Jump to content

Масеҳои Бойсунӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Масеҳои Бойсунӣ

Масеҳои Бойсунӣ (қарни 19) — шоир ва хушнависи форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Мирзо Масеҳои Бойсунӣ дар XIX дар деҳистони Назарии кӯҳистони Бойсун дар хонаводаи марде бо номи Мулло Мунтаҳои Бойсунӣ, ки низ аз мардони соҳибмаърифат ва донишманди замони худ буд, ба дунё омадааст[1]. Мирзо Масеҳо таҳсилоти аввалияро дар ҳузури падараш ва мактаби ибтидоии деҳаи Назарӣ фаро гирифт ва пас аз он дар авони навҷавонӣ озими шаҳри Бухоро шуд ва аввал дар мадрасаҳои миёна, пас аз он дар мадрасаҳои олияи Бухоро чун Мадрасаи Мири Араб, ба таҳсили улум пардохт. Дар тӯли беш аз бист соле, ки дар Бухоро буд, дар ҳузури устодони барҷастаи фиқҳ, калом (ақойид), сарфу наҳви арабӣ, адабиёти араб, адабиёти форсии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ таълим гирифт. Ҳамчунон, дар маҳфилҳо ва сӯҳбатҳои шоирону фозилон ва хушнависону ҳунармандони маъруфи он даврон ширкат намуд. Чун аз навҷавонӣ истеъдоди баланди шоирӣ дошт, ба шеърсароӣ идома дод ва дар Бухоро радифи шоирони номдори замони худ қарор гирифт. Дар ҳунари хушнависӣ низ маҳорати тамом пайдо кард.

Дар «Фирдавсу-л-иқбол»-яке аз манобеъи муҳими торихии асри XIX дар бораи Мирзо Масеҳои Бухории шоир ва хаттот, ки аз аморати Бухоро ба Хива рафта ва як муддат дар муҳити адабии он ҷо таъсиргузор буда ва ба шоирони барҷастаи хонигарии Хива — Огаҳӣ, Мунис, Комил ва Холис ҳаққи устодӣ пайдо кардааст, сухан меравад. Ба эҳтимоли қавӣ, ин ҳамон Мирзо Масеҳои Бойсунист, ки солҳои тӯлонӣ дар Бухоро зиндагӣ карда ва ба бухороӣ маъруф шудааст. Дигар ин ки ҳар ду ин шахс, айнан дар як замон ба сар бурда ва қобилиятҳои ҳар дуи онҳо ба ҳам бисёр монанд аст: шоирӣ, хаттотӣ, мирзоӣ (муншигӣ). Мирзо Масеҳо дар баъзе аз маворид бо номи «Қозӣ Масеҳо Бойсунӣ», дар баъзе мавридҳо бо номи «Мулло Масеҳо» ёд мешавад[2]. Аз ҷумла, дар яке аз нусхаҳои дастнависи маснави(достон)-и «Раъно ва Зебо»-и Мирзо Масеҳо ному насаби ӯ ба шакли «Қозӣ Масеҳо бин Қозӣ Мунтаҳои Бойсунӣ» оварда шудааст[3]. Он чи ки аз зиндагонии Мирзо Масеҳо маълум аст, бештар ҳамин аст, ки вай пас таҳсили улум ва чанд соли фаъолият дар шаҳри Бухоро (ва ба эҳтимоли қавӣ дар Хива ҳам), ба дараҷаи муфтигӣ расида ва дар дарбори амир низ обрӯю манзалати хоссе доштааст.

  • Бойсунӣ, Мирзо Масеҳо. Достони «Раъно ва Зебо». — Т.: «TAFAKKUR», 2020[4].
  1. Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ. Мирзо Масеҳои Бойсунӣ ва мероси манзуми ӯ.
  2. Бойсунӣ, Мирзо Масеҳо. Достони «Раъно ва Зебо».
  3. Ганҷинаи нусхаҳои хаттии Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии АУ Ӯзбекистон, дастнависи №2189.
  4. Мирзо Масеҳои Бойсунй. Достони "Раъно ва Зебо"(рус.). kitobxon.com. 11 ноябри 2024 санҷида шуд.