Донишнома
Донишнома (форсӣ: دانشنامه), Энсиклопе́дия (аз юн.-қад. ἐγκύκλιος παιδεία — «омӯзиши фарогир» аз κύκλος — доира + παιδεία — омӯзиш) — нашрияи илмӣ ё илмию оммавӣ, ки аз тамоми соҳаҳои илм (донишномаи умумӣ) ё соҳаи ҷудогонаи он (донишномаи соҳавӣ) дониш медиҳад.
Мафҳум
[вироиш | вироиши манбаъ]Донишнома, китоберо гӯянд, ки маълумоти ҷомеъу мухтасаре роҷеъ ба ҳамаи донишҳои башарӣ ва ё як соҳаи махсус иртиботдоштаро дар бар гирад. Ин маълумот ба шакли мақолаҳо, ба тартиби алифбоӣ ва мавзуъӣ аст. Донишнома муодили калимаи фаронсавии encyclopédie (энсиклопеди) ва калимаи англисии encyclopédie (энсиклопедия) буда, ҳар ду гирифташуда аз вожаи encyclopaedia, сурати лотинии ибораи юнонии enkukliospaudeia ба маънои омӯзиши умумӣ ва мураккаб аз се ҷузъи en ба маънои «дар» ва kuklios ба маънои «доира» ва paudeia ба маънои «омӯзиш» аст.
Энсиклопедия беш аз ду ҳазор сол ҳамчун китоби дарбаргирандаи хулосаи қобили фаҳм аз донишҳои мавҷуда пазируфта мешуд. Юнониёни бостон ин вожаро ба маънои маҷмуае аз мавод ва мавзуъоти омӯзишӣ ба кор мебурданд, ки шомили ҳафт мавзуъи асосии донишу фан, яъне дастури забон (сарфу наҳв), мантиқ, балоғат, ҳисоб, ҳандаса, мусиқӣ ва ҳайат буд. Аввалин бор Франсуа Рабле(адиби фаронсаӣ) ин калимаро дар тавзеҳи асари худ «Гаргантюа ва Пантагрюэл» ба кор бурд; нависандаи олмонӣ Раул Сколич нахустин шахсе буд, ки соли 1559 дар унвони навиштаи донишномагунаи худ – «Энсиклопедия ё маҷмуаи дониши ҷаҳон, аз ҷумла илоҳӣ ва ғайри илоҳӣ» (Encyclopaedia seu orbis disciplinarum tam sacrarum quam prophanarum epistemon) калимаи энсиклопедияро ба кор бурдааст.
Барои тақсимбандии донишномаҳо меъёрҳои гуногун ба назар гирифта мешаванд. Масалан, донишномаҳо аз назари ҳаҷм ба муфассалу мухтасар, аз назари фарогирии маълумот ба донишномаҳое, ки ҷавобгӯи ниёзҳои фаврӣ, донишномаҳои ҷавобгӯи ниёзҳои тахассусӣ, донишномаҳои электронӣ (онлайн), донишномаҳое, ки маълумоташон ҳам барои мутахассисон ва ҳам барои донишҷӯён ба кор меояд, донишномае, ки ҷанбаи омӯзишӣ низ доранд, тақсим шудаанд. Ҳамчунин донишномаҳо аз назари меъёру тартиб ба алифбоиву мавзуъӣ, вобаста ба ҳаҷми онҳо ба бузург (иборат аз даҳҳо ҷилд), кӯчак (10 – 12 ҷилд), мухтасар (4 – 6 ҷилд) ва 1–3-ҷилдӣ, ки маъмулан қомус ё луғати донишномаӣ ном доранд, тақсим мешаванд. Ҳар як аз ин донишномаҳо дорои нақшаи хос (тақсимбандии ҳаҷми умумии мақолаҳо мувофиқи соҳаву навъ) ва луғатнома (номгӯи комили вожаҳое, ки аз онҳо мақола сохта мешавад)-анд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]
Донишнома дар ҷаҳон таърихи тулонӣ дорад. Бархе бар ин ақидаанд, ки собиқаи донишноманигорӣ дар Шарқ нисбат ба Ғарб тӯлонитар аст. Чиниҳо нахустин донишноманависон будаанд, ки аввалин донишномаи онҳо дар асри 15 пеш аз милод навишта шудаанд. Бузургтарин донишномаи катбӣ «Юн-ле» мебошад, ки таҳияи онро соли 403 м императори Чин Юн-ле фармон дода буд. Ин Донишнома аз 11 ҳазору 95 ҷилд иборат буд ва 510 ҳазор ё худ 300 млн иероглифро дар бар мегирифт. То имрӯз 40 дарсади матни он маҳфуз мондааст. Дар Ғарб, дар аҳди бостон касеро файласуф мегуфтанд, ки фарогирандаи ҳамаи донишҳову илмҳо бошад. Аз ин рӯ осори онҳоро чун ҷузъи аввалин донишномагунаҳо овардаанд ва ба ҳамин далел таълифоти Арастуву Афлотунро аз аввалин донишномаҳо шумураанд.
