Jump to content

Мадрасаи Девонбегӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мадрасаи Нодир Девонбегӣ)
Акс:Nadir Divan Begi.jpg
Мадрасаи Девонбегӣ

Мадрасаи Девонбегӣ, ёдгорир меъмори дар Бухоро, ки соли 1623 ташаббуси вазир Имомқулихон Нодири Девонбеги бунёд гардидаас Мадрасаи Девонбегӣ аслан ба сифати корвонсарой бунёд гашта, вале 6о исрори шайхон ва фармони ҳокими Бухоро баъдтар ба Мадраса табдил дода шудааст. Бинобар ин, дар Мадрасаи Девонбегӣ айвон, масчид, дарсхона барин узвҳои хоси мадраса нестанд. Чор атрофи онро ҳуҷраҳои хурди равокпуш иҳота кардаанд. Мадрасаи Девонбегӣ дуошёна буда, дар қисми шаркии ансамбли меъмории Лаби Ҳавз, ки ба он мадрасаи Қуқалтош (охир садаи XVI) ва Хонақоҳи Девонбегӣ (1620) дохил мешаванд, воқеъ аст. Аслан Мадрасаи Девонбегӣ хам аз чихати нақша ва хам аз чихати бандубасти меъморӣ навоварие надорад. Танҳо осори кошикориҳои пештоки Мадрасаи Девонбегӣ, ки баробари нақшҳои анъанавин услуби мунаббаткорӣ тасвири турнаҳои дар пароз ва оҳувонро низ дорад, хеле чолиб аст. Зеро нн иқдом кушиши акаллан дар воситаҳои тазӣнот аз охангҳои динӣ каме дур рафтан буд. Дар ду тарафи пешток сетогӣ айвони дукабатаи равокдор сохта шудаанд, ки ҳусни биноро афзудаанд. Мадрасаи Девонбегӣ дар муҳофизати давлат аст.