Мардумшиносӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Мардумшиносӣ, антрополо́гия (аз юн.-қад. ἄνθρωποςинсон; λόγος — илм) — илм дар бораи ҷисм ва равони инсон. Дар системаи илмҳои табиатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ мардумшиносӣ мавқеи хосеро соҳиб аст.

Сохтори мардумшиносии муосир[вироиш]

Сохтори мардумшиносии муосирро зиёда аз 10 бахш ё самти илмӣ муайян менамоянд: мардумшиносии фалсафӣ, фарҳангӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, таърихӣ, тиббӣ, биологӣ, этникӣ, таркибӣ, умумӣ ва ғ.

Омӯзиш[вироиш]

Дар замони Иттифоқи Советӣ танҳо як самти мардумшиносиро, ки антропологияи биологӣ номида мешуд, меомӯхтанд. Мардумшиносӣ биологӣ, аз морфология (юн. mevos – қисм), соматология (юн. soma – бадан) ва мардумшиносии этникӣ иборат аст. Мавзӯи морфология тағйироти ҷузъии узвҳои инсон ва бофтаҳои алоҳида, инчунин алоқамандии онҳо мебошад. Соматология сохти бадани одамро дар маҷмӯъ мавриди омӯзиш қарор медиҳад. Мардумшиносии этникӣ пайдоиши халқҳои муосир, хусусияти нажодии онҳоро баррасӣ менамояд. Дар ин самти омӯзиш генетика, биометрия, археология, таърих, равоншиносӣ ва забоншиносӣ илмҳои ёрирасонанд. Мабдаи донишҳои илмӣ доир ба одам ба давраи атиқа рост меояд. Дар асарҳои Афлотун, Арасту, Демокрит, Эмпедокл, Анаксагор, Суқрот ва дигар мутафаккирони Юнони Қадим ба хусусиятҳои антропологии халқҳо диққати махсус дода шудааст. Истилоҳи мардумшиносиро бори аввал Арасту (384 – 322 то м.) кор фармудааст. Доир ба сохтори одам мафҳуми «антропология»-ро бори аввал дар Европа Магнус Хундт дар асари худ «Антропология дар бораи қадру қимат, табиат ва хусусияти инсон, дар бораи ҷузъиёт, қисмҳо ва узвҳои бадани инсон», ки соли 1501 дар ш. Лейпсиг нашр шуда буд, истифода бурдааст. Соли 1533 китоби олими италиявӣ Галеассо Капелла бо номи «Антропология ё мулоҳизаҳо дар бораи табиати одам» ба табъ расид. Соли 1594 асари олими немис Касман «Антропологияи равоншиносӣ, ё таълимот дар бораи рӯҳ» аз чоп баромад, ки баъдтар қисми 2-юми ин китоб бо номи «Сохтори бадани одам аз диди санҷиши методӣ» нашр гардид. Ҳамин тариқ, дар адабиёти мамлакатҳои Ғарб заминаи ду самти маъногӣ доштани мафҳуми «антропология» (яъне самти ҷисмию равонӣ), гузошта шуд. Дар а-ҳои 18 ва авв. Мардумшиносӣ 19 файласуфони немис, аз он ҷумла, Кант дар асари худ «Антропология аз дидгоҳи амалия» асосан масоили равоншиносӣ ва ахлоқиро матраҳ намудааст.

Ба ақидаи файласуфи дигари немис Артур Шопенгауэр, мардумшиносиро бояд ба се қисм ҷудо намуд:

  • тасвири бадани инсон аз намуди объективӣ, яъне зоҳирӣ
  • тасвири инсон аз намуди ботинӣ, субъективӣ, яъне шууре, ки инсонро ҳамеша роҳбар аст
  • тасвири муносибати зоҳирию ботинии инсон. Чунин самти таҳқиқи табиати инсон мавзӯи асосии мардумшиносӣ бояд қарор гирад.

Равоншиносӣ аз ин нуқтаи назар берун аз мардумшиносӣ вуҷуд дошта наметавонад, чунки вай бояд дар физиология ва анатомия асоси худро дошта бошад.