Донишноманигориро дар Аврупо ба се давра тақсим кардаанд: аз Юнони Бостон то асри 17, аз аввали асри 18 то аввали асри 20 ва давраи муосир. Давраи нахустин давраи донишномагунаҳо ном гирифтааст. Дар давраи бостон таснифи пешинаи донишнома ба кишварҳои Юнону Рум бозмегардад. Мақсади юнониён ин буд, ки фарҳанги шифоҳии худро ба фарҳанги навишторӣ табдил диҳанд. Румиҳо низ мекӯшиданд, ки хулосае аз дониши замони худро ба китоб ворид намоянд. Муҳимтарин осори ин давра «Таърихи табиӣ» («Naturalis Historia»-и Гай Плиний Секунд (77 м.) буд, ки баъзе онро мувофиқи шеваи гирдоварии иттилоот аввалин донишнома дар ҷаҳон донистаанд.
Асари донишманди фаронсавӣ Винстони Боваӣ (1190—1264), «Оинаи бузург» («Speculum majus», асри 13), бузургтарин дастоварди асри миёна ва бузургтарин донишномаи қабл аз асри 18буд. Бо «Эҳёи улуми кабир» («Great restoration of Sciences»)-и Ф.Бекон таҳаввули донишноманависӣ дар Аврупо оғоз гашта, дар асри 17 ва ибтидои асри 18 равиши танзими матолиби доирату-л-маориф аз мавзуъӣ ва соҳавӣ ба алифбоӣ табдил дода шуд.
«Фарҳанги бузурги таърихӣ» («Grand dictionnaire historique» — 1643—1680)-и донишманди фаронсавӣ Луи Морери яке аз нахустин донишномаҳои алифбоӣ дар Аврупо буд, ки аз ҷиҳати матолиби зандагиномаӣ ва ҷуғрофиёӣ ва фарҳангӣ ғанӣ мебошад. Он соли 1674 дар ш. Леон интишор ёфта, ба забонҳои олмонӣ, итолиёӣ ва фаронсавӣ тарҷума шуд.
