Магнезит
Зоҳир
Формула | ???? |
Магнезит, шпати магнезий (аз номи маҳалли Магнезий дар Юнон) — минерал аз гурӯҳи карбонатҳо.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Таркиби кимёвияш MgCO3 (MgO – 47,820/0 CO2 – 52,18 0/0). Низоми кристалбандияш тригоналӣ, намуди кристаллҳояш ромбоэдрӣ. Бештар дар шакли массаҳои дона-дона вомехӯрад. Рангаш сафед ва хокистарии зардтоб. Сахтияш 3,75–4,25; зичияш 2900–3100 кг/м3 . Тӯдаҳои М. дар ҷинсҳои таҳшинии намакдор (ҳамроҳи гач) ва ҷинсҳои фароасосии тағйирёфта дучор мешаванд. Конҳои муҳимми саноатии он бо доломитҳои метаморфшуда вобастаанд. Ин гуна конҳо бисёртар дар Руссия (Урали Ҷанубӣ, Шарқи Дур), Корея, Хитой ва Чехия мавҷуданд. М. барои истеҳсоли масолеҳи оташтобовар, ҳамчунин, дар саноати тавлиди коғаз, қанд ва ғ. истифода мешавад.