Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 № 192 мавриди истифода қарор дорад.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2006, № 341 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 6, моддаи 300) қабул гардидааст.

Бо Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 2006, № 221 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2006, № 7, моддаи 355) ҷонибдорӣ гардидааст. Қонуни мазкур рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муқаррар намуда, вазъи ҳуқуқӣ, тасвир ва тартиби истифодаи расмии онҳоро танзим мекунад. Қонун аз 5 модда иборат аст:

  • Моддаи 1. Рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Моддаи 2. Тасвири Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Моддаи 3. Тасвири Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Моддаи 4. Маҳали нигоҳдошт ва тартиби истифодаи Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Моддаи 5. Тартиби истифодаи Нишони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Моддаи 6. Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
  • Моддаи 7. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур,
  • Моддаи 8. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур.[1]
Парчам Солҳо Истифода Шарҳ
1993 — Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон матоъи хоси росткунҷаест, ки он аз се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта иборат мебошад: рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поин баробар мебошад; рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга аст. Даври Ливо ба андозаи 50 мм, бо ресмони зарҳалин дастдӯзӣ шуда, бо шилшилаҳо ороиш ёфтааст.

Таносуби бару дарозии умумии Ливо 1:2 аст. Дар Маркази Ливо тасвири «Дирафши Ковиён» инъикос ёфтааст, ки он рамзи пойдорӣ ва бардавомии давлатдории миллӣ мебошад. Дар қисми болоии «Дирафши Ковиён» найза ҳамчун рамзи ирода ва қудрати ҳифзи Ватан тасвир ёфтааст. Қисмати чаҳоргонаи «Дирафши Ковиён» - чаҳор қисмати гетк буда, рамзи равобити некӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳо ва халқҳои ҷаҳон аст. Дар дохили «Дирафши Ковиён» чаҳор шохаи марғула дар даври Хуршед – ҳамчун рамзи ҳамеша дар ҳаракат будани вақту замон, гардиши замин ва дигар аносири коинот дар атрофи Хуршед инъикос ёфта, баёнгари бахт, ваҳдат, саодат ва пешрафти кишвар мебошад.

Дар маркази «Дирафши Ковиён» Шери болдор ҳамчун рамзи қудрат, нерӯмандӣ ва шукӯҳи давлат дар рӯи осмони кабуд инъикос ёфтааст.

Дар болои тасвири Шери болдор Тоҷ ва ҳафт ситора ҳамчун асоси Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, инъикос ёфтаанд. «Дирафши Ковиён» аз ресмонҳои рангаи зарҳалин дар ҳар ду ҷониби Ливо дастдӯзӣ мешавад.

Андозаи «Дирафши Ковиён» 3:5 таносуби Ливо аст.

Дар қисмати болоии чӯбдасти Ливо лавҳаи заррин васл мегардад, ки дар он фамилия, ном ва номи падари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зикри муҳлати салоҳияти конститутсионии ӯ ҳаккокӣ мешавад.

Нӯги чӯбдасти Ливо шакли гунбази заррин дорад.

[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]