Лола Тикчанди Баҳор
форсӣ: لاله تیک چند بهار | |
Таърихи таваллуд: | 1687 |
Таърихи даргузашт: | 1766 |
Маҳалли даргузашт: | |
Навъи фаъолият: | нависанда, фарҳангнавис, забоншинос, шоир |
Лола Тикчанди Баҳор (форсӣ: لاله تیک چند بهار; 1687 — 1766, Деҳлӣ) — фарҳангнавис ва шоири форсизабони Ҳиндустон.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Баҳор аз қавми кҳатрии ҳиндуҳо мебошад. Дар ҷавонӣ ба шеъргӯӣ майлу рағбат дошт. Баҳор худро шогирд ва мухлиси фарҳангнависи маъруф ва шоири шинохтаи асри хеш Сироҷиддини Алихони Орзу (тасдиқи инро дар фарҳанги тафсирии Орзу «Чароғи ҳидоят» дар шарҳу эзоҳи маънои калимаи «задан» дидан мумкин аст) ва олиму фозили давр Шайх Абулхайр Хайруллоҳи Вафоӣ муаррифӣ мекунад.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]Шуҳрати ҷаҳониро ба Баҳор таълифи яке аз фарҳангҳои тафсирии муътабар ва бузургҳаҷм «Баҳори Аҷам» овардааст. Ғайр аз «Баҳори Аҷам» осори зерин низ ба қалами Баҳор тааллуқ доранд: «Ҷавоҳиру-л-ҳуруф» — рисола доир ба ҳуруфи таҳаҷҷӣ (ҳарфҳои алифбо; чопи Конпур, 1850), «Наводиру-л-масодир» — рисола доир ба таҳқиқи масдарҳои забони форсии тоҷикӣ (чопи Деҳлӣ, 1955) ва «Баҳори „Бӯстон“» — шарҳи «Бӯстон»-и Саъдӣ. Баҳор дар дарбори ҳокимони Деҳлӣ хидмат карда, ба гирифтани унвони фахрии рой (роҷа) ноил гаштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Баҳор Лоло Тикчанд / А. Сангинов // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.