Манофеъу-л-инсон
Зоҳир
«Манофеъу-л-инсон» (Тадбирҳои фоиданок барои инсон) — асари Абулғозӣ Баҳодурхон ибни Арабмуҳаммадхони Хоразмӣ дар боби тиб.
Дар нимаи қарни 17 ба забони тоҷикӣ навишта шудааст. Асари мазкур аз муқаддима ва 4 қисм иборат буда, дар бораи хелҳои доруҳои содда ва мураккаб, усулҳои дарёфт, тайёр кардан ва истифодаи онҳо, тарзҳои умумии муолиҷаи бемориҳои гуногун, инчунин фикру андешаи олимони тиб ва ҳакимони машҳури Шарқ баҳс мекунад. «Манофеъу-л-инсон» дар асоси тибби халқӣ таълиф шуда, осонфаҳм аст.
Аз асари мазкур як нусха дар захираи дастнависҳои шарқии Институти шарқшиносии АИ Узбакистон таҳти рақами 4701 маҳфуз мебошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Манофеъу-л-инсон // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — С. Т. Аҳмадов. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).