Давраи дуввум давраи таҳаввули донишноманигорӣ дар Ғарб аст. Дар ин давра гароиш ба истифода аз шеваи муназзам дар тақсими улум дар миёни аҳли илм бартарӣ ёфт. Муҳимтарин донишномаҳои давра: «Доирату-л-маорифи фаннӣ»-и донишманд ва руҳонии инглис Ҷ. Ҳаррис (1666—1719), «Сиклипедия ё Фарҳанги ҷаҳонии улум» -и Е. Чамберс (1680—1740) дар соли 1727; «Донишномаи ҷомеъ»-и донишманди олмонӣ И. Ҳ. Зедлер («Great Universal Lexicon»(1732-50, дар 64 ҷилд), «Энсиклопедия ё Доирату-л-маорифи Ҷомеъ» («Encyclopédie») таҳти сарпарастии адиб ва файласуфи фаронсавӣ Д. Дидро, ки дар ҳамкорӣ бочанде аз мутафаккирони замонаш таълиф ва дар 27 ҷилд солҳои 1750-65 чоп шуд); Донишномаи маъруф ба «Брокҳаузи Бузург» (Brockhaus encyclopedia), тадвини Фридрих Арнолд Брокҳауз, ки дар солҳои 1796—1811 (чопи баъдӣ дар солҳои 1927-35,дар 20 ҷилд) интишор ёфт; «Донишномаи бузурги Британика» («Encyclopædia Britannica»), ки нахустин бор соли 1768 (Эдинбург, 3 ҷилд) оғоз шуда, соли 1771 ба поин расид ва батадриҷ соли 1929 чопи 14-уми он дар 24 ҷилд мунташир шуд; «Қомуси бузурги ҷомеи қарни 19» («Grand dictionnaire universel du XIXe siècle»)-изабоншиноси маъруфи фаронсавӣ Ларусс Пйер дар 17 ҷилд, солҳои 1866-76 ба нашр расид.
Дар давраи севум донишноманигорӣ ба тарзи нав, бо роҳу равиши тоза шуруъ шуд. Дар нигориши донишномаҳои муосир на як муаллиф, балки ҳайати бузурги кормандон иштирок намуда, донишмандони соҳаҳои гуногуни илмро ба навиштани мақолаҳо ҷалб мекарданд. Яке аз донишномаҳои маъруфи давраи муосир «Донишномаи Бузурги Шӯравӣ» («Большая Советская Энциклопедия») мебошад, ки аз соли 1926 то 1978 се бор интишор ёфт; нашри охири он аз 30 ҷилд иборат аст. Барои он 8 ҳазор донишманд мақола навишта буданд, ки беш аз сад ҳазор мадхалро дар бар гирифтааст. Дар кишварҳои Аврупову Амрико донишноманависии муосир аз охири асри 19 ва ибтидои асри 20 оғоз шуд.
Донишнома дар замони шӯравӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳои аввали Ҳокимияти Советӣ В. И. Ленин дар бораи зарурати ташкили луғату энциклопедияҳои советӣ масъала гузошт. Донишномаҳои соҳавии зерин «Сельскохозяйственная энциклопедия» (ҷилдҳои 1-7, 1925-28), «Торговая энциклопедия» (ҷилдҳои 1-5, 1924-25), «Педагогическая энциклопедия» (ҷилдҳои 1-3, 1927-29) ва ғайра. Баробари нашри Донишномаи Калони Советӣ («Большая Советская Энциклопедия») марҳилаи нави инкишофи кори энциклопедӣ оғоз ёфт. 3 маротиба Энциклопедияи хурди советӣ нашр шуд. Дар соҳаи техника, тиб, адабиёт ва ғайра нашрҳои бисёрҷилдаи донишнома ҳастанд. Дар охири солҳои 50 ва ибтидои 60 нашриёти «Советская энциклопедия» оид ба 20 соҳа донишнома чоп мекардагӣ шуд. Охири солҳои 50 дар ҷумҳуриҳои иттифоқӣ ба забонҳои миллӣ оид ба тайёр ва нашр кардан донишномаҳо кор оғоз ёфт.
Се нашри «Энциклопедияи бачагона» (ҷилдҳои 1-10, 1958-62; нашри 2-юми ҷ.-ҳои 1-12, 1964-69; нашри 3-юм, ҷилдҳои 1-12, 1971-78) дар илми советӣ воқеаи муҳим буд.

Донишномаҳои мамолики Аврупо в Амрико
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар кишварҳои аврупоӣ яке аз кӯҳантарин донишномаҳо, ки то ҳол нашр мешавад, «Донишномаи Бритоннико» аст, соли 2010 нашри 15-уми он дар 32 ҷилдро дар бар мегирад[1].
