Ноҳияи Шаҳритӯс

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ноҳияи Шаҳритус)
Ноҳияи Шаҳритӯс
Ноҳияи Шаҳритӯс дар нақшаи Тоҷикистон
Донистаниҳо
Кишвар : Тоҷикистон
Вилоят : Хатлон
Марказ: Шаҳритӯс
Замони таъсис : 29 августи 1930
Раиси ноҳия:
Ҷуғрофиёи табиъӣ
Паҳноварӣ : 2380 км²
Шумораи шаҳракҳо : 1
Шумораи ҷамоатҳо : 5
Мардум
Аҳолӣ (2022) : 135,7 ҳаз. кас[1]
Забони расмӣ : тоҷикӣ
Забонҳои гуфторӣ : тоҷикӣ, узбакӣ
Мазҳаб : ҳанафӣ
Нишониҳо
Сарвожа : ST
Код ISO : TJ.KT.ST
Пешшумора : +992 3240
Нишонии почта : 735180
Замон : UTC+5
Вебгоҳ : .tj
Шумораи мошинҳо : 03РТ

Ноҳияи Шаҳритӯс (то 2021 — ноҳияи Шаҳритуз[2]; форсӣ: ناحیۀ شهرتوس‎) — яке аз ноҳияҳои идории вилояти Хатлон аст ва дар ҷануби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад.

Ин ноҳия 29 августи соли 1930 дар бахше аз вилояти Сталинобод дар Ҷумҳурии Шӯравии Сосиалистии Тоҷикистон таъсис ёфта[3] ва 7 январи соли 1944 бахше аз вилояти Қурғонтеппа шуд[4].

Маркази ин ноҳия шаҳраки Шаҳритӯс (форсӣ: شهرتوس‎) аст, ки дар канори рӯди Кофарниҳон, шохоби рости рӯди Панҷ, 112 км ҷанубу ғарбтар аз шаҳри Бохтар ҷой дорад. Аз Шаҳритӯс то Душанбе 230 км роҳ аст.

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ноҳияи Шаҳритӯс бо сарзамине 2380 км² дар дараи рӯди Кофарниҳон ҷой дорад. Дар шимол бо Вилояти Сурхондарё, дар шарқ — бо ноҳияи Қубодиён, дар ғарб — бо ноҳияи Носири Хусрав аз ноҳияҳои вилояти Хатлон ва дар ҷануб — бо вулусволии Хулм аз бахшҳои Вилояти Балх дар Афғонистон ҳаммарз аст. Дар ҳудуди ноҳия водии Бешкент ҷойгир аст, дарозиаш 70 км, бараш то 5 км. ва яке аз водиҳои гармтарини ҷумҳурист. Дар ҷануби он аз оби Чилучорчашма тақр. 1000 га замин обёрӣ мешавад.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниёгони маҳал дар дараи рӯди Кофарниҳон аз нимаи дувуми ҳазораи I пеш аз милод маскун буда ва шабакаи густардаи обёрӣ падид оварда будаанд. Киштзори каронаи рости ин рӯдро ҷӯйе обёрӣ мекардааст, ки саргаҳаш 18 км шимолтар аз шаҳраки Қубодиён ҷой дошта аст. Як ҷӯи дигар киштзори каронаи чапи рӯдро обёрӣ мекардааст[5]. Дар сарзамини Шаҳритӯс осори бисёре аз гаҳи бостон ва садаҳои миёна бозмонда аст[6]. Аз осори садаҳои миёна дар ин сарзамин ёдгориҳои Хоҷа Машҳад (асрҳои XI-XII), Мақбараи Хоҷа Дурбод (асрҳои XI- XII), ёдгории таърихӣ - табии Чилучорчашма ва Тиллоҳалоҷӣ аст. Сарзамини кунунии ноҳияи Шаҳритӯс дар садаҳои миёна бахше аз Қубодиён ва вилояти торихии Хутталон буд. Пас аз инқилоби Бухоро 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 Шаҳритуз бахше аз вилояти Сталинобод ва дертар вилояти Қурғонтеппа гардид.

Дар соли 2021 ҳарфи 'з' дар номи ноҳия ба 'с' иваз шуда, номи Шаҳритусро гирифт[2].

Номгузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар ривояте, Шаҳритӯсро паҳлавони ҳамосӣ ва бостонӣ Тӯс писари Нӯзар бунёд гузошта аст.

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар саршумори соли 2016 аҳолии ноҳия 117,4 ҳаз. тан бошанда доштааст.[7]. Мардуми ноҳияи Шаҳритус ба забонҳои тоҷикӣ ва узбакӣ сухан мегӯянд.

Сол 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
132,7 135,7

Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Шаҳритӯс 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат[7] дорад:

Ҷамоатҳои ноҳияи Шаҳритӯс [8].
Ҷамоат Аҳолӣ,
2015
Шаҳритӯс, шаҳрак 15 800
Обшорон 8 648
Пахтаобод 21 270
Талбак Садриддинов 15 858
Худойназар Холматов 31 654
Ҷӯра Назаров 17 808

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари ноҳияи Шаҳритӯс Раиси Ҳукумати он аст, ки ӯро Раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин мекунад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Шаҳритӯс Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад ки онро раъйдиҳандагони ноҳияи Шаҳритӯс барои 5 сол интихоб мекунанд.

Иқтисодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Омӯзишу парвариш[вироиш | вироиши манбаъ]

Ниҳодҳои фарҳангӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Беҳдошту беҳзистӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л.
  • Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. ШУМОРАИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ТО 1 ЯНВАРИ СОЛИ 2022. 23 ноябри 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 октябри 2022.
  2. 2.0 2.1 Sputnik Тоҷикистон. С ба ҷои З: парлумон номи як ноҳияи Тоҷикистонро тағйир дод(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (20210125T1540+0500). 14 сентябри 2022 санҷида шуд.
  3. Шаартузский район
  4. СТАЛИНАБАДСКАЯ ОБЛАСТЬ
  5. Дьяконов М. М. Археологические работы в нижнем течении реки Кафирнигана (Кобадиан). Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 2. — М. — Л., — с. 252; 292
  6. Окладников А. П. Исследования памятников каменного века Таджикистана. Труды Таджикской археологической экспедиции. Т. 3. — М.-Л.. 1958. — с. 12
  7. 7.0 7.1 Численность населения Республики Таджикистан на 1 января 2016 года. Сообщение Агентства по статистике при Президенте Республики Таджикистан.. 2 октябри 2016 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 июли 2015.
  8. Феҳристи номи маҳалҳои Тоҷикистон. — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013. — 332 с.