Jump to content

Фарҳанги луғат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Луғат)
Луғтаи бисёрҷилдаи Лотинӣ дар Китобхонаи Донишгоҳи Граз.

Фарҳанги вожагон, фарҳанги луғат, вожанома, луғатнома, фарҳанг ё фарҳангнома — китобе аст, ки дар он маънии вожаҳои як забон маъни бо тавзеҳоти марбута ба решаашон, талаффузашон, ё иттилооти дигари марбут ба онҳо ба тартиби ҳуруфи алифбоӣ ҳамон забон гирдоварӣ мешаванд.

Фарҳанги вожагон бо донишнома тафовут дорад. Дар як вожаномаи маъмулӣ, фақат ба маънии вожаҳо иктифо мешавад ва иттилооти дигари (назири таърихча) дода намешавад. Ба илова, дар вожаномаҳо фақат ба вожаҳои умумии як забон ишора мешавад, ва асоми хос (монанди исми маконҳо ва ашхос) камтар навишта мешавад. Бо ин ҳол, марзи дақиқӣ байни вожанома ва донишнома наметавон таъйин кард, ва бархе китоб ба навъи дар ҳар ду табақа ҷо мегиранд, монанди Луғатномаи Деҳхудо.

Луғатҳо якчанд хел мешаванд:

  1. Луғатҳои тафсирӣ
  2. Луғати дузабона

Бештар луғати дузабонаро барои омӯзиши забонҳо истифода мебаранд.