Людмила Осимова

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Людмила Қосимовна Осимова (тав. 1951, ноҳияи Спитамен)), педагог, номзади илмҳои педагогӣ (1985), дотсент (1992).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1968–1973 дар факултети математикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намудааст. Солҳои 1973–1980 ассистент, коромӯз ва муаллими кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, 1980–1984 аспиранти кафедраи номбурдаи донишкадаи омӯзгории пойтахт буд. Солҳои 1985–1989 ҳамчун муаллими калони кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо, 1989–1992 муаллими калони кафедраи методикаи таълими математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев кор кардааст. Аз соли 1992 ҳамчун дотсенти кафедраи математикаи олии Донишкадаи технологӣ, идоракунӣ ва дизайни ш. Димитровогради Федератсияи Россия фаъолият мекунад. Оид ба ташкили фаъолияти коллективии донишҷӯёни донишкадаҳои омӯзгорӣ ва дигар масъалаҳои муҳими таълими математика кори илмӣ бурдааст.

Пайвандҳои беруна[вироиш]