Мавлуда Ғозиева

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Мавлуда Ғозиева
Мавлуда Исломовна Ғозиева
Санаи таваллуд:

27 ноябр 1953(1953-11-27) (65 сол)

Зодгоҳ:

Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, СССР

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

филология

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои филология

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишгоҳи давлатии Самарқанд

Мавлуда Исломовна Ғозиева (тав. 27.11.1953, ш. Самарқанд), забоншиноси тоҷик, номзади илмҳои филологӣ (1990), дотсент (1992).

Зиндагинома[вироиш]

Солҳои 1970–1975 дар факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Самарқанд таҳсил кардааст. Солҳои 1975–1980 муаллими забон ва адабиёти рус дар мактаби миёнаи №95-и ш. Самарқанд буд. Аз сентябри соли 1980 то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Аз сентябри соли 2005 то имрӯз вазифаи мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумиро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ӯҳда дорад. Муаллифи зиёда аз 30 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои таълими забони русӣ ва типологияи муқоисавии забонҳои тоҷикиву русӣ мавриди баррасӣ ва омӯзиш қарор гирифтаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2009) сарфароз карда шудааст.

Осор[вироиш]

  • Практический курс русского языка (китоби дарсӣ барои донишҷӯён), Д., 2010.

Пайвандҳои беруна[вироиш]