Луқмон Бойматов
Таърихи таваллуд: | 10 июл 1960 (62 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | Хуҷанд |
Фазои илмӣ: | таърих, шарқшиносӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои таърих |
Алма-матер: | Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов (1984) |
Ҷоизаҳо: | дорандаи ҷойизаи «Қалами булӯрин» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон |
Луқмон Бойматов (Бойматов Луқмон Дадобоевич; 10 июли 1960, Хуҷанд вилояти Ленинобод) — муаррих-шарқшинос, нависанда, мутарҷим ва мунаққиди тоҷик. Номзади илмҳои таърих (1993)[1]. Дорандаи ҷойизаи «Қалами булӯрин» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон.
Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]
Луқмон Бойматов 10 уми июли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1984 онро бо ихтисоси муаррих хатм мекунад.
Луқмон Бойматов дар шогирдии профессор С. Г. Агаджанов солҳои 1986—1991 дар риштаи аспирантура ва такмили ихтисоси Институти таърихи ИҶШС(СССР) — и Академияи илмҳои ИҶШС шаҳри Москва таҳсил кардааст.
Фаъолияти корӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 1984—1986 чун лаборанти калон дар Шуъбаи асарҳои таърихи миёнаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон оғоз карда, солҳои 1993—1997 ба ҳайси мудири Шуъбаи кишварҳои Шарқи Миёнаи Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносиботи байнамилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 то 2012 чун корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Луқмон Бойматов ҳамчунин солҳои 1991—1992 бо гурӯҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Исфаҳон ва солҳои 1997—1999 бо гурӯҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳҳои Фирдавсии Машҳад ва якчанд марказҳои илмӣ — фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои илмӣ доштааст.
Муаррих аз соли 2013 инҷониб дар кишвари Суед (Шветсия) иқомат мекунад.
Фаъолияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]
Луқмон Бойиматов бештар таҳқиқоти таърихӣ анҷом дода, асосан ба таърихи асрҳои 13-14-и Осиёи Марказӣ ва Эрон таваҷҷуҳ кардааст.
Масоили насаб ва таърихи системи давлатдории Сомониён низ мавриди таваҷҷуҳи хосси ин муаррих мебошад. Таърихи муборизаи ниёкони тоҷикон алайҳи истилогарони аҷнабӣ, ба мисли лашкари мақдуниён, арабҳо ва муғулҳо дар силсилаи пажӯҳишҳои ин муаррих мавриди вежае дорад. Таърих асрҳои миёни Хуҷанд ва шахсиятҳои маъруфи ин диёр низ яке аз самтҳои фаъолияти илмии ин таърихшонос ба ҳисоб меравад. Муфассалтарин таҳқиқоти Луқмон Бойматов таҳқиқотҳои «Спитамон», «Абӯмуслими Хуросонӣ», «Муқаннаъ», Темурмалик", Маҳмуди Торобӣ" ва «Сарбадорони Самарқанд» дониста мешаванд.
Луқмон Бойматов яке аз муаллифони аслии «Донишномаи Рудакӣ» ва донишномаҳои дигар мебошад.
Аксари китобҳо ва мақолоти ин муаррих берун аз кишвари Тоҷикистон ба чоп расида, ӯ бо донишгоҳҳо ва марказҳои мухталифи кишварҳои Урупо ва Шарқ ҳамкорӣ дорад. Ӯ ширкаткунандаи беш аз 25 конфронсҳои байналмилалӣ аст.
Маҳорати нависандагии Луқмон Бойматов низ қобили тавсиф буда, дар ҷомеаи форсизабонон ӯро чун нависандаи тавоно мешиносанд.
Китоби ӯ бо номи «Фиребхӯрдагонем», ки иборат аз навиштаҳои фалсафӣ ва ирфронӣ аст, дар Ҷумҳурии исломии Эрон дар кӯтоҳтарин муддат се маротиба ба чоп расидааст.
Номбурда муаллифи чандин китобу рисолаҳои илмӣ таҳқиқотӣ аз қабили «Шӯpиши Маҳмуди Тоpобӣ», «Аз Темурмалик чӣ медонем?», «Сегонаи мутаҳҳар», «Фиребхӯрдагонем», «Спитамон», «Инқилоби исломӣ аз дидгоҳи муҳаққиқони шӯравӣ», «Қиёми Маҳмуди Торобӣ», «Фурӯғи ишқ», «Сочинения Рашид-ад-дина как источник по истоpии наpодов Сpедней Азии», «Социально — экономическое положение и наpодно-освободительные движения в Мавеpаннахpе во втоpой четвеpти XIII веке», «Сарбадары Самарканда и амир Тимур», «Критика монографии „Происхождение Саманидов“» ва ғайра мебошад.
Ҷоизаҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
Луқмон Бойматов дорандаи ҷойизаи «Қалами булӯрин» — и Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- Лукмон Бойматов. PDF-и баъзе аз таълифоти Луқмон Бойматов. independent.academia.edu. 28 марти 2019 санҷида шуд.
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Инҳоро бояд шинохт! Муаррих Луқмон Бойматов | TojNews(тоҷ.). www.tojnews.org. 3 май 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 8 май 2018.