Jump to content

Малҳам барои лаб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Малҳам барои лаб - воситае мебошад, ки барои нарм кардани пӯсти шамолзада ё кафидаи лабон, инчунин барои табобати табхол молида мешавад. Малҳам дар бештари мавридҳо дар таркибаш муми асал ё карнаубӣ, камфора, ланолин, парафин, вазелин ва ғ дорад.[1]

Дар 2019 сол ҳаҷми бозори ҷаҳонии малҳам барои лаб 660 миллион доллари ИМА-ро ташкил кард. Пешбинӣ мешавад, ки бозор дар давоми панҷ соли минбаъда бо суръати 7,3% афзоиш мекунад ва дар 2024 сол ба 1010 миллион доллари ИМА баробар мешавад.[2]

Вобаста ба ҷузъҳои ба таркиби малғам воридшуда намудҳои гуногуни малҳам мавҷуд аст[3]:

  • Онро дар мавсими тобистон ё дар ҷойҳои фаъолнокии баланди офтоб (ба монанди истироҳатгоҳҳои лижаронии кӯҳӣ) истифода кардан зарур аст.
  • Малҳами ғизодиҳанда барои лаб. Онро дар мавсими зимистон истифода кардан беҳтар аст.
  • Малҳами намкунанда барои лаб. Дар мавсими зимистон ҳангоми истифодаи он лабон кафида метавонанд, чунки малҳам хеле зуд ҷаббида мешавад.
  • Малҳами табобатӣ барои лаб. Он амали нармкунанда ва зиддисептикӣ дорад.
  • Малҳам барои лаб бо равғанҳои табии дар таркибаш. Дар таркиби чунин восита метавонад равғани кунҷит, равғани бабассу, витаминҳои Е ва А мавҷуд бошад, ки хушкшавӣ ва кафидани лабҳоро пешгирӣ мекунад.

Технологияи истеҳсол

[вироиш | вироиши манбаъ]

Марҳилаҳои истеҳсолии малҳам барои лаб дар бар мегиранд[4]:

  • Тафтиши ашёи ибтидоӣ тибқи нишондиҳандаҳои сифатӣ (барои воситаҳои косметикӣ меъёрҳои қатъии бехатарӣ тақозо мешаванд)
  • Воякунӣ, обкунӣ, омехтакунии ҷузъҳо (дастгоҳҳои махсус ва шартҳо истифода мешавад)
  • Коркарди вакуумии мавод (хориҷкунии ҳубобчаҳо)
  • Заррашаклшавии мавод (дар давоми ду шабонарӯз мегузарад)
  • Обкунӣ
  • Шаклбандӣ (тақсими ҳаҷми умумии малҳам ба порачаҳо, додани шакли зарурӣ)
  • Борпечикунӣ (ҷойгиркунии восита ба қуттӣ)
  1. Candelilla Wax vs Beeswax vs Carnauba. beerealhoney.com. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.
  2. Lip Balm Market Size 2021. ktvn.com. 10 ноябри 2021 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 ноябри 2021.
  3. Types of lip balms. How to choose the right lip balm?. pleasingcare.com. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.
  4. Cosmetic Process: Lipstick Synthesis. slideshare.net. 10 ноябри 2021 санҷида шуд.(пайванди дастнорас)