Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Лилия Абдушукурова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Лилия Абдушукурова
Лилия Мақсумовна Абдушукурова
Таърихи таваллуд 15 октябри 1929(1929-10-15) (96 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Фориш, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ маорифшиносӣ
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ,Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко
Ҷоизаҳо Нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон»

Лилия Мақсумовна Абдушукурова (зод. 15 октябри 1929, ноҳияи Фариш, ҶШС Узбекистон) — омӯзгор, номзади илмҳои педагогӣ (1971), дотсент (1977).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1951 факултети географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко хатм кардааст. Солҳои 1951—1953 методист ва мудири кабинети географияи Донишкадаи такмили ихтисоси муаллимони Вазорати маорифи Тоҷикистон, 1954—1957 аспиранти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Сталинобод ба номи Т. Г. Шевченко, 1957—1961 ходими калони илмӣ ва мудири сектори педагогикаи Институти илмӣ- педагогии тадқиқотии илмҳои педагогии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Солҳои 1961—1981 ҳамчун муаллими калон, дотсенти кафедраи педагогикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко кор кардааст. Соли 1981 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин ба кор гузаштааст. Муаллифи зиёда аз 16 корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.