Донишномаҳои машҳури ҳозираи Ғарб «Донишномаи мусаввари аврупоию амрикоии универсалӣ», «Донишномаи итолиёии илм, адабиёт ва санъат», «Донишномаи Брокҳауз», нашрияҳои сершумори фирмаи Ларуси Фаронса, «Донишномаи Амрико», «Эспос», «Итолиёно», «Бритонико», «Макропедия», «Американо» «Большая Советская Энциклопедия» аз нахустдонишномаҳои мукаммали дунёянд, ки дигар донишномаҳои хурду бузурги давлату халқият ва маҳалҳои алоҳида ба асоси таҷрибаи ин донишномаҳо тадвину сохта шудаанд.
Асарҳои донишномаии тоҷику форс
[вироиш | вироиши манбаъ]Равияи ҷамъ кардани маълумот аз илмҳои гуногуни замони худ ба сурати як асари махсус аз қадим боз вуҷуд дошт, ки Авесто намунаи он аст. Ба риштаи таҳрир кашида шудани асарҳои донишномаӣ барои мардуми тоҷику форс падидаи нав нест ва асарҳои энсиклопедие чун «Бундаҳишн», «Динкард», «Ал-Қонун», «Донишномаи Алоӣ», «Матлаъу-л-улум» ва «Маҷмаъу-л-фунун», «Таърихи Табарӣ», «Сивону-л-ҳикмат», «Ал-Феҳрист», «Аҷоибу-л-булдон», «Сурату-л-арз» ва тазкираву баёзҳои сершумор намунаҳои китобҳои донишномаии қадиманд. Мафҳуми донишнома ҳамчун маҷмӯаи донишҳо, маълумоту иттилоот дар дунёи қадим пайдо шуда бошад ҳам, асосан дар давраи дуюми тамаддун — аз оғози асрҳои миёнаву давраи Эҳё таълифи донишномаи дақиқ бо мақолаҳои мураттаби алифбоӣ оғоз гардид ва аз ин дам аҳли илму маърифат ва фарҳанг ба ин махзани бебаҳои илму фарҳанг бештар таваҷҷуҳ намуданд.
Дар давраи ислом бисёр асарҳои илмӣ навишта шуда буданд, аз ҷумла, асарҳои донишномаии умумӣ ва соҳавӣ. Дар онҳо маълумот баъзан аз рӯи як тартиб, баъзан омехта ва бо ҳам пайваста ва гоҳ ба тартиби алифбо, ба тарзи луғат оварда мешуд. Қисми зиёди онҳо то садаи X-11 ва баъд аз он ба забони илмии онвақта — забони арабӣ таълиф мешуданд ва аксари онҳо дар Осиёи Миёна, Афғонистон ва ё дар Эрон ва мамлакатҳои дигар аз тарафи тоҷикон ва намояндагони халқҳои дигари Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон таълиф меёфтанд ва баъзан ба забони тоҷикӣ-форсӣ тарҷума мешуданд.
Донишномаҳои умумӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар нимаи якуми асри IX донишномаи фалсафаю илмҳои табиӣ «Расоилу ихвон-ис-сафо ва хуллон-ил-вафо» («Рисолаҳои бародарони пок ва дӯстони бовафо»)-и Сайидаҳмад ибни Абдуллоҳ ба забони арабӣ таълиф шуд ва дастраси аҳли илми тамоми Шарқи Наздик ва Миёна гардид; дар замони Темур тарҷумаи тоҷикӣ-форсии он ба вуҷуд омад. Қадимтарин донишномаҳои умумӣ «Китоб-уш-шифо», «Мафотеҳу-л-улум» ва «Дурату-т-тоҷ ли-туррати-д-даббоҷ» мебошанд.