Мутафаккирони арабу форс, аз ҷумла Абулқасис ва Ибни Сино дар асрҳои миёна илми атиқаи анатомияро такмил дода, даврони кашфи бузурги географӣ (а-ҳои 14 – 16) бо заҳмати сайёҳон Марко Поло, Х. Колумб, Ф. Магеллан, С. Дежнёв ва дигарон бисёр паҳлуҳои мардумшиносиро равшан намудаанд. Дар мардумшиносӣ18 сайёҳони европоӣ имкон пайдо карданд, ки маймунҳои одамшакли африкоиро ҳаматарафа омӯзанд. Табиатшиноси маъруфи шветсиягӣ Карл Линней як қатор приматҳои африкоӣ, хусусан намуди Homo sapiens-ро омӯхта, онҳоро ба ирқҳо ҷудо намуд. Марҳалаи муҳими ташаккули мардумшиносӣ чун илм ба миёнаҳои мардумшиносӣ 19 рост омад. Соли 1859 бо ташаббуси олими франсавӣ П. Брон дар Париж Ҷамъияти илмии антропологиявӣ таъсис дода шуд ва дар назди он осорхона ва мактаби антропологӣ ташкил гардид. Чунин ҷамъият с. 1863 дар Лондон ва с. 1864 дар назди Ҷамъияти дӯстдорони табиати Москва шӯъбаи антропологиявӣ таъсис ёфт. Дар рушди мардумшиносӣ асарҳои Ч. Дарвин «Пайдоиши одам ва интихоби ҷинсӣ» ва «Оид ба ифодаи ҳиссиёт дар одам ва ҳайвонот» нақши муҳим бозидаанд. Акад. К. М. Бэр ҳанӯз соли 1824 лексияҳояшро оид ба мардумшиносӣ ба табъ расонд. Соли 1842 ӯ роҳбарии кабинети навтаъсиси антропологиявии АИ Санкт-Петербургро ба зимма гирифт. Соли 1861 бо ибтикораш дар Гёттинген конгресси антропологҳо баргузор гардид. Ба масъалаҳои антропологиявии уқёнус ва Осиёи Ҷанубӣ – Шарқӣ бори аввал Н. Н. Миклухо – Маклай таваҷҷӯҳ намуд. Пешрафти минбаъди мардумшиносӣ ба номи Д. Н. Анучин зич алоқаманд аст. Ӯ ташкилкунандаи осорхонаи антропологиявии Ун. ти Москва мебошад. Нимаи дуюми мардумшиносӣ 20 самтҳои нав дар омӯзиши ҳолати биологии одам чун функсионалӣ, молекулявӣ, популятсионӣ ба вуҷуд омаданд. Ҷанбаҳои инкишофи таҳқиқи генетикӣ, тиббӣ ва экологӣ, коркарди технологӣ дар бахшҳои физиология, гистология, географияи тиббӣ, биохимия, биологияи молекулярӣ ба тақвияти қисмҳои нави мардумшиносӣ мусоидат карданд. Дараҷаи таҷҳизоти техникӣ ва асосҳои методологии таҳқиқ доиман ташаккул меёбанд. Дар омӯзиши мардумшиносии одамони ҳозира усулҳои биохимиявӣ, генетикӣ (аз ҷумла молекулярӣ – генетикӣ), дермотоглификӣ истифода мешаванд. Дар палеоантропология ба усулҳои анъанавии андозагирӣ воситаҳо аз палеопаталогия (илм оид ба бемориҳои одамони қадим), палеодиетология (илме, ки таркиби ғизоро дар палеопулятсияи гуногун меомӯзад), палеодемография (илм оид ба давомнокии умр ва таносуби миқдории ҷинсҳо дар одамони қадим) изофа мешаванд. Таҷдиди тарзи ҳаёт дар қадим тибқи маълумоти мардумшиносӣ, яке аз самтҳои нисбатан муҳими палеоэкология гардид. Ҳамзамон дар сатҳи нави донишҳои илмӣ синтези маълумоти палеоантропологиявӣ ва илмҳои гуманитарӣ (археология ва этнология) ба амал омад, ки барои бо усули биологӣ таҷдид намудани хусусияти иҷтимоии (ҳатто маросимӣ) ҳаёти давраи қадим имконият фароҳам овард.

