваллуд шуд[5]. Баъди ин ба Машҳади Эрон баргаштанд ва ӯ ҳам дар он ҷо бузург шуда, дар мактаб таҳсил кард.

Баъди муддати кӯтоҳе ва саркӯбҳои чапгароҳои ҷонибдори нахуствазири миллихоҳ шавҳари “мусаддиқиаш” ҳамроҳи ӯ дар нимаи дуюми солҳои 1950-ум Эронро тарк кард. Ҷуфти ҷавон дар Иттиҳоди Шӯравӣ паноҳандаи сиёсӣ шуданд[5].

Лайло Шарифова Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанберо дар соли 1959 хатм карда, дар дастаи ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ ба сифати сароянда ҳунар меозмуд ва ҳамзамон чун наттоқ барномаҳои радиои тоҷикро ба форсӣ қироат менамуд. Соли 1964 назди Кумита нахустин ансамбли эстрадӣ — «Гулшан» созмон дод ва роҳбари бадеии он гардид. Соли 1967 Тоҷикистонро тарк сохт ва фаъолияти минбаъдааш дар Озарбойҷон ҷараён гирифтааст. Беш аз 30 боз дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон зиндагӣ мекунад[5].

Ба туркӣ, озарӣ, арабӣ, ҳиндӣ, русӣ ва дигар забонҳо таронаҳои зиёд хондааст. Дар хазинаи Радиои тоҷик «Ҷонона», «Моҳпайкари ман», «Эй шохи гул», «Чашми сиёҳ», «Дар хаёли ту», «Куҷоӣ», «Марямҷон», «Бевафоӣ», «Шоҳи парӣ», «Саҳаргоҳон», «Як шабе», «Райҳон», «Биё, эй ёр», «Ёри тоҷикам», «Алла», «Бе сурма ҳам зебоӣ», «Рафтем, рафтем», «Чашм во кун», «Париҷон», «Ҳадя», «Интизори ман», «Эй моҳи ҳинду», «Гули хандонам», «Халваҷӣ», «Кабутари сафеди ман» барин сурудҳояш маҳфузанд ва чун ёдгоре аз ин бонуи ҳунар боқӣ мондаанд.

Лайло Шарифӣ 19 феврали соли 2024 дар шаҳри Дюсселдорфи Олмон дар 94-солагӣ даргузашт[6][7][8].

Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон тақдир шудааст.

  1. 1.0 1.1 радио «Свобода»Прага: 1949.
  2. 2.0 2.1 https://qafqazinfo.az/news/detail/leyla-seripova-almaniyada-vefat-edib-427739 — 2010.
  3. 3.0 3.1 https://qafqazinfo.az/news/detail/leyla-seripova-almaniyada-vefat-edib-427739
  4. Лайло Шарифова: "Гулшан"-ро ман ташкил кардам (ВИДЕО)(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 августи 2022 санҷида шуд.
  5. 5.0 5.1 5.2 90 соли Лайло Шарифӣ -- “Уқоб”-и эстрадаи тоҷик. ВИДЕО(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 17 августи 2022 санҷида шуд.
  6. Скончалась певица и композитор Лейла Шарипова(рус.). Информационное Агентство Репорт (20 феврали 2024). 21 феврали 2024 санҷида шуд.
  7. Меҳрофарин Наҷибӣ. Лайло Шарифӣ, нахустин роҳбари дастаи ҳунарии “Гулшан” дар Олмон даргузашт. old.asiaplustj.info. ASIA-Plus (20 феврали 2024). 21 феврали 2024 санҷида шуд.
  8. Мӯъмин Аҳмадӣ. “Ӯ ошиқи Тоҷикистон буд.” Даргузашти Лайло Шарифӣ дар Олмон(тоҷ.), Радиои Озодӣ (20 феврали 2024). Проверено 21 феврали 2024.
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.