Донишномаҳои соҳавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар аввали садаи XI асари донишномаии доир ба шаш илм: мантиқ, илоҳиёт, табииёт, раёзиёт, нуҷум, мусиқӣ — «Донишнома» таълиф ёфт. Дар мобайни солҳои 1117—1120 донишномаи илмҳои даври худ — «Нузҳатномаи Алоӣ» таълиф шуд. Солҳои 1099—1102 Ғазолӣ «Эҳёҳу улуми-д-дин» ва соли 1179 Фахруддин Муҳаммад ибни Умари Розӣ донишномаи калони илмҳои исломӣ «Ҷомеъу-л-улум»-ро таълиф карданд, ки дар онҳо маълумоти оид ба дину мазҳабҳо, фалсафа, забон ва адабиёт, тиб, нуҷум ва ғайра оварда мешавад. Дар нимаи якуми садаи XIV «Нафоису-л-фунун-фи ароисилу-юн» ва дар садаи XV «Риёзу-н-носиҳин» ба вуҷуд омадааст.
Дар асрҳои 16-18 таълифи донишномаҳои умумӣ камтар ба назар мерасад. Дар нимаи дуюми садаи XIX то давраи советӣ дар Осиёи Миёна донишномаи миёнаҳаҷми илму фанҳои асосӣ «Матлаъу-л-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Воҷид Алихон машҳур ва мутадовил буд (таълиф солҳои 1845—1946). Аз донишномаҳои мухтасар, ки дар ин давра мавриди истифода буданд, «Махзану-л-улум»-и Браҷ Муҳан дар Ҳиндустон таълиф шуда, дар охири садаи XIX нашрҳои ҳиндустонии он машҳур гашт. Донишномаи дигар «Риёзу-л-фирдавс» — таълифи Муҳаммад Ҳасанхон аст, ки ба равияи «Матлаъу-л-улум» дар Ҳиндустон дар охири садаи XIX навишта ва нашр шуда буд. Дар садаи XIX ва аввали садаи XX мубодилаи адабӣ ва маданӣ аз он ҷумла бо роҳи таълиф, нашр ва паҳн кардани асарҳои донишномаӣ байни Ҳиндустон ва Афғонистон Осиёи Миёна хеле ривоҷ гирифта буд. Бисёре аз асарҳои донишномаии Осиёи Миёна ривоҷи босазо дошт. Бештаре аз соҳавӣ ба забони урду тарҷума мешуданд (масалан, тарҷумаи урдуии «Матлаъу-л-улум ва маҷмаъу-л-фунун»-и Зайнулобидинхон, ки дар Ҳиндустон нашр гардид; тарҷумаи урдуии донишномаи космографӣ, ҷуғрофӣ ва табиатшиносӣ «Аҷоибу-л-махлуқот»-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ ва ғайра).
Дин
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соҳаи таърихи дин ва мазҳабҳои Шарқ асарҳои зиёде навишта шуда буданд. Аз машҳуртарин китобҳои ин соҳа «Ал-милал ва-н-ниҳал»-и Муҳаммади Шаҳристонӣ ва «Ғуняту-т-толибия»-и Абдулқодири Ҷелонӣ (ваф. 1167), ки ба забони арабӣ таълиф ёфта, тарҷумаи форсӣ-тоҷикии як қисми он бо номи «Ҳафтоду ду миллат» шуҳрат ёфтааст. Асари калони форсӣ-тоҷикӣ «Дабистони мазоҳиб» тахминан таълифи Мӯҳсини Фонӣ дар миёнаи садаи XVII, ки дар он оид ба дину мазҳабҳо ва таълимоти фалсафии халқҳои Шарқ маълумоти муфид ҷамъоварӣ шудаанд.
Ҷуғрофиё ва таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соҳаи ҷуғрофия омехта бо таърих китобҳои зиёд таълиф шуда буданд, ки як миқдор аз онҳо тарзи донишнома ва маълумотномаи соҳавии ҷуғрофӣ-таърихӣ ва табиатшиносӣ, инчунин халқшиносӣ ва этнографиро доро мебошанд.
