Лев Ефимович Месенжников

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лев Ефимович Месенжников
Лев Ефимович Месенжников
Таърихи таваллуд соли 1899
Зодгоҳ губернияи Чернигов Россия

Лев Ефимович Месенжников - Аз 1 августи соли 1938 то соли 1942 директори(сарвари) ДДОЛ ба номи С.М.Киров

Лев Ефимович Месенжников соли 1899 дар деҳаи Середина - Будаи губернияи Чернигов Россия таваллуд ёфтааст. Месенжников Л.Е. дар Омӯзишгоҳи ҳунари шаҳри Севски губернияи Орлов (1918) таҳсил намуда, солҳои 1918-1919 ба ҳайси омӯзгори мактаби миёнаи шаҳри Новый Быков, дастурдеҳи шуъбаи сиёсӣ-равшаннамоӣ, шуъбаи маорифи ноҳияи Петинско-журавлёв, дастурдеҳи шуъбаи мазкур дар губернияи Харков (1920-21) фаъолият бурдааст. Сипас ҳамчун таблиғотчии Кумитаи ҳизбии ноҳиявии ВКП(б)-и Харков (1926), лектори гурӯҳи таблиғотии КМ ҲК(б) Украина (1926-32) мудири Хонаи маорифи сиёсии кумитаи вилоятии ҳизбии Днепропетровск (1932), мудири шуъбаи ташкилии комитети ҳизбии ноҳияи Высокополск (1933-34), мудири шуъбаи маорифи шаҳри Днепропетровс (1935) кор кардааст. Ӯ аз соли 1935 дар Тоҷикистон ҳамчун дастурдеҳи КМ ҲК Тоҷикистон 1936-1937, ёвари котиби КМ ҲК Тоҷикистон (1937-1938) фаъолият бурдааст. Аз 1 августи соли 1938 то соли 1942 директори(сарвари) ДДОЛ ба номи С.М.Киров буд.[1]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • А.Бобокалонов, Ҳ.Холҷӯраев, Ш.Шарипов. Роҳи пуршараф: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров 80 сол. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2012. – 500 с.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]