Люмбаго (лот. lumbus – камар, миён), дарди сахти ногаҳонии миён, ки дар натиҷаи он мушакҳои камар таранг шуда, бемор наметавонад қоматашро рост нигоҳ дорад. Сабаби Л. асосан остеохондрози қурси байни мӯҳраҳои миён аст. Ниг. низ Камардард.