Jump to content

Мадрасаи Хоҷамашҳад

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Мадрасаи Хоҷа Машҳад)
Ёдмон
Мадрасаи Хоҷамашҳад
Кишвар
 Парвандаҳо дар Викианбор

Мадрасаи Хоҷамашҳад — ёдгории меъморӣ дар деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритуси Тоҷикистон (асрҳои IX—XII).

Ҳоло аз ин ансамбли муҳташам ду бинои гунбазу равоқдори ба ҳампайваст (аз хишти пухта) боқӣ мондааст. Бннои тарафи рост, ки аз тарафи шарқию ғарбй даромадгоҳ доштааст, қисми қадимтарини ин ёдгорист (асрҳои IX—X). Сохти гунбазу равоқҳо ва нижвонхо, ки аз хиштҳои моил чидашуда бино ёфтаанд, хоси меъмории ҳамин давраанд. Дертар аз тарафи ғарбии бинои дуюм равоки пештокдори мунаккаше илова гардидааст, ки дар шафати он толори гунбаздоре комат афрохта буд. Ин бино айнан ба биной якум монанд буда, вазифаи масчид ва баъдтар мадрасаро адо мекард. Танхо дарунаш бо усули Мадрасаи Хоҷамашҳад. Деҳаи Сайёди ноҳияи Шаҳритус. Асрҳои IX—XII ороишии асрҳои XI—XII гаҷкорӣ шудааст. Накшунигори руи иморат ҳам дар ҳамин давр анҷом ёфтааст. Дар ду гушаи ин биноҳо гулдастаҳои начандон калон сохтаанд. Дар тарафи муқобил (шимолй) низ ду бинои гунбаздори на он қадар калон (аз хишти хом ва похса) пушида шуд, ки мисли бинои қисми чап ва асосии ансамбл буд. Даромадгоҳи он низ пештоқ, др.шт. Мадрасаи Хоҷамашҳад ҳамчун мадрасаи қадимтарини Осиёи Миёна аҳамияти таърихй дорад ва яке аз маркази илму маданият будани Қубодиёни қадим шаҳодат медиҳад, Мадрасаи Хоҷамашҳад дар муҳофнзати давлат аст.

  • Беленнцкий А. М., Мавзолей ӯ селения Саят.//Матерналы и исcледования по археологии СССР", № 15, М.— Л., 1950.
  • Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.