Аз диди мардумшиносӣ имрӯз дар олам се нажоди бузург – европоисимоён, сиёҳпӯстон, зардпӯстон – муғулнажодон маълуманд. Нажодҳо аз рӯи симо, пӯст, қаду қомат ба гурӯҳҳо тақсим мешаванд. Дар қабати неолитии Тутқавули зериобмонда косахонаи сари одам пайдо шуд, ки ба ҳазораҳои 6–4-и м. мансуб буд ва ба мардумони европосимои баҳримиёназаминӣ алоқаманд дониста мешуд. Ин намуди қадимтарин инсони «ҳозиразамон» дар ҳудуди Тоҷикистон мебошад. Минбаъд нажоди шарқу ҷануби баҳримиёназаминӣ дар Осиёи Миёна зиндагӣ кардаанд. Симошинос В. П. Алексеев дар мавриди нажоди ҳиндуориёиҳо менависад: «Эрониён имрӯз дорои симои гуногун мебошанд. Мувофиқи маълумоти антропологиявӣ ориёиҳо хусусияти зеринро дороянд: 1) косахонаи сари бузург, рӯи паҳну сафед, сари гирдшакл, гандумгунӣ (мутобиқи шароити табиати нисбатан гарм). 2) Ориёизабонҳои ҷан. Доғистон ва Озарбойҷон – тотҳо ва талишҳо рӯи борики гандумгун доранд ва европоисимо мебошанд. Ин хусусияти антропологиявӣ дар гурӯҳҳои гуногуни озарбойҷониҳо низ ҷой доранд. Хусусияти антропологии доғистониҳо ва озариҳо ба туркманҳо низ дахл дорад. Таҳқиқоти антропологиявӣ ба он далолат мекунад, ки мардуми дарозсар одамони бумии ин сарзамин мебошанд ва таърихи чорҳазорсола доранд. Ба халқҳои бузурги ориёӣ – форсҳо, пахтунҳо, тоҷикон, курдҳо ва славянҳо дохил мешаванд. Аз халқҳои номбурда танҳо форсҳо ва пахтунҳо то андозае ба ҳам наздикӣ доранд. Фарқияти онҳо тамоюли (монандӣ) дарозсарӣ, гирдсарии косахонаи сар, рӯи борик, гирдсарии косахонаи сар, мӯйи сиёҳ, рӯи нисбатан сафед ва сермӯйӣ мебошад. Ба ин хусусиятҳои антропологиявии эрониён ва пахтунҳо боз даҳҳо халқҳои хурди форсзабон, ки дар Эрон ва Афғонистон зиндагонӣ менамоянд ва аз рӯи баъзе хусусиятҳо аз ҳам фарқ мекунанд, дохиланд, аммо аз лиҳози маҷмӯи хусусиятҳо ба гурӯҳи форсҳо ва паштунҳо дохил мешаванд. Умуман, хусусиятҳои антропологиявии форсҳо ва паштунҳо ба талишу тотҳо бо каме фарқият ба ҳам наздиканд. Маҷмӯи антропологиявии помириҳо ва халқҳои шимолу шарқии Афғонистон дар заминаи хусусиятҳои морфологӣ бештар фарқ мекунад, махсусан бо мӯй ва чашмон, ки чунин фарқият хоси мардуми даризабон низ мебошад».

Ҳамин тавр, дар маводи антропологиявии Осиёи Миёна аз замони неолит, энолит, биринҷӣ, аввали асри оҳан (ҳазораи 6 – 1-и м.) фарқиятҳои ҷисмонӣ, симоӣ кам мушоҳида мешаванд. Якхела будани маводи антропологӣ далели бумӣ будани тоҷикон дар Осиёи Марказӣ мебошад.

Эзоҳ[вироиш]

Адабиёт[вироиш]

  • Хрисанфова Е. Н., Перевозчико И .В., Антропология, М., 2002;
  • Алексеев В. П., Антропологические аспекты индоиранской проблемы – этнические проблемы Центральной Азии в древности, М., 1981;
  • Кияткина Т.П., Палеоантропология Средней Азии в эпоху неолита и бронзы – культура первобытной эпохи Таджикистана, Д., 1982.;
  • М. Музаффар. Введение в антропологию. Д., 1999.

Сарчашма[вироиш]