Маркази агрологистикии ҶДММ “Восток-1”

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Маркази агрологистикии ҶДММ “Восток-1”15 декабри соли 2023 дар ноҳияи Вахш мавриди баҳрабардорӣ қарор гардид.

Маркази агрологистикӣ аз сардхона, коргоҳи коркарди мева, банду басти он ва истеҳсоли карбос иборат мебошад. Иншооти нав бо саҳми соҳибкори ватанӣ Абдухолиқ Саидов ва ҷалби сармояи шарикони рушд бунёд карда шудааст.

сардхона барои нигоҳдории 300 тонна маҳсулоти кишоварзӣ пешбинӣ гардидааст. Дар сардхонаи навтаъсис асосан маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили мева, картошка, пиёз ва сабзӣ захира гардидааст. Сардхона бо мақсади беталаф нигоҳ доштани маҳсулоти кишоварзии хоҷагиҳои ноҳияи Вахш бунёд шудаааст.

Коргоҳи коркарди мева ва банду басти он бо хати нави технологӣ маҷаҳҳаз гардонида шудааст. Тавассути хатҳои нави технологии коргоҳ дар як сол қариб 80 тонна мева коркард карда мешавад. Дар коргоҳи коркарди мева ашёи хом аз ҳудуди ноҳияи Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастрас карда шуда, коркард ва банду баст карда мешавад. Дар коргоҳи нав меваи хушк ва дигар маҳсулот бастабандӣ гардида, дар шакли тайёр барои содирот омода мегардад.[1]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ифтитоҳи Маркази агрологистикии ҶДММ “Восток-1”-и ноҳияи Вахш(тоҷ.). www.prezident.tj (15 Декабри 2023). 24 Декабри 2023 санҷида шуд.