«Муъҷаму-л-будон» ба инкишофи ҷуғрофия ва таърих таъсири калон расонидааст. Ин луғат дар садаи XVI дар Ҳиндустон аз тарафи олими намоёни ҳинд Абдулқодири Бадоюнӣ ба забони форсӣ-тоҷикӣ тарҷума шуда буд. Тарҷумаи форсӣ-тоҷикии китоби арабии «Аҷоибу-л-махлуқот» ва ғароибу-л-мавҷудот"-и Закариё ибни Муҳаммади Қазвинӣ (таълиф ба забони арабӣ то соли 1280) низ ҳамчун донишномаи космографию ҷуғрофию табиатшиносӣ шуҳрати калон пайдо кард.
Дар садаи XIV «Ҷомеъу-т-таворих» эҷод шудааст. Оид ба космография ва ҷуғрофия «Нузҳату-л-қулуб» пайдо шуд, ки барои ҷуғрофияи умумӣ ва регионалӣ сарчашмаи муҳим мебошад. Осиёи Миёна аз қадим то чоряки сеюми садаи XVI «Маҷмаъу-л-ғароиб» сарчашмаи пурарзиш ба шумор меравад.
Китоби калонҳаҷми форсӣ-тоҷикӣ «Акбарнома» иборат аз «Таърихи Акбар» ва «Оини Акбарӣ» таълифи Абулфазл ибни Муборак (1551—1602) барои омӯхтани таърихи Ҳинд, ҷуғрофия, иқтисодиёт, ҳаёти сиёсӣ, адабӣ ва илмии он давр маълумоти мураттаби гуногунсоҳаи пурқиматро дар бар гирифтааст.
Доир ба таърих ва ҷуғрофияи мамлакатҳо ва маҳалҳои мухталифи Шарқи Наздик ва Миёна ва ҳатто доир ба шаҳрҳои алоҳида (масалан, доир ба Самарқанд — «Қандия»-и Умар ибни Муҳаммади Насафӣ, ваф. 1142) асарҳои мутаадид таълиф шудаанд.
Аз асарҳои ҷомеи донишномаии соҳавӣ «Таърихи Табарӣ» ва «Равзату-с-сафо» барои омӯхтани таърихи мамлакатҳои Шарқ ва махсусан Осиёи Миёна, Афғонистон ва Эрон сарчашмаҳои пурқимат мебошанд.
Унсурҳои донишномаӣ дар бисёр фарҳангҳои умумии пешина дида мешаванд. Дар ин гуна фарҳангҳо ба ғайр аз лексикаи умумӣ истилоҳоти соҳаҳои гуногуни илм ва касбу ҳунарҳо, номҳои шахсони таъризӣ, ҷуғрофӣ ва ғайра тафсир меёбанд. Масалан, «Муайиду-л-фузало», «Кашфу-л-луғот» ва -л-истилоҳот", «Бурҳони қотеъ», «Чароғи ҳидоят», «Баҳори Аҷам», «Ҳафт қулзум» ва ғайра.
Фарҳангу луғатномаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Аз ҷиҳати донишномаӣ се фарҳанги пешина дорои аҳаммияти хоссе мебошанд: «Ғиёсу-л-луғот», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги Низом»-и Муҳаммад Доиулислом, ки дар ҳаҷми панҷ ҷилд дар Ҳиндустон дар шаҳри Ҳайдарободи Дакан солҳои 1928-39 нашр гардид, аз ҷиҳати фаро гирифтани истилоҳ ва тафсири он сарчашмаи муҳим аст.
Аз донишномаҳои андар шарҳи номи ашхоси машҳур ва номҳои ҷуғрофии ҷолиби диққат «Китобу-л-ансоб», «Муъҷаму-л-булдон», «Луғатнома», «Фарҳанги форсӣ», «Фарҳанги Амид» ва ғайра мебошанд.
