Марминҷон
Марминҷон | ||||||
---|---|---|---|---|---|---|
| ||||||
Табақабандии илмӣ | ||||||
ХАТО: шаблони орояшинохтӣ нест, который должен описывать систематическое положение таксона Rubus.
|
||||||
Номи байнулмилалии илмӣ | ||||||
Rubus subgen. Rubus | ||||||
Мутародифот | ||||||
|
||||||
Номенклатурный тип | ||||||
Rubus fruticosus L., 1753, typ. cons., nom. conf. |
||||||
Таксонҳои хоҳар | ||||||
|
||||||
|
Марминҷон, мармиҷон (лот. Rubus) — буттаест хазонрез, баъзан ҳамешасабз.
Тавсифоти ботаникӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Марминҷон пояю шохи серхор, барги сербаргчаи мураккаб, себарга ё панҷашакли думчааш дароз, гули дуҷинса, баъзан якҷинсаи сафед, сурх, гулобӣ ва «ғуҷуммева» дорад.
Паҳншавӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Тоҷикистон 2 намуди худрӯйи он (Rubus caesius, R. turkestanica) месабзад. Асосан аз доманаи кӯҳ то баландкӯҳҳо, дар соҳили дарё, канал, чашмасор, замини партов, боғу киштзор ва ғайра (дар баландии 600 – 3000 м аз сатҳи баҳр) мерӯяд.
Хосияти шифоӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Марминҷон чун мева ва дорувор ҳанӯз дар садаи I то милод маълум буд. Бо мақсади табобат мева, барг ва решаи марминҷон кор фармуда мешавад. Меваи онро баъди пухта расидан, баргашро дар вақти гулшукуфт ва решаашро тирамоҳ меғундоранд. Аз меваи он нӯшокиҳои гуногун (май, компот ва ғайра), мураббо, ҷем, мармелад ва ғайра тайёр мекунанд; барои тархӯрӣ низ истифода мешавад. Дар тибби халқӣ меваи онро давои иллати узвҳои ҳозима, илтиҳоби шуш ва давои хунбанд медонанд. Барги марминҷонро бихоянд решҳои милки дандон, сустии милк, пухтан ва бадбӯии даҳан ва ҷароҳатҳои нави онро шифо мебахшад. Хоидани меваи пухтаи он низ чунин таъсир дорад. Оби барг ва пояи тару тозаи онро бо андак шилми бодом даромехта биёшоманд, меъдаро қувват мебахшад, қай кардани хунро манъ мекунад, исҳолро мебандад. Решаашро кӯфта чун талқон бо об бихӯранд, санги гурдаро майда карда мерезонад. Бо ин мақсад як қошуқ (10 – 20 г) барги хушк ё решаи майдакардаи онро ба як истакон (200 г) оби гарм андохта, дар оташи паст 15 – 30 дақиқа меҷӯшонанд; рӯзе 3 – 4 маротиба 1 – 2 чумчагӣ пеш аз хӯрок ошомидан лозиМарминҷон Оби меваи марминҷонро дар офтоб ғафс гардонида бимоланд, решҳои тарро хушк мекунад, равон шудани римро бозмедорад. Табибони халқӣ марминҷончойро барои табобати гастрит, реши меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, энтероколити музмин, бемориҳои ҷигар, холесистит, систит, пиелит, грипп, ангина, пневмония, стоматит, домана ва ғайра тавсия медиҳанд. Истеъмоли он хоса барои кӯдакон нафъи бисёр дорад. Дар тибби муосир меваи хушки марминҷон ҳамчун давои арақрон, тақвиятбахши кори рӯдаҳо ва исҳоловар тавсия мешавад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ковалёва Н. Г., Лечение растениями, М., 1972;
- Турова А. Д., Лекарственные растения СССР и их применение, марминҷон, 1974;
- Гаммерман А. Ф., Гром И. И., Дикорастущие лекарственные растения СССР, М., 1976;
- Ходжиматов М., Дикорастущие лекарственные растения Таджикистана, Д., 1989;
- Нуралиев Ю. Лекарственные растения, Д., 1988;
- Зоҳидов Ҳ., Канзи шифо, Д., 1998.