Тиб
[вироиш | вироиши манбаъ]Назар ба донишномаҳои умумӣ, донишномаҳои соҳавӣ аз қадим боз бештар таълиф шудаанд. Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ аз ҷиҳати миқдори аксарҳо, аз он ҷумла донишномаҳо соҳаи илми тиб мебошад, ки баъд аз фалсафаю дин ва ҷуғрофияву таърих ҷои намоёнеро дар мероси илмӣ ишғол менамояд. Дар давоми асрҳои 9-10 то аввали садаи XX дар Эрон, Афғонистон, Осиёи Миёна, Ҳиндустон асарҳои тиббии фаровон таълиф ёфтаанд. Дар Эрон дар асрҳои 9-10 олими бузурги соҳаи тиб Абубакр Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ асарҳои зиёди тиббиро ба забони арабӣ таълиф кард, ки ба тибби минбаъдаи арабӣ ва тоҷику форсизабонон таъсири калон расонд. Якумин асари тиббӣ, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шуда буд, ин «Китобу-л-ҳидоят-ил-мутаалимин фи-т-тиб» (975) мебошад. Ин китоб дар бораи тамоми соҳаҳои илми тибби онвақта: анатомия, тасвири бемориҳо ва тарзи муолиҷаи онҳо, тасвири доруҳо-фармакология, гигиена ва пешгирии касалиҳо баҳс мекард.
«Ал-Қонун фи-т-тибб» «Захираи Хоразмшоҳӣ», «Дастуру-л-илоҷ», «Махзану-л-адвия», «Қарободини кабир», «Муҳити Аъзам», «Иксири Аъзам», «Ал-ҳовӣ» ба тамоми касалиҳо ва муолиҷаи онҳо бахшида шудааст.
Адаб
[вироиш | вироиши манбаъ]Яке аз соҳаҳои бисёр мутараққӣ соҳаи илми адаб буд. «Тарҷуману-л-балоғат», «Ал-муъҷам» ва дар эҷоди асарҳои охирини муосир ҳамчун «Арӯзи тоҷикӣ»-и Баҳром Сирус ва «Санъати сухан»-и Тӯрақул Заҳнӣ мавриди истифода гардидаанд.
Нуҷум
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар соҳаи ҳайат ва нуҷум асарҳои зиёде таълиф шуда буданд, ки «Китобу-т-тафҳим лӣ авоили саноати-т-танҷим» буд.

Донишномаҳои Шарқ дар асрҳои XIX—XX
[вироиш | вироиши манбаъ]Барои инкишофи филологияи тамоми забонҳои эронӣ, забоншиносӣ ва адабиётшиносии онҳо аҳаммияти «Асосҳои филологияи эронӣ», ки солҳои 1901—1904 ба забони немисӣ дар ду ҷилд нашр гардида буд, бисёр калон буд. Дар таълифи ин асари донишномаии соҳаи филологияи эронӣ машҳуртарин шарқшиносони он давра иштирок доштанд.
Дар забони арабӣ луғати тафсирию донишномаии мусаввар «Ал-мунҷид» шуҳрати калон пайдо кард ва барои шарқшиносон ва забоншиносон дастури муфид аст.
Аз аввалҳои садаи XX чанд нашри «Донишномаи ислом» ба забони немисӣ, англисӣ ва фаронсавӣ паҳн шуд, ки дар навиштани мақолаҳои он мутахассисони шарқшиноси тамоми ҷаҳон иштирок доштанд.
Донишнома дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]
Донишномаи советии тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Энциклопедияи советии тоҷик (ЭСТ), нахустин донишномаи умумии тоҷик, ки мувофиқи қарори КМ ҲК Тоҷикистон ва Совети Вазирони ҶШС Тоҷикистон (3 июни 1968, № 198) дар Душанбе нашр гардидааст. Энциклопедияи советии тоҷик 8 ҷилд (ҷ. 1 — 1978; ҷ. 2 — 1980; ҷ. 3 — 1981; ҷ. 4 — 1983; ҷ. 5 — 1984; ҷ. 6 — 1986; ҷ. 7 — 1987; ҷ. 8 — 1988 бо теъдоди 15-20 ҳазор нусха) буда, беш аз 23 ҳазор мақоларо дар бар мегирад. Энциклопедияи советии тоҷик барои оммаи васеи хонандагон пешниҳод шуда ва хусусияти илмию оммавӣ дорад.
Донишномаи миллии тоҷик
[вироиш | вироиши манбаъ]Энсиклопедияи Миллии Тоҷик (ЭМТ), донишномаи умумии миллии Тоҷикистон, ки аз соли 2008 ба таълифу тадвин шурӯъ шудааст. Энсиклопедияи Миллии Тоҷик ҷанбаи илмию оммавӣ дошта нахуст донишномаи миллист. Дар Энсиклопедияи Миллии Тоҷик мақолаҳо дар бораи таърихи кишвар, илм, иқтисодиёт, хоҷагии деҳот, фарҳанг, адабиёту санъат, урфу одат, маросимҳо, ҳаёту фаъолияти шахсиятҳои бузург, ходимони маъруфи ҷамъият, намояндагони илму маърифат, адибон ҳунармандон ва санъаткорони маъруф дарҷ шудаанд. Чор ҷилди донишнома дар давраи то соли 2015 (2011, 2013, 2014, 2015) ба нашр расидааст.
Донишномаҳои озод
[вироиш | вироиши манбаъ]


Донишномаи озод (англ. free encyclopedia ё англ. free content encyclopedia) — ин донишномаи иборат муҳтавои озод, ки дар доираи як иҷозатномаи озод ё ҳамчун моликияти ҷамъиятӣ дастрас аст.
Соли 1999 Ричард Столлман идеяи донишномаи умумии озодро мураттаб кард ва GNUPedia, донишномаи онлайн, монанд ба ОС GNU-ро пешниҳод намуд.
То Nupedia ва Википедия боварӣ набуд, ки Интернет метавонад лоиҳаи устувори донишномаи озодро ташкил бидиҳад.
Лоиҳаи Nupedia 9 марти соли 2000 оғоз гардид.
Википедияи Англисӣ дар соли 2004 бо расидани шумораи 300 000 мақола ба бузургтарин Википедия дар ҷаҳон табдил ёфт[2].
Дар соли 2013 бузургтарин донишнома дар ҷаҳон донишномаи интернетии чинии (7,5 млн мақола) ва Байду (6,2 млн мақола) ба шумор мерафт, лекин агар ҳамаи бахшҳои забонӣ донишномаи ягона шумурда шавад, пас ҷаҳон дар ҷои аввал (46,9 млн мақола) устувор аст.
Дигар донишномаҳои озод низ мавҷуданд — Луркоморье, Абсурдопедия, Open Encyclopedia Project, Спортвики (донишномаи варзишӣ), Вукипедия (дар бораи «Ҷангҳои ситорагон»), WoWWiki (дар бораи Warcraft), ҳамчунин қисман Encyclopedia of Life ва Google Knol.
Ҷусторҳои вобаста
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Julie Bosman. After 244 Years, Encyclopaedia Britannica Stops the Presses (en-US). Media Decoder Blog (13 марти 2012). 17 феврали 2020 санҷида шуд.
- ↑ «Wikipedia Passes 300,000 Articles making it the worlds largest encyclopedia» Бойгонӣ шудааст 27 сентябри 2007 сол., Linux Reviews, 2004 July 7.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Донишнома // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
- Никитин В. В. (ва дигарон). Литература Древнего Востока, «Издво-МГУ», 1962;
- Крачковский И. В. Избр. соч. т. IV, М.-Л., 1957; Бартольд. Соч., т. VIII. М., 1973.
Пайвандҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]- К. Р. Симон. «Термины „энциклопедия“ и „свободные искусства“ в их историческом развитии» Бойгонӣ шудааст 10 июни 2007 сол. // «Русский язык». — 2001. — № 34.
- Энсиклопедия дар феҳристи пайвандҳои Open Directory Project (dmoz).
- Каталоги энциклопедий на сайте «Мир энциклопедий».
- Каталог энциклопедий, словарей и справочников Бойгонӣ шудааст 6 Январ 2007 сол. издательства «Большая Российская энциклопедия» (